Масъалаи роҳандозии истеҳсоли муштараки маҳсулот аз сурма дар вохӯрии Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи волӣ (губернатор)-и вилояти Свердлолвск Денис Паталер баррасӣ шудааст.
Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи XV байнулмилалии саноатии “ИННОПРОМ”, ки аз 7 то 10 июл дар Екатеринбург баргузор гашт.
Зикр гардид, ки корхонаҳои вилояти Свердловски Русия ният доранд, ки барои таъмиру навсозӣ ба ншооти энергетикии Тоҷикистон таҷҳизоти муосир диҳанд.

Дар чаҳорчӯби гуфтушунидҳо ҷонибҳо нияти таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иҷтисодӣ ва саноатиро тасдиқ намуда, ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, зерсохтори барқу об ва истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Иштироки корхонаҳои Урал дар таъмиру навсозии иншооти энергетикии Тоҷикистон аз мавзӯҳои асосии суҳбат буд.
Ба гуфтаи Денис Паслер, ширкатҳои вилояти Свердловск аллакай дар бозори Тоҷикистон фаъолият дошта, ба интиқоли таҷҳизоти муосир ва бунёди зерсохтори зарурӣ барои он машғуланд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи роҳандозии истеҳсолоти муштараки маҳсулот аз сурма - фулузот (металл)-и нодири дорои аҳаммияти стратегӣ баррасӣ шуд.
Тавре таъкид шуд, ин лоиҳа метавонад ба муҳаррики ҳамгироии иқтисодӣ табдил ёфта, ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори хориҷа бо маҳсулоти рақобатпазир имкон фароҳам орад.
Тавсеъаи интиқоли маснуоти саноати сабук, сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск мавриди баррасии алоҳида қарор гирифт. Чунин ҳамкорӣ натанҳо ба таъмини бозори минтақаи Урал бо маҳсулоти тару тоза, балки дастгирии истеҳсолкунандагон тоҷик имкон дода, ба таҳкими робитаҳои башардӯстона ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон аз соли 2004 созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ амал мекунад. Ғайр аз ин, бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон нақшаи ҷудогонаи чорабиниҳо амалӣ мешавад, ки самтҳои стратегии ҳамкории мутақобиларо дар бар мегирад.




