ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз аз соати 9:00 то 12:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи хайриявӣ бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ намояндагиҳо маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ, армуғон ва ҳунарҳои мардумии худро ба фурӯш гузошта, маблағи бадастомадаро баҳри дастгирии ниёзмандону маъюбон ба қуттии хайриявӣ мегузоранд.

– Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин идома дорад. Он рӯзи 2-юми декабр оғоз гардид ва пагоҳ, 7-уми декабр ҷамъбаст мешавад.


– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.


 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 - Бонки Ҷаҳонӣ бори аввал тасмим гирифт, ки барои татбиқи барномаи коҳиш додани камбизоатӣ дар Душанбе 800 ҳазор доллар грант ҷудо кунад.

Соли 2010 - Дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 - Дар минтақаи истироҳативу саёҳатии Ҳисор – дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи "Истиқлол" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2015 - Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии "Ҳаёт" ифтитоҳ гардид.

Соли 2017 - Дар шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима шуд.

Соли 2019 - Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузор гардид.


Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳтарини тамаддун дар Суғд буда, соли 1976 аз ҷониби бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Ҳоло он яке аз қадимтарин ёдгориҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии деҳаи Саразм, 15 км ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Он ба хотири арзиши бебаҳои фарҳангӣ доштанаш соли 2010 ба Феҳристи мероси ғайримоддии Юнеско ворид гардид.

Соли 2023 – “Ҷашни Сада” ва “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) ворид карда шуданд.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор ба шумор меравад. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.


Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд.

Тазҳиб, зарандуд ё тиллокориро метавон маҷмуае аз нақшҳои бадеъ ва зебо донист, ки наққошону музаҳҳабон барои ҳарчӣ зеботар кардани китобҳои мазҳабӣ, Қуръон, китобҳои таърихӣ, Девонҳои ашъор, ҷунгҳои ҳунарию қитъаҳои зебои шеърӣ ба кор мебурданд.


Соли 2020 - Бонки Рушди Осиё (БРО) барномаи грантиро барои тақвияти татбиқи ислоҳоти ҷорӣ ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетика дар Тоҷикистон ба маблағи 105 миллион доллар тасдиқ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Зодрӯзи Ҳоҷиумар Қосимов, навозанда ва устоди рақс.

Соли 1930 – Мавлуди Бобохон Иномов, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Соли 1931 – Зодрӯзи Ризвоншо Игмолшоев, сарояндаи сурудҳои халқӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Соли 1939 – Зодрӯзи Мубинҷон Юсуфӣ, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1940 – Мавлуди Соҳибназар Ғоибназаров, китобдор, мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар солҳои 1987 – 1998.

Соли 1962 – Зодрӯзи, Гулчеҳра Қоҳирова, ахтаршиноси тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика.

Гулчеҳра Қоҳирова

Гулчеҳра Қоҳирова аз шахсиятҳои мондагори илмии Тоҷикистон дар соҳаи астрофизика буда, аз ҷумлаи занони камшуморе аст, ки бо заҳмати пайваста ва кашфиёти арзандааш нуфузи илми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштааст.

Ӯ соли 1985 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард ва ҳанӯз аз оғози фаъолияти илмияш ба Институти астрофизикаи АМИ ҶТ пайваст ва роҳеро, ки ҳамчун лаборанти калон оғоз карда буд, бо устуворӣ то ба зинаи баландтарини роҳбарӣ бурд.

Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои калидӣ, аз котиби илмии Институти астрофизика то муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва аз соли 2014 то имрӯз чун директори ин муассисаи бонуфуз кор кардааст. Аз соли 2021 ӯ ҳамчун ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Самти асосии таҳқиқоти Қоҳирова ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ – метеорҳо, метеороидҳо ва динамикаи онҳо мебошад. Ӯ яке аз аввалинҳоест, ки барои омӯзиши спектрҳои метеорҳо усули нави илмиро пешниҳод ва ҷорӣ кард. Дар солҳои 2014-2016 таҳти роҳбарии ӯ Расадхонаи байналмилалии Санглох ва телескопи якметраи он пурра барқарор ва муосир гардонида шуданд. 

Соли 2014 Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ барои саҳми муҳими ӯ дар омӯзиши ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ як сайёраи хурдро бо номи “Kokhirova” (№ 24533) ба номи ин олими тоҷик номгузорӣ кард.

Соли 2016 – Мирзо Файзалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар 75-солагиаш аз олам даргузашт.


Мирзо Файзалӣ шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, чанд муддат дар рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” ва беш аз даҳ сол дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” фаъолият кардааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат буд.

Мирзо Файзалӣ муаллифи маҷмӯаҳои назмию насрии “Шери тағош”, “Кӯршапарак”, “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ”, “Кайф аз Самак то бар Само”, “Қотили қотилон”, “Сангари номус”, “Бо додҳо, фарёдҳо”, “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост”, “Гӯри гумшуда” ва дигар китобҳо аст.

Соли 2023 – Амиршо Миралиев, ходими давлатӣ ва яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Амиршо Миралиев

Амиршо Миралиев яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик буда, солҳои зиёд дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият бурдааст, аз ҷумла солҳо роҳбари дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон буд.

Ӯ соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ буд ва соли 2015 ба далели бознишастагӣ ба вакилӣ пешниҳод нагардид.

Ӯ 6 декабри соли 2023 дар яке аз бемористонҳои Истанбули Туркия баъди ҷарроҳии бемории сутунмуҳра аз олам даргузашт.

Оид ба шахсият ва фаъолияти сиёсии Амиршо Миралиев дар маводи “Чеҳраи калидӣ дар ҳукумат ва яке аз ҳамроҳони содиқи Эмомалӣ Раҳмон. Амиршо Миралиев кӣ буд? маълумот бигиред.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

6-уми декабри соли 1492 Христофор Колумб ҷазираи Гаитиро кашф кардааст. Пас аз ошкор кардани Куба, ӯ дар масофаи 100 км ҷанубу шарқтар боз ба як ҷазираи калон расид, ки онро Гаити номиданд. Номи ҷазира маънои “Кишвари куҳсор”-ро дорад.


Соли 1677 ҷазира таҳти назорати Фаронса даромад. Аҳолии бумӣ нобуд карда шуд ва ба ҷояшон ғуломони сиёҳпӯсти африқоӣ оварда шуданд. 1-уми январи соли 1804 Гаити ҳамчун аввалин давлати мустақили сиёҳпӯстон дар ҷаҳон бо роҳбарии Дессалин таъсис ёфт. Мулатҳо бошад, давлати ҷудогонаи худро бо роҳбарии Александр Петион ташкил карданд. Давлат солҳо бо бесуботӣ, табаддулот ва диктатура рӯбарӯ буд. Соли 1825 Фаронса истиқлолияти Гаитиро ба шарти пардохти ҷуброни бузург эътироф кард. Солҳои 1915-1934 кишвар таҳти ишғоли Амрико қарор дошт.

Имрӯз дар ҷазира ду давлат Ҷумҳурии Гаити ва Ҷумҳурии Доминикан ҷой дорад.

6-уми декабри соли 1768 дар Эдинбург аввалин нусхаи ҷилди аввали энсиклопедияи машҳури “Энсиклопедияи ботаника” нашр шуд. То соли 1771 он ба таври ҳафтаина дар шакли брошюраҳои алоҳида нашр гардида, дар маҷмӯъ 100 ҷилд (2400 саҳифа ва 160 тасвир)-ро ташкил дод. Баъдан онҳо дар се ҷилд ҷамъоварӣ шуданд.


Муаллифони “Британника” олимони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла, Зигмунд Фрейд, Алберт Эйнштейн, Мария Кюри, Генри Форд, Лев Тротский ва дигарон буданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон ва барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, рӯзона 0-5º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.