Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам ба рушди футболи миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба равона шудааст.

Дар ин маросим, намояндагони Бонк, Федератсия, футболбозони тими миллӣ, инчунин рӯзноманигорон ва блогерон иштирок карданд.

Ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори муосири варзишӣ, дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрин ва мусобиқаҳо нигаронида шудааст. Дар доираи шартнома, Бонк азнавсозии майдони №3-и Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро (Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи И. Сомонӣ 46) ба зимма гирифта, онро бо номи “ICB Арена” муаррифӣ мекунад.


 

“ICB Арена” ҳамчун фазои рушди истеъдодҳои ҷавон ва тарбияи рӯҳияи варзишӣ хизмат хоҳад кард.

Искандар Ҷалилов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки “ҳамкории мо бо Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид мегардад. Дастгирии бахши хусусӣ ба рушди футбол таъсири назаррас мерасонад. Шартномаи имрӯза имконият медиҳад, ки инфрасохтор беҳтар гардида, барои омодасозии ҷавонон шароити муосир фароҳам оварда шавад”.

Мирзосафар Сафаров, раиси Бонк аҳамияти иҷтимоии лоиҳаро чунин шарҳ дод:

“Чӣ гунае, ки аз номи Бонк бармеояд калимаи асосии он дар ном “сармоягузорӣ” мебошад ва бо такя ба ном ва ҳадафи Бонк мо тасмим гирифтем, ки ба беҳтарин мақсад, яъне саломатии инсон тавассути “ICB Арена” сармоягузорӣ кунем. Лоиҳаи “ICB Арена” маҳз бо ҳамин рӯҳия роҳандозӣ шудааст. Ин майдон имконият медиҳад, ки ҷавонони боистеъдод дар шароити муосир тамрин намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Мо ният дорем, ки дар баробари рушди инфрасохтор, дастаи футболи Бонк ва инчунин, дастаҳои кӯдаконаи “ICB”-ро таъсис диҳем. Умед дорем, ки чунин иқдомҳо дар оянда номи Тоҷикистонро дар харитаи футболи ҷаҳон боз ҳам равшантар хоҳанд кард”.

 

Ҳамчунин зикр гардид, ки ифтитоҳи расмии “ICB Арена” ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ, маросими имзои шартнома баргузор гардида, ҳамчун рамзи дӯстӣ, ба Бонк тӯби хотиравӣ тақдим гардид. Дар он тӯб парчамҳои Тоҷикистон ва Филиппин инъикос ёфтаанд, ки ба бозии муҳими интихобӣ барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 ишора мекунанд.

Ин иқдом ба рушди футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ мусоидат менамояд.

Футбол дар Тоҷикистон имрӯз на танҳо як бозӣ, балки василаи муттаҳидсозии ҷомеа ва ифтихори миллӣ мебошад.

Муфассал: 0909