Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 болоравии нарх ба гурӯҳи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омори ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои чор моҳ маълумот дода мешавад.

Аз ҳама бештар сабзавот қимат шуд - ба ҳисоби миёна 24,7%.

Ба ин тариқ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта карам ва сабзӣ 1,6 баробар, картошка - 12,2% ва пиёз - 9,7% гарон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли сабзавот афзудааст. Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 146,2 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, аз ҷумла:

- 765 тонна картошка (2,3% зиёдтар нисбат ба соли 2024),

- 109 283 тонна пиёз (афзоиш – 26,5%).

Ҳамчунин гароншавии мева ба ҳисоби миёна 14% ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли мева 16,3% афзуда, ба 1122 тонна расидааст.

Дигар маҳсулот низ гарон шуд

Болоравии нарх ба дигар навъи маҳсулоти хӯрокворӣ низ дахл кард:

- равған ва чарбу – ба ҳисоби миёна 3,8%;

- равғани офтобпараст – 4,5%;

- равғани пахта – 3,9%;

- маҳсулоти гӯштӣ – 1,6%;

- гӯшти гӯсфанд – +6,5%;

- гӯшти гов – +1,1%;

- нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – 0,7%.

Чиҳо арзон шуданд?

Нархи баъзе маҳсулот баръакс, поин рафт:

- орд – 6,4%;

- гӯшти мурғ – 1,8%;

- биринҷ– 1%;

- шакар (қанд) – 1,1%.

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2025 шохис (индекс)-и нархҳои истеъмолӣ 101,8%-ро ташкил дод, аз ҷумла:

- ба маҳсулоти озуқаворӣ – 102,5%;

- ба маҳсулоти ғайриозуқа – 104%;

- ба хидматрасонии пулакӣ – 103,6%.

Нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа асосан аз ҳисоби техникаи маишӣ - +0,5% боло рафтанд.

Дар ҳаимн ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 5,1% арзон шуданд, аз ҷумла:

- гази моеъ - 5,9%;

- сӯзишвории дизелӣ – 6,4%;

- бензин – 3,7%.

Болоравии таърифаҳо ба хидматрасонӣ

Аз оғози сол нархи хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 3,6% боло рафтанд, аз ҷумла:

- хидматрасониҳои коммуналӣ – 7,1%;

- соҳаи маориф – 15%;

- хидматрасониҳои таъмири хона – 15%;

- нақлиёт – 1,3%;

- хидматрасониҳои маишӣ – 1%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.