Дар ҷаласаи муштараки мушовараи Вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Русия масоили муҳими рушди комплекси агросаноатии ду кишвар, аз ҷумла савдои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ, инчунин такмили низомҳои беҳбуди замин ва обёрӣ баррасӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Русия хабар медиҳад.
Ҷаласа дар шакли конфронси видеоӣ таҳти роҳбарии вазирони кишоварзии ҳарду кишвар Қурбон Ҳамкимзода ва Оксана Лут доир гардид.
Афзоиши гардиши молу маҳсулот
Ҳаҷми савдои дуҷониба дар ҳоли афзоиш аст. Соли 2024 ҳаҷми интиқоли мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ба 430 млн доллар расида, дар муқоиса бо соли пешин 5%зиёд шуд. Русия ба Тоҷикистон зироати ғалладона, равғанҳои растанӣ, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ содир карда, аз Тоҷикистон ба Русия мева, сабзавот, чормағз, меваҳои хушк ва пахта интиқол дода мешавад.
Дар ҷаласа масъалаи содда кардани расмиёти гумрукӣ, беҳбуди логистика ва васеъ намудани номгӯи маҳсулоти содиротӣ баррасӣ шуд. Таъминот бо тухмиҳои элита ва рушди содироти моҳӣ аз Тоҷикистон ба бозори Русия аз самтҳои нави ҳамкорӣ номида шуд. Ҳамчунин имкони воридоти тухмиҳои лаблабуи қанд ва хӯроки чорво барои зиёд кардани истеҳсоли онҳо дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамкории илмӣ ва таълимӣ
Тавсеаи барномаҳои таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳими музокирот буд. Айни замон ҳудуди 2900 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои самти кишоварзии Русия таҳсил мекунанд.
Минбаъд зиёд кардани теъдоди квотаҳо барои таҳсил, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва ҷорисозии низоми дипломҳои дугона ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, барои мутахассисони ҷавон таҷрибаомӯзӣ ва барои омӯзгорон барномаҳои такмили ихтисос пешбинӣ шудаанд.
Инноватсияҳо дар генетика ва тақвияти назорати фитосанитарӣ
Тарафҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи селексияи зироатҳо ва генетикаи чорво изҳори омодагӣ намуданд. Ҷониби Русия ба шарикони худ пешниҳод кард, ки дар барномаҳои селексияи мурғ ва татбиқи эмбриотрансфер барои чорвои майда иштирок намоянд. Илова бар ин, кишварҳо дар самти рушди тухмипарварии зироатҳои лӯбиёгӣ ва равғандеҳ фаъолият доранд, ки ба мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти иқлим мусоидат хоҳад кард.
Барои таъмини сифати баланди маҳсулот ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати ветеринарӣ ва фитосанитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Таҳияи меъёрҳои ягона ба коҳиш додани хавфҳо ва соддасозии расмиёти содирот мусоидат менамояд, ки дар шароити афзоиши ҳаҷми тиҷорат хеле муҳим мебошад.

Дурнамои ҳамкорӣ
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазирон манфиати мутақобилаи худро барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ тасдиқ карданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки қарордодҳои ҳосилшуда барои рушди маҷмааи агросаноатии ҳарду кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд, аз ҷумла дар самтҳои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва густариши имкониятҳои сармоягузорӣ.
Вазири кишоварзии Русия Оксана Лут омодагии ҷониби Русияро барои дастгирии ташаббусҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд, таъкид кард. Дар навбати худ, Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон намуд, ки ҳамкорӣ ба кишварҳо дар рафъи мушкилот кумак карда, барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мушовара кишварҳо инчунин як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла рафти татбиқи Харитаи роҳ миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2023-2025 ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста