ЧОРАБИНИҲОИ 10 АВГУСТ
- Ҳар рӯзи истироҳат, соати 19:30 имкон ҳаст, ки бо автобуси дуошёнаи болояш кушода сайри дусоатаи шаҳр кунед. Шуморо шоми фаромӯшнашаванда интизор аст: мусиқии зинда дар роҳ, далелҳои ҷолиб дар бораи Душанбе, тӯҳфаҳои сабук ва табъи болида.
Ҷойи вохӯрӣ: муҷассамаи Исмоили Сомонӣ. Нархи чипта: 75 сомонӣ (тахфиф барои кӯдакон).
- Имрӯз дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола ба анҷом мерасад. Он 6-уми август оғоз гардида буд. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола 33 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар як гурӯҳ панҷ даста ва дар ҳафт гурӯҳи даигар чаҳор дастаӣ ҷой гирифтааст. Дастҳои зинаи аввали гурӯҳҳо ва се тими беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
- Имрӯз охирон рӯзи ҳафтаи “Ҳаводорони илми афлок” дар Хуҷанд аст. Намоиш дар осмони кушоди боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ доир шуда, cокинону меҳмонон метавонанд соатҳои 21:00 ва 22:00 бо истифода аз телескоп, Моҳ, Сатурн ва ситораҳои дурахшонро мушоҳида карда, кайҳонро тамошо кунанд.
Ҳаводорони илми афлок, меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд метавонанд дар охирин рӯзи ин ҳафта ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омада, намоиши барномаҳоро ройгон тамошо намоянд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 АВГУСТ
Соли 1934 – Дар шаҳри Душанбе Спартакиадаи якуми варзишии ҶШС Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамасола ин сана дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил мешавад.
Соли 1956 – Шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон) таъсис ёфтааст.
Соли 1990 – Ҳизби демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2001– Раҳмон Сангинов (Раҳмон Гитлер), фармондеҳи гурӯҳи ошӯбгар дар Деҳбаланди наздикии Теппаи Самарқандӣ, 13-километрии пойтахти кишвар дар натиҷаи як задухӯрд кушта шуд.
Соли 2008 – Расул Боқиев, ҷудокори тоҷик дар Олимпиадаи Пекин аввалин медали олимпии Тоҷикистонро ба даст овард.
Соли 2009 – Ширкати муштараки тоҷикӣ-швейтсарии “Somon Oil” барои истихроҷи кони нафт дар шимолу ғарби Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.
Соли 2011 – Дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2011 – Дар Бохтар бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.
Соли 2019 – Меъёри боҷҳои суғуртавӣ барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кам карда шуд. Ӯзбекистон истифодаи роҳҳои автомобили Тоҷикистонро барои интиқоли бор ба Чин оғоз кард.
Соли 2024 - Миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми бидуни раводид оғоз шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Ланге Вениамин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1930 – Зодрӯзи Абдуқодир Маниёзов, олим ва адабиётшиноси тоҷик.
Соли 1940 – Зодрӯзи Фарҳод Зикриёев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1945 – Мавлуди Сайдулло Хайруллоев, собиқ муовини сарвазир ва собиқ раиси Маҷлиси намояндагон.

Сайдулло Хайруллоев солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ хизмат карда, то ба мансаби раиси парлумон ва муовини сарвазир расидааст. Ҳамчунин солҳо роҳбарии чанд шаҳру навоҳии кишварро ба зимма дошт.
Ӯ хатмкардаи факултети гидромелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буда, солҳо дар ин соҳа дар навоҳии Ғарму Лахш фаъолият кардааст.
Баъди хатми мактаби олии ҳизбии Тошканд фаъолияти роҳбарии ӯ оғоз гардид. Ӯ аввал дар Ғарм дар Кумитаи ҳизбӣ кор карда, сипас котиби Кумитаи Ҳизби коммунистӣ дар Хатлон ва раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Қӯрғонтеппа буд.
Мавсуф солҳои 1991-1992 муовини сарвазири Тоҷикистон буда, ду соли минбаъда ҳамчун вазири ҳифзи табиат ва муҳити зист фаъолият кард.
Баъдан раиси ноҳияи Ғарм, раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозӣ буд.
Соли 2000 раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, ду даҳсола дар ин маснад буд.
Соли 1959 – Зодрӯзи Аъзам Худойдодов, адабиётшиноси тоҷик, собиқ декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва муовини ректори донишгоҳи мазкур.
Соли 1960 – Мавлуди Ҳамза Камол, олим, муаррихи шинохтаи тоҷик.
Соли 1963 – Мавлуди Насрулло Убайдулло, муаррихи тоҷик, директори пешини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ.

Насрулло Убайдулло фориғуттаҳсили факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ буда, фаъолияти худро ҳамчун муаллими таърих дар мактаби миёна оғоз кард. Баъдан ба факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ба кор омада, як муддат чун муовини декан кор кард.
Солҳои 1998–2007 дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор кард.
Ӯ солҳои 2008-2015 декани факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва солҳои 2017-2019 муовини ректори ин донишгоҳ буд.
Ӯ соли 2019 директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳо таъин шуда, то соли 2024 дар ин вазифа кор кард.
Ӯ ҳамчунин, сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Муаррих”, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Мероси ниёгон”, “Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ” ва раиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ аст.
Соли 1967 – Зодрӯзи Амонуллоҳ Хайруллоҳ, вакили пешини парлумони Тоҷикистон.

Амонуллоҳ Хайруллоҳ хатмкардаи Донишкадаи аграрии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро ҳамчун челонгари колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор оғоз кардааст.
Баъдан солҳо дар заводи арматурбарории ноҳияи Орҷоникидзе (ҳоло Ваҳдат) кор карда, солҳои 2000-2006 директори ин корхона буд. Сипас солҳо дар Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Тоҷикистон кор кард.
Солҳои 2010-2014 муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 муовини раиси вилояти Суғд буд.
Соли 2015 раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардида, то соли 2019 дар ин маснад буд. Баъдан вакили парлумон интихоб гардид ва давоми 5 сол намояндаи халқ буд.
Соли 1973 – Мавлуди Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи вақти “Рӯзи нав”.

Раҷаб Мирзо яке аз рӯзноманигорони саршиноси тоҷик дониста мешавад. Ӯ фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро соли 1997 дар нашрияи “Сурӯш” оғоз намуда, баъдан дар нашрияҳои “Восточный экспресс”, “Ҷумҳурият” фаъолият кард. Ӯ солҳои 2002-2003 директори Маркази хабарии “Чархи гардун” буд. Баъдан муддате дар нашрияи “Нерӯи сухан” кор кардааст.
Раҷаб Мирзо муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст, ки каме бештар аз як сол, аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004 ба нашр расид. Баъди “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо муддате сармуҳаррири радиои “Имрӯз” ва соли 2010 сардабири рўзномаи “Имрӯз-news” буд. Баъдан муддате дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс гуфтааст.
Мавсуф соли 2011 Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб”-ро таъсис дода, роҳбари он буд. Имрӯз ҳамчун журналисти озод фаъолият мекунад.
Соли 1995 – Зодрӯзи Некруз Алимаҳмадов, варзишгар, футзалбози тими миллии Тоҷикистон.
Соли 2022 – Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя), шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад, дар синни 94 даргузашт.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ шоири барҷаста ва пажӯҳишгари адабӣ, бунёдгузори Анҷумани адибони Эрон дар нахустин дафтари шеъри худ – “Нахустин нағмаҳо” бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ- “Сароб” тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст.
Соя дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт. Ӯ дар байни шоирону нависандагони Тоҷикистон низ аз эҳтироми зиёд бархурдор буд ва чанд шоири саршиноси кишвар, ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор дар солҳои гуногун барои ӯ шеърҳо бахшидаанд.
“Лаби хомӯш” шеъри маъруфест аз Соя, ки мардуми Тоҷикистон онро бо садои ҳунармандони маҳбуб Аҳмад Зоҳир ва Зафар Нозим шунидаанду хоҳанд шунид.
Соя 10 августи соли 2022 дар синни 94-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
10-уми августи соли 1793 яке аз бузургтарин осорхонаҳои ҳунарии ҷаҳон – Лувр дарҳои худро ба рӯйи мардум боз кард. Қалъаи Лувр соли 1190 дар давраи подшоҳи Филипп Август дар соҳили рости дарёи Сена барои муҳофизати Париж аз ғарб бунёд ёфта буд. Дар асри XVI Карл V онро бозсозӣ намуда, ба қасри истиқоматӣ табдил дод.

Тағйироти асосӣ соли 1546 дар замони Франсиск I сурат гирифт, ки қисми зиёди қаср вайрон ва аз нав сохта шуд. Аз он вақт Лувр ба қароргоҳи подшоҳӣ табдил ёфт. Пер Леско ном муҳандис ва Жан Гужон, ҳайкалтарош ба Лувр симое доданд, ки бо вуҷуди тағйироти минбаъда то имрӯз ҳифз шудааст.
Ҳамасола 10-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии биодизел таҷлил мешавад. Ин ҷашни ғайрирасмӣ ба хотири нахустин истифодаи сӯзишвории тоза ва экологии биодизел таъсис ёфтааст. 10-уми августи соли 1893 муҳаррик бо сӯзишворие, ки асосаш равғани чормағз буд, бори аввал ба кор даромад.

Ҳадафи ин рӯз паҳн кардани иттилоот дар бораи афзалиятҳои сӯзишвории биодизел мебошад.
10-уми августи соли 1500 ҷазираи Мадагаскар кашф шудааст. Дар ин рӯз киштии Диегу Диаш ном маллоҳи португалӣ, ки бо флоти Кабрал ба Ҳиндустон мерафт, дар натиҷаи тӯфон аз роҳ берун шуд ва ба ҷазираи Мадагаскар расид.

Аввал ӯ гумон кард, ки ин соҳили Африка аст, аммо баъдан фаҳмид, ки ин замини нав – яке аз бузургтарин ҷазираҳои ҷаҳон мебошад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи “шамоли форам” таҷлил мегардад. Он ҷашни ғайрирасмӣ буда, ин рӯзро саёҳатчиён, маллоҳон, соҳибони қаиқҳои бодбонӣ ва дӯстдорони саёҳати баҳрӣ ҷашн мегиранд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, рӯзона 32+37º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 31+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.




Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста