ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Имрӯз дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2025” ба итмом мерасад. Ин чорабинӣ дар Маркази “ЭКСПО”-и Душанбе гузашта, дар он ширкатҳои Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Русия маҳсулоту хидматрасониашонро муаррифӣ мекунанд.


Сокинон имкон доранд, аз соати 10:00 то 17:00 молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ кунанд. Даромад ба чорабинӣ озод аст.

– Дар Боғи Куруши кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.


- Имрӯз, аз соати 10:00 то 17:00 дар толори маркази савдои “Dushanbe Mall” (Ашан , ки дар толори бо иштироки беҳтарин ҳунармандони шаҳр намоишгоҳ ва ярмарка баргузор мешавад. Дар ин ҷо шумо ҷавоҳироти аз сангҳои табиӣ сохташуда, матоъҳои атлас ва адрас ва бисёр чизҳои дигарро хоҳед ёфт. Вуруд ройгон аст.

- Имрӯз, соати 14:00 дар саҳнаи Театри давлатии драмавии ба номи Маяковский намоишномаи Хуршед Мустафоев бо номи "Зиёфат дар замони вабо", ки бар асоси асари ҳамноми Александр Пушкин омода шудааст, ба намоиш дода мешавад.

Хатти сюжа, достони замонҳои торики ваборо нақл мекунад, ки аз он роҳи гурез набуд. Беморӣ тамоми шаҳрҳоро хароб кард, аммо баъзе одамон барои осон кардани зиндагӣ зиёфат ва шодмонӣ карданро афзалтар медонистанд. Дар айни замон, ҳама мефаҳмиданд, ки бемории марговар онҳоро низ интизор аст. Нархи чипта: 35 сомонӣ. Чиптаҳоро дар хазинаи театр ва дар сомонаи ticketon.tj дастрас кардан мумкин аст.


 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Комбинати абрешимбофии Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба кор оғоз кард.

Соли 1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.

Соли 1946 – Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба оҳанги Сулаймон Юдаков ва ба матни Абулқосим Лоҳутӣ тасдиқ шуд. Он бори аввал дар радиои ҷумҳуриявӣ пахш шуд.

Соли 1972 – Аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” ба кор даромад.


Соли 1998 – Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2006 – Қонун “Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Соли 2006 – Дар Душанбе Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ расман кушода шуд.

Соли 2018 – Дар Душанбе нахустин машварати сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Италия доир гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1938 – Мавлуди Кабут Вазиров, муҳандис, геологи тоҷик.

Соли 1939 – Мавлуди Гулрафтор Шаҳобова, овозхони тоҷик.

Гулрафтор Шаҳобова

Гулрафтор Шаҳобова аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони дав­ронаш маҳсуб меёфт. Ӯ фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.

Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ таронаҳои зиёде аз қабили “Қади раъно”, “Духтари деҳқон”, “Тоҷикистон”, “Рубоиёти халқӣ”, “Сол”, “Моҳи ман”, “Хабар меояд” сурудааст.

Номбурда моҳи августи соли 2018 даргузашт.

Соли 1947 - Зодрӯзи Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Бароти Абдураҳмон

Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Дониш­гоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан устоди Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, сармуҳаррири барномаҳои адабию драмавии телевизиони тоҷик, муҳаррири калони илмии сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик, муовини сармуҳаррири моҳномаи “Илм ва ҳаёт”, мушовири калон ва мудири Маркази таҳлил ва ёвари президенти Тоҷикистон будааст.

Аз ноябри соли 2012, мудири редаксияи бачагон ва наврасони Энсклипедияи милли тоҷик мебошад.

Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Шабҳои маҳтобӣ» (1986), қиссаҳои «Кимиёкаҳ» (1984) ва «Давлати сарам, модарам» (1988), китоби қиссаву ҳикояҳои «Розҳои шабҳангом» (1990), романи «Дунёи сабзи ишқ» (2002), силсилақиссаи «Ҳафт мӯъҷизаи олам» (1995), силсилароманҳои «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» (2013) аст.

Ҳамчунин, сенарияи филмҳои ҳуҷҷатии «Тифли домони туям, модар!» (1959), «Мӯъҷизаи ҳаштуми олам» (2001), филми сегонаи ҳуҷҷатии «Васвасаҳои хунафшон» (2003-2006), кинороманҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» (2005), «Рухшона» (2006), «Куруш ва Томирис» (2009), филмҳои бадеии «Алвидоъ, ишқ» (2007), «Метис» (2000), «Фариштаҳои бадманиш» (2010) ва силсилаи драмаҳои таърихӣ мутааллиқи хомаи ӯстанд.

Бештар аз 100 эссе ва очерку мақолаи публитсистияш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2004), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2017).

Соли 1948 – Зодрӯзи Холмаҳмад Маҷидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Холмаҳмад Маҷидов

Холаҳмад Маҷидов сархормейcтери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Ӯ омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм карда, солҳои 1972-75 директори мактаби мусиқии ноҳияи Москваи вилояти Хатлон, солҳои 1975 хормейстер ва аз соли 1981 сархормейстри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Маҷидов донандаи хуби мусиқӣ, навозандаи якчанд созҳои гуногуни мусиқист.

Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ зиёда аз 100 опера ва намоишномаро барои атфолу наврасон ба саҳна гузоштааст.

Ӯ 12-уми октябри соли 2023 дар 74 солагӣ даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Ғаюр Ашӯр, нависандаи тоҷик.

Ғаюр Ашӯр

Ғаюр Ашӯр роҳи эҷодияшро аз омӯзишгоҳи фарҳангу маърифат оғоз кардааст. Соли 1968 ба факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шомил шуда, баъди хатм ҳамчун коргардон ва муҳаррир дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуд.

Ӯ дар баробари кори телевизионӣ ба эҷоди саҳначаву намоишномаҳо машғул буда, асари Рамазон Қониевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва саҳнагузорӣ кардааст. Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба драманависӣ рӯ оварда, филмнома ва сенарияҳои ӯ асоси силсилафилми “Пой дар гил” ва филми бадеии “Қиссаи орзуҳои осмонӣ” гардиданд.

Намоишномаҳои машҳури Ашӯр “Гурги нодон”, “Дузди ҳайвондара”, “Дод аз дасти Афандӣ” дар Театри Лоҳутӣ ба саҳна омадаанд. Соли 2010 маҷмӯаи нахустини намоишномаҳои ӯ бо номи “Рӯдакӣ дар Самарқанд” нашр шуд.

Ғаюр Ашӯр 14-уми сентябри соли 2012 даргузашт.

Соли 1953 – Зодрӯзи Муродилло Нуруллоев, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1954 – Мавлуди Фирӯз Умаров, ҳунарпешаи синамо ва театр.

Соли 1958 – Зодрӯзи Саидмурод Фаттоҳзода, вакили феълии парлумон, собиқ муовини Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ

Саидмурод Фаттоҳзода

Ӯ соли 1981 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В. Ломоносовро хатм кардааст. Баъдан, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рӯзнома, сиёсатшинос хатм намуда, ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, ҳоло “Ҷумҳурият” ба кор шурӯъ кардааст.

Солҳои 1991 то 1993 ба ҳайси машваратчии маркази матбуоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби президенти Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 1993—1994 дар вазифаи ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994—2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Саидмурод Фаттоҳзода 26 июли соли 2007 мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шуд. Аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид.

Сипас, муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб шуд ва чанд сол кор кард. Ҳоло раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аст.

Соли 1971 – Мавлуди Субҳони Аъзамзод, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.

Субҳони Аъзамзод

Субҳон Аъзамзод хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДДТ буда, фаъолияти худро ҳамчун омӯзгор дар Исфара оғоз кардааст. Ӯ яке аз таъсисдиҳандагони Маркази илму фарҳанги “Паёми Ҳофиз” буда, аз нимаи солҳои 1990 ба кори илмиву адабӣ ва рӯзноманигорӣ рӯ овард.

Аз соли 1999 то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров фаъолият мекунад ва дар вазифаҳои гуногун, аз муаллим то мудири кафедра ва роҳбари корҳои илмӣ ифои вазифа намудааст.

Самти асосии таҳқиқоти ӯ таърихи адабиётшиносии тоҷик, нақди адабӣ, шинохти осори адибони гузаштаву муосир ва равобити адабии форсизабонон мебошад. Субҳон Аъзамзод муаллифи зиёда аз 500 мақолаю тадқиқот, китобу рисолаҳои илмӣ ва публитсистӣ мебошад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 15-уми ноябр дар даҳҳо кишвари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии коркарди такрории ашё баргузор мешавад. Ин рӯз барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаи партовҳо ва зарурати истифодаи дубораи ашёҳои коркардшуда таъсис ёфтааст.


Имрӯз яке аз  мушкилоти экологӣ нигаронкунанда афзоиши босуръати партовҳои маишӣ ва саноатӣ мебошад. Захираҳои табиие, ки инсоният аз онҳо истифода мебарад, маҳдуданд ва тибқи арзёбиҳо, то имрӯз тақрибан сеяки онҳо аллакай сарф шудаанд. Ба ин далел, истифодаи оқилона, сарфакорона ва коркарди дубораи маводҳо зарурати ҷиддии умумибашарист.

15-уми ноябри соли 1971 як ширкати амрикоӣ аввалин микропротсессори "4004"-ро ба бозор баровард. Ин дастгоҳ аввалин протсессори пурраи ҳисоббарорӣ буд, ки дар як микросхема ҷойгир мешуд.


Микропротсессори "4004" 4-битӣ буда, ба таври ҳайратангез қудрати ҳисобкунии баробар ба компютери "ENIAC"-и соли 1946-ро дошт. "ENIAC", ки яке аз аввалин компютерҳои электронӣ ба шумор меравад, утоқи калонро ишғол мекард ва беш аз 18 000 лампаи вакуумӣ дошт. Дар муқоиса, 4004 аз андозае буд, ки ба нохуни ангушт баробар буд.

Ихтирои он ба рушди технологияҳои компютерӣ такони ҷиддӣ бахшид ва нуқтаи ибтидоии инқилоби рақамӣ гардид.

15-уми ноябри соли 1934 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал барномаи телевизионӣ бо садо пахш гардид. Он 25 дақиқа идома ёфта, аз барномаи консертӣ иборат буд.


Дар ин барнома, сараввал ҳикояи машҳури Антон Чехов бо номи “Бадгуҳар” қироат гардида, сипас овозхон ва ҷуфти раққоса баромад карданд.

Ин пахши таҷрибавӣ таваҷҷуҳи густарда ба телевизионро ба вуҷуд овард. Баъди он садҳо барномаи дигар низ бо садо таҳия шуданд. Ин рӯйдод як қадами муҳим дар рушди расонаҳо ва технологияҳои иртиботӣ ба шумор меравад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона -1+4º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 11+13º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.