ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.
– Имрӯз соати 17:00 дар Театрии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи “Золушка” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта барои вуруд аз 33 то 55 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши “Кулбаи хурдакак” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори ошёнаи аввал намоиши лӯхтакҳо доир мешавад. Арзиши чипта барои вуруд 20 сомонӣ аст.
– Дар Боғи Куруши кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бори аввал соли 2016 ҷашн гирифта шуд. 16-уми ноябри соли 1992 Дар “Қасри арбоб”-и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Он то 2-юми декабр, 16 рӯз идома ёфт. Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои Раҳмон Набиевро аз президентӣ тасдиқ карда, 19-уми ноябр 186 вакил ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва ӯ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон – роҳбари давлат интихоб шуд.

Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон супориш дод, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фавран ба муомилот бароварда шуда, аввали соли 2010 фурӯши онҳо оғоз гардад.
Соли 2018 – Президенти Тоҷикистон агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”-ро ба кор даровард. Барои инъикоси ин рӯйдоди таърихӣ беш 100 хабарнигори хориҷӣ ба кишвар омаданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1937 – Мавлуди Юсуфшо Яқубов, доктори илми таърих, профессор.
Юсуфшоҳ Яқубов яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми бостоншиносии Тоҷикистон буда, яке аз муаллифони нашри навини “Таърихи халқи тоҷик” мебошад.
Солҳои 1989–2011 ӯ мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш буд.
Юсуфшоҳ Яқубов муаллифи монографияи машҳури “Тоҷикон” оид ба этногенез (1994) ва таҳрири навтари он – “Тоҷикшинос” мебошад. Асарҳои бунёдии дигар, аз ҷумла “Дини қадими суғдиён”, “Гоҳномаи Авесто” ва китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” барои мактабҳо аз дастранҷҳои муҳими ӯ ба шумор мераванд.
Профессор Яқубов сарвари экспедитсияҳои зиёде буд. Солҳои 1997–1999 бо ҳамкории муҳаққиқони олмонӣ конҳои қадимаи мис дар водии Зарафшонро омӯхт ва деҳаи асри биринҷиро дар баландии 3200 метр кашф кард. Дар Ҳисораки Мастчоҳ маъбади оташ ва толори бузурги шоҳиро ошкор намуд. Дар маҷмӯъ, дар давоми 56 соли фаъолияташ беш аз 120 ёдгории бостоншиносиро кашфу таҳқиқ кардааст.
Солҳои 2012-2013 ӯ сарвари гурӯҳи бостоншиносони тоҷик дар Миси Айнаки Афғонистон буд ва барои саҳм дар ҳифзи мероси таърихӣ бо медали ЮНЕСКО қадрдонӣ шудааст. Инчунин соли 2012 яке аз муҳимтарин кашфиётҳои илмии ӯ – харобаи шаҳри қадимаи Карон дар Дарвоз сабт шуд.
Соли 1939 – Зодрӯзи Раҳим Масов, муаррихи тоҷик, доктори илми таърих, профессор.

Академик Раҳим Масов аз камтарин рӯшанфикрони тоҷик дар поёни қарни XX ва аввали XXI буд, ки дар қазоват ба ҳаводиси таърихӣ ва сиёсатгузориҳои рӯзгораш бештар аз диди адолати илмӣ, ҷасорати шахсиятӣ ва шаҳомати ахлоқӣ бархӯрд мекард.
Ӯ соли 1961 риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, то поёни умр дар Пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии Академияи улум кор кард. 27 сол, яъне то соли 2015 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ буд.
Соли 1991 китоби “Таърихи табартақсим”-и академик Масов ба нашр расид, ки пушти саҳнаи таърихнигории шӯравӣ, аз ҷумла тақсимоти милливу ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташкили кишварҳое чун Тоҷикистону Ӯзбекистону Қазоқистону Туркманистонро ошкор мекард. Ин асар, ки фарогири асноду мадорики то ин вақт барои доираҳои илмӣ дастнорас буд, ба Масов шӯҳрати зиёде овард ва ӯро барои суханронӣ ба донишгоҳҳои маъруфи кишварҳои Ғарб даъват карданд.
Раҳим Масов 21 июни соли 2018 дар 79-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Пиромуни фаъолияту эҷоди ин донишманди шинохтаи тоҷик дар маводи “Раҳим Масов: душмани таърихсозиҳои дурӯғин” мутолиа кунед.
Соли 1945 – Зуфархон Ҷавҳарӣ, шоир ва нависандаи тоҷик дар 85-солагӣ даргузашт.
Соли 1993 – Одина Ҳошим, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик дар синни 56 аз олам чашм баст.

Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни номвар аст. Мавсуф аз мардумитарин ҳофизоне буд, ки дар синни ҷавонӣ шуҳрат пайдо кард.
Ӯ мактаб ва сабки хоси сурудхонӣ дошт. Ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст ва ғазалиёт, қасоид ва достонҳои назмии шоиронро бо сабки ба худ хос месуруд. Матнҳои сурудаи ӯ вазни баланд ва мазмуни ирфониву инқилобӣ доштанд.
“Гулъизори ман куҷост?”, “Рафтӣ”, “Охир эй сарви хиромон, зи кадомин чаманастӣ?”, “Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро”, “Хиҷил аст сарви бӯстон бар қомати баландаш”, “Куҳандиёро”, “Ало, хамзада кокул”, “Ҷингилак мӯй дорӣ”, “Дилфиребам аз ғамат сабзинае”, “Хирмани гул”, “Моҳи ман”, “Хами зулф”, “Мадоро накунӣ” аз машҳуртарин сурудҳои ӯ мебошад.
Одина Ҳошим соли 1993 дунёро тарк кард ва дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида шудааст.
Дар бораи зиндагинома, эҷодиёт ва сарнавишти Одина Ҳошим дар матлаби мо бо номи “Раҳматулло Ҳошим: Сурудҳои ирфонии Одина Ҳошимро ба Ҳизби коммунисту Кумитаи амният мефиристоданд”, мутолиа кунед.
Соли 1999 – Амирҳайдар Давлатов, ҳунарпешаи театри тоҷик дар 61-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
16-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун посух ба зиёдшавии низоъҳои миллию динӣ ва тафриқаи иҷтимоӣ пазируфта шудааст.

Дар Декларатсияи таҳаммулпазирӣ таъкид мешавад, ки роҳҳои мубориза бо духӯрагӣ ва нотаҳаммулӣ пеш аз ҳама аз маориф оғоз мегарданд. Таълим ба инсон мефаҳмонад, ки ҳуқуқу озодиҳои ҳар як аъзо ва гурӯҳи ҷомеа арзиши умумӣ дошта, эҳтиром ба гуногунӣ яке аз шароити асосии сулҳу суботи иҷтимоӣ мебошад.
16-уми ноябри соли 1945 ЮНЕСКО – Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Ин як созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он таҳкими сулҳу амният тавассути ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг аст.

Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж воқеъ буда, имрӯз 195 давлати узв, 2 кишвари нозир ва 10 узви ассосӣ дорад.
16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо анорексия низ таҷлил мегардад, ки бо номи Рӯзи бидуни парҳез маъруф аст. Анорексия яке аз бемориҳои хатарноки рӯҳӣ мебошад, ки ба худдорӣ аз ғизо оварда, дар ниҳоят ба лоғарии шадид ва ҳатто марг мерасонад. Аввалин тавсифи он аз ҷониби Ричард Мортон, табиби англис дар асри XVII баён шудааст. Дар асри XX ин беморӣ махсусан миёни духтарони ҷавон паҳн шуд ва ба мушкили ҷиддии тиббӣ табдил ёфт.

Омор нишон медиҳад, ки синни асосии гирифторшавӣ аз 18 то 25-сола буда, шумораи гирифторон ҳамасола меафзояд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки 10% гирифторони анорексия бо сабаби оқибатҳои вазнин ҷон медиҳанд.
16-уми ноябри соли 2013 асари Ҷин Шанъи, рассоми маъруфи чинӣ бо номи “Арӯси тоҷик” дар музоядаи ширкати “Сзядэ” ба маблағи қариб 14 миллион доллар фурӯхта шуд. Он гаронтарин асари фурӯхташудаи рассом дар 20 соли таърихи фаъолияти музоядаи мазкур буд.
Ҷин Шанъи яке аз бузургтарин рассомони портретнигории асри муосир дар Чин ба ҳисоб меравад. Асари “Арӯси тоҷик” ҳамчун нахустин намунаи равияи неокласисизм дар наққошии Чин арзёбӣ мегардад ва мақоми баланд дорад.

ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 13+18º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 12+14º гарм.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста