Парвиз Одинаев, ки ба азият ва куштори Хусрав Одинаев, писари 15-солааш гумонбар аст, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки “писарашро дӯст медошт ва танҳо барои тарбия кардан ӯро ҷазо додааст”.
Файзиддин Одинаев, бародари Парвиз Одинаев, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ҳол 6 мурофиаи бародараш дар Додгоҳи олӣ баргузор шудааст ва додрас 18 шоҳид, аз ҷумла пайвандони гумонбар, роҳбари синфу омӯзгорони Хусрав ва ҳамсояҳоро пурсидааст. Ба нақли номбурда, шоҳидон нисбати Парвиз Одинаев нишондоди мусбат дода, ӯро таъриф кардаанд.
Бародари гумонбар гуфт, Парвиз Одинаев дар мурофиа аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ карда илова кард, ки “ба қасди куштор писарамро азият накардаам”.
“Ӯ гуфт, рӯзи ҳодиса бехобу нигарон ва асабӣ буд, дар сари ғазаб ин корро кард, аммо фикр намекард ба марги писараш хатм мешавад. Нақл кард, ки Хусрав шаш моҳи охир беадаб шуда буд ва ба насиҳати ӯ гӯш намекард. Аз дарс мегурехтааст, “сигор”-у “калян” кашида, ҳатто чанд бор арақ низ нӯшидааст. Ҳамаи ин бародарамро асабӣ кардаанд ва то ба ин ҳад омада расидааст”,-нақл кард бародари Парвиз Одинаев.
Гумонбар дар идома гуфтааст, ки “ду рӯз пеш аз ин ҳодиса вақте ба хона баргаштам писарам дар хона набуд, модараш гуфт, баъди хӯроки нисфирӯзӣ аз ӯ хабаре нест”.

“Ба нақли модараш Хусрав пеш аз он ки аз хона барояд, аз кисаи ӯ (Парвиз Одинаев дар назар аст, аз идора) 20 сомонӣ гирифтааст. Ду холаи ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, вақте бародарам хона меояду аз асли воқеа огоҳ мешавад, ҳама ҷоро ҷустуҷӯ мекунад ба онҳо занг мезанад. Шаб то рӯз аз Хусрав хабаре пайдо намекунанд. Субҳ холааш занг мезанаду мегӯяд, ки ҳамин ҳоло ӯ ба хонааш омадааст. Бародарам телефонӣ ба Хусрав мегӯяд, натарсад ӯро ҷанг намекунад ба хона баргардад дар як дӯкон барояш кор ёфтааст. Ӯ розӣ мешавад, аммо баъди чанд соат занг зада мегӯяд, ки намехоҳам ба хона баргардам”, - гуфт Файзиддин Одинаев.
Парвиз Одинаев гуфтааст, ки “баъди ин асабӣ шудам ва мошинамро дар шаҳр Турсунзода гузошта бо таксӣ ба Душанбе рафтаму Хусравро гирифта баргаштам”.
“Ӯ нақл кард, ки дар роҳ қаҳру ғазабам паст шуд, ягон гапи пасту баланд нагуфтам, танҳо гиряам омаду гуфтам, ки чаро маро инқадар ғам медиҳӣ. Бародарам гуфт, худро идора карда натавонистааст ва мошинашро кофтааст, ки ягон чӣ ёфта ба почаҳояш занад. Мошинро кофтам ягон чиз наёфтам, баъд симеро, ки барои заряд мондани аккумлятор аст, ба почаҳояш бастаму 53 метр бо мошин кашидам. Баъди ин Хусрав гуфтааст, ки товба кардааст ва дигар ин корҳоро такрор намекунад”, - нақл кард бародари гумонбар.
Файзиддин Одинаев мегӯяд, ки ба гуфтаи бародараш вазъи саломатии Хусрав баъди ҷазо гирифтан хуб будааст ва баъди се соат дар хона ҳолаташ вахим шудааст.
“Парвиз нақл кард, ки Хурав то се соат хуб буд ва баъдан эҳсос карданд, ки беҳол шуда истодааст. Баъд пешниҳод кардааст, ки ягон малҳам (маз) оварда, дар пайи ҷароҳаташ бимоланд. Ҳамсараш гуфтааст, ки равғани зоғути хом беҳтар аст ва ӯ ин равғанро аз почааш то пушту дасти писараш молидааст. Нақл кард, ки вақте хостам сарашро бардорам, устухони пушти сараш шикаста буд ва ангуштони дастам ба мулоимии сараш даромад. Ӯ гуфт, ки ҳамин вақт фаҳмидам, ки сараш осеб дидааст, духтури ҳамсояро овардаанд, аммо ӯ гуфт, ки аллакай дер шуд ва даҳ дақиқа пас Хусрав ҷон дод”,- нақл кард Файзиддин Одинаев, бародари гумонбар.
Парвиз Одинаев гуфтааст, ки “фикр намекардам осеби ҷиддӣ бардошта бошад ба ҳамин хотир беморхона набурда, хона бурдам”. Ӯ гуфтааст, ки ҳодисаро бо мақсади минбаъд тарсонидани фарзандаш ба навор гирифтааст.

“Ӯ нақл кард, ки вақте ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд, худаш наворро ба кормандони милитсия нишон дода гуфтааст, ки ба қасди куштор ин корро накардааст. Наворро кормандони милитсияи шаҳри Турсунзода дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд. Ҷасади Хусравро ман соати 1-и шаб аз хонаашон рафта ба ноҳияи Темурмалик овардам. Рӯзи баъдаш модарашро баъди бозпурсӣ ҷавоб доданд, ӯ дар ҷаноза ширкат кард, аммо бародарам иштирок надошт”,-нақл кард бародари гумонбар.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути маноби дигар ғайриимкон аст.
Мақомот гуфтанд, ки нисбати Парвиз Одинаев бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ё моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба гумонбар дар асоси ин модда аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Аммо Файзиддин Одинаев, ки дар мурофиаҳои гумонбар ширкат кардааст иддао дорад, ки алайҳи Парвиз Одинаев бо моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 117 (Азобу уқубат)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шудааст.
Дар асоси иттиҳоми аввал ба гумонбар аз 8 то 15 соли зиндон ва иттиҳоми дуюм то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт куштори писар аз дасти падар ва паҳн шудани аксу наворҳо аз ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард.
ВКД дар пайи наишир навори шиканҷаи кӯдак бо нашри иттилое гуфт, рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст. Дертар ин наврас дар хона даргузашт.
Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти пештар пайдо кунед.






“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
“Якбора рушд душвор аст, ғамхории доимиро металабад”. Барномаи рушди театр чиро тағйир дод?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 ноябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста