ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 ОКТЯБР
Соли 1932 – Комбинати абрешими Душанбе ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2002 – Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмиллалии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.
Соли 2010 – Дар ноҳияи Рашт чархболи Ми-8-и Гвардияи миллии Тоҷикистон суқут кард, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2016 – Додгоҳи шаҳри Душанбе вакилони дифоъ – Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” айбдор шуданд, аммо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҳама иттиҳоми ворида алайҳи худро рад карданд.

ШАХСИЯТҲО
Соли 1960 – Мавлуди Саидилҳом Аҳмадов, пизишк, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1961 – Зодрӯзи Оқил Ҳамидов, наворбардор ва коргардони тоҷик.
Соли 1973 – Мавлуди Фирӯза Шарифӣ, вакили пешини парлумон ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон.
Соли 1951 – Мавлуди Муродбек Насриддинов, сароянда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Муродбек Насриддинов аз устодони мумтози санъати тоҷик буда, бо иҷрои таронаҳои суннатӣ ва гуногунрангу гуногунжанр дили ҳазорон ҳаводоронро тасхир намудааст.
Ӯ аз кӯдакӣ ба санъат рағбат дошт, аммо баъди хатми мактаби миёна се сол дар зодгоҳаш Мастчоҳ муаллимӣ кард ва сипас дар риштаи табиатшиносӣ таҳсили олӣ гирифт. Ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок намуда, сурудхонӣ мекард. Соли 1974 дар фестивал-озмуни “Бӯстон” ғолиб гардида, роҳаш ба ҷодаи санъат боз гардид. Соли 1976 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омада, 38 сол дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият кард.
Овозхон то имрӯз беш аз 100 оҳанг офарида, сурудзои фолклорӣ як паҳлуи мушими эҷодӣ ӯ аст. Сурудҳои “Эй шоҳиди қудсӣ”, “Сайри гулшан”, “Шӯхи қаламқош” ва “Дӯстонро гум макун”, “Мезанад борон ба шиша”, рубоиёти халқии саргаҳи Зарафшон хеле самимона суруда шудаанд.
Соли 2011 – Сафаралӣ Раҷабов, собиқ раиси парлумони Тоҷикистон ва вазири маорифи пешини кишвар дар синни 56 даргузашт.

Сафаралӣ Раҷабов 2-юми сентябри соли 1955 зода шуда, факултаи индустриалӣ-омӯзгории Институти давлатии педагогии Душанбе ва факултаи механиконии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти ӯ аз муаллимӣ оғоз шуда, баъдтар мудири Клуби варзиши техникии ДОСААФ, директори Комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии ноҳия ва директори Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24 ноҳияи Файзобод будааст.
Ӯ аз соли 1990 вакил буда, ҳамчун котиб, ҷонишини раис ва раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият кардааст.
Сафаралӣ Раҷабов соли 1995 раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2000 дар ин маснад буд. Баъдан ба мансаби вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуда, панҷ сол заҳмат кашид. Аз моҳи марти соли 2005 то охири умр раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон буд ва соли 2011 дар синни 56 аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 6-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зисти ҳайвонот ва наботот таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа барои зарурати муҳофизати табиат ва маконҳои зисти ҷонварон ва растаниҳои рӯи Замин таъсис дода шудааст.

Имрӯз дар сайёра қариб ҷойе боқӣ намондааст, ки таъсири инсон нарасида бошад. Беэҳтиётии инсон дар истифодаи захираҳои табиӣ ва вайрон кардани тавозуни муҳити зист боис гардидааст, ки садҳо навъи ҳайвонот ва растаниҳо аз байн раванд. Ба иттилои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN), танҳо дар 500 соли охир 844 намуди наботот ва ҳайвонот пурра нобуд шудаанд.
6-уми октябри соли 1948 дар шаҳри Ишқобод зилзилаи даҳшатборе бо шиддати 10 балл рух дод. Ин зилзила қариб тамоми шаҳрро ба хок яксон кард ва дар таърихи Туркманистон ҳамчун фоҷиабортарин ҳодисаи табиӣ сабт шудааст.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин фоҷиа 25–30 ҳазор тан ҷони худро аз даст доданд. Аммо таҳқиқоти муосир нишон медиҳад, ки шумораи воқеии қурбониён беш аз 160 ҳазор нафар будааст.
ЮНЕСКО ин зилзиларо яке аз бузургтарин офатҳои табиӣ дар асри ХХ эътироф кардааст. Аз соли 1995 инҷониб 6-уми октябр дар Туркманистон ҳамчун рӯзи ёдбуди қурбониёни зилзила қайд мешавад.
6-уми октябри соли 1927 оғози марҳилаи синамои садодор дониста мешавад. Дар ин рӯз нахустин филми садодор бо номи “Сарояндаи ҷаз” (The Jazz Singer) рӯнамоӣ шуд. Ин филм оғози давраи нави таърихи синамо гардид ва ба таҳиякунандагони он 3,5 миллион доллар фоида овард.

То он замон ҳамаи филмҳо бидуни садо буданд ва мусиқӣ танҳо тавассути пианино ё оркестри зинда иҷро мешуд. Соли 1925 се ширкати амрикоӣ – Warner Bros, Western Electric ва Vitaphone Corp барои рушди синамои садодор нерӯҳои худро муттаҳид карданд. Натиҷаи ин ҳамкорӣ филми машҳури “Сарояндаи ҷаз” гардид.
6-уми октябри соли 2010 рӯзи пайдоиши Instagram аст. Дар ин рӯз барномаи маъруфи иҷтимоии Instagram дар мағозаи барномаҳои App Store дастрас шуд.
Ин барнома аз ҷониби ду донишҷӯи ҷавон – Кевин Систром ва Майкл Кригер дар шаҳри Сан-Франсиско таҳия гардида буд. Онҳо аввал лоиҳаи худро бо номи Burbn оғоз карданд, вале баъдан онро ба шабакаи мубодилаи аксҳо ва видеоҳо табдил доданд.
Соли 2012 версияи Android-и он нашр шуд ва дар як шабонарӯз зиёда аз 1 миллион боргирӣ гардид. 9-уми апрели ҳамон сол ширкати Facebook ин барномаро бо арзиши 1 миллиард доллар харид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияи Ш.Шоҳин тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º хунук, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 17+19º гарм.




Сарфаи барқ дар рӯзгор. Чӣ гуна метавон кам пул харҷ кард?
Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст
“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 ноябри соли 2025
Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста