Ҳукумати Тоҷикистон меъёри андози аксиз барои баъзе навъҳои маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, солярка ва гази моеъро боло мебардорад. Қарори марбутаи ҳукумат дар якҷоягӣ бо мактуби Кумитаи андоз ба зерсохторҳои ин ниҳод ва андозсупорандагон аллакай ирсол шудааст. Он аз 1-уми майи ҳамин сол мавриди амал қарор мегирад.
Дар асоси қарор, меъёри аксиз барои бензин ба андозаи 27,3% (аз 55 то 70 евро (аз (ҳудуди 660 то 820 сомонӣ) барои 1 тонна), ба сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 87,5% (аз 8 то 15 евро (ҳудуди 100 сомон то 180 сомонӣ) барои 1 тонна) ва гази моеъ - 150% (аз 4 то 10 евро (аз ҳудуди 50 то 180 сомонӣ) барои 1 тонна боло меравад.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки болоравии андози аксизӣ ба сӯзишвории нақлиёт, одатан, ба афзоиши нархи ниҳоии он боис мегардад, ки метавонад тавассути як занҷира ба вазъияти умумии иқтисодии кишвар, яъне афзоиши нархи доираи васеи молу хидматрасониҳо таъсир расонад.
Яъне аксиз ба сохтори арзиши аслии сӯзишворӣ дохил мешавад ва баланд шудани он хароҷотро, ҳадди ақал барои интиқоли маҳсулот зиёд мекунад. Фурӯшандагони сӯзишворӣ, одатан, ин хароҷоти иловагиро ба дӯши истеъмолкунандагон мегузоранд, ки дар ниҳоят ба болоравии арзиши маҳсулот оварда мерасонад.
Афзоиши нархи сӯзишворӣ, одатан, як силсилаи таъсирҳоро дар иқтисод бармеангезад, яъне арзиши дигар молу хидматрасониҳо боло меравад, зеро сӯзишворӣ барои нақлиёт ва дигар эҳтиёҷот истифода мешавад.
Вазорати молия интизор дорад, ки дар соли 2025 дар муқоиса бо нақшаи тасдиқшуда барои соли 2024 25,8% аксизҳои берунӣ ва 17,1% аксизҳои дохилӣ ҷамъоварӣ кунад. Дар маҷмӯъ, то охири сол ҷамъоварии андози аксизӣ беш аз 1,3 миллиард сомонӣ дар назар аст.
Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ аз аксизҳои беруна 172,4 миллион сомонӣ ва аз аксизҳои дохилӣ 70,2 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 1,7 фоиз ва 0,9 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, даромади буҷети давлатӣ дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 11,7 фоиз афзуд.
Нархҳо чӣ гуна ташаккул меёбанд?
Ба гуфтаи таҳвилгарон ва фурӯшандагон, нархи ниҳоӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон бо назардошти се унсури асосӣ ташаккул меёбад: арзиши маҳсулот дар корхона, хароҷоти интиқол ва андозҳои дохилӣ.
Бар асоси омори расмӣ, ҳар як тонна бензин барои таъминкунандагони Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ба ҳисоби миёна, 761 доллар, сӯзишвории дизелӣ 763 доллар ва гази моеъ 681 доллар арзиш дошт.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки нафт ва маҳсулот нафтӣ нисбатан арзон аст, вале меъёри андозҳо дар ниҳоят нархи онҳоро гарон мекунанд.
Дар Тоҷикистон айни замон чунин пардохтҳои дохилӣ мавҷуданд: расмиёти гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксиз.

Пас аз ин таҳвилгар вобаста ба имкониятҳои молиявӣ-иқтисодии худ як ҳаҷми муайян нархгузорӣ карда, онро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа менамояд. Таҳвилгарони маводи сӯзишворӣ мегӯянд, ки хароҷоти дигар низ вуҷуд доранд. Ин пардохт барои "борфарорӣ" (холӣ кардани вагонҳо аз маҳсулоти нафтӣ), нигоҳдории сӯзишворӣ дар анбори нафт ва расонидани он то нуқтаи фурӯш мебошад.
Таҳвилгарони маводи сӯзишворӣ пас аз ҳамаи хароҷот фоидаи софи худро ба ҳисоби миёна 5% арзёбӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб маҳсулоти нафтиро аз Русия бидуни боҷ мегирад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 92,4% маҳсулоти нафтӣ ва 61,1% гази моеъ ба ҷумҳурӣ маҳз аз Русия ворид шудааст.
Вазъ дар бозор
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 292 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 15,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.
Аз ҷумла, 134 ҳазор тонна бензин аз ҷониби 13 ширкати таҳвилгар ворид шудааст, ки миёни онҳо 56,3%-ашро ҳиссаи “Газпромнефт - Тоҷикистон” ташкил медиҳад. Имсол воридоти бензин 9,5 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 133 ҳазор тонна салярка оварда шудааст, ки 34,5 ҳазор тонна зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 аст. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 26 субъект машғул буда, байни онҳо ҳиссаи ширкати “Газпромнефт - Тоҷикистон” 53,5%-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми воридоти гази моеъ дар семоҳаи аввали ҳамин сол 86,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 46 ҳазор тонна камтар нисбат ба давраи моҳҳои январ-марти соли 2024 мебошад. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ 14 ширкати таҳвилгар машғуланд, ки миёни онҳо ҳиссаи ҶДММ “Темур Ойл” (30%) ва ҶДММ “Аллат” (25,2%) зиёдтар аст. Зиёда аз 61%-и гази моеъ аз Русия ва ҳудуди 39%-аш - аз Қазоқистон ворид шудааст.

Нархи 1 литр бензини тамғаи “АИ-92” дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳисоби миёна 10,40 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - 10,80 сомонӣ ва гази моеъ - 6,90 сомониро ташкил додааст.
Дирӯз, 25-уми апрел нархи чаканаи 1 литр бензини “АИ-92” дар пойтахт ба 9,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ - ба 10,00 сомонӣ ва гази моеъ - ба 6,80 сомонӣ баробар аст.
Қобили зикр аст, ки одатан дар минтақаҳо нархи маводу сӯзишворӣ нисбатан баландтаранд.
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста