Дирӯз, 11-уми сентябр, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг калиди 10 хонаи истиқоматиро ба оилаҳои камбизоат ва бесаробон супоридааст.
Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, ин хонаҳо дар деҳаи Айлодараи ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо ёрии молии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд гардидааст.
“Хонаҳо ба оилаҳое тақдим шудаанд, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити душвори иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Манбаъ афзуд, ҳар як хона аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, ҳар кадом бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Хонаҳо бо таҷҳизоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, шароити муносибро барои зиндагии арзанда фароҳам меоранд.
Ба қавли сухангӯи раиси вилоят, Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур додааст, ки минбаъд низ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, махсусан таъмин кардани оилаҳои осебпазир бо манзили зист тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамасола ба Тоҷикистон дар бунёди хонаҳо, сохтмони роҳҳо ва дигар корҳои хайриявӣ ёрӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки АМА тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” ҳоло барои 25 оилаи эҳтиёҷманди ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент хонаҳои дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд карда истодааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста