Дар доираи бастаи нуздаҳуми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия, се бонки миёнаи Тоҷикистон зери таҳримҳои ин иттиҳод қарор гирифтанд. Ба ғайр аз манъи амалиёт бо бонкҳои аврупоӣ, ин қарор барои ин бонкҳо хатарҳои аз даст додани нуфузу обрӯ дар пай дорад ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалии онҳоро душвор мегардонад. Таҳримҳо аз 12-уми ноябри соли равон ба ҳукми иҷро даромаданд.
Таҳримҳо ба се бонки Тоҷикистон - ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, ки бонкҳои миёна маҳсуб ёфта, ҳеҷ гоҳ миёни бонкҳои низомсози кишвар қарор надоштанд, дахл доранд.
Манъи амалиётҳои бонкӣ
Дар иттилоияи расмии Шӯрои ИА зикр шудааст, ки дар бастаи нуздаҳуми таҳримҳо манъи анҷом додани амалиётҳо (транзаксияҳо) бо як қатор бонкҳо ва ширкатҳо аз кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳонконг ҷорӣ карда шудааст, ки тибқи арзёбии ИА, ба Русия барои канорагирӣ аз маҳдудиятҳо кумак мекунанд.
Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба анҷоми ҳеҷ гуна амлиётҳо бо ташкилоту шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ надоранд. Ин маънои қатъи пардохтҳо, ғайриимкон будани кор бо ширкатҳо аз ИА, боздоштани ҳама гуна амалиёти марбут ба ИА-ро дорад.

Таҳиягарони таҳримҳо иддаъо мекунанд, ки ин бонкҳо барои канорагирӣ аз маҳдудиятҳои молиявӣ кумак карда, иқтисоди Русияро дастгирӣ ва дар "амалиёти ҳарбӣ дар Украина" (Русия ҷанг дар Украинаро чунин ном мебарад) иштирок мекунанд.
Аммо дар изҳорти расмии Иттиҳоди Аврупо ҷузъиёти ин масъала ва маҳз кадом муқарраротро риоя накардани ин бонкҳо зикр намешавад.
Ба истилоҳи дигар, бонкҳо ба “нодида гирифтани таҳримҳо”, “дастгирии иқтисоди Русия” (саноати ҳарбӣ) айбдор мешаванд, вале ҷузъиёташ саҳеҳ шаҳр дода нашудааст. Масалан, гуфта намешавад, ки “бонки Х ба ширкати Z, ки ба саноати ҳарбии Русия марбут аст, ин қадар маблағ гузаронид”.
Душанбе чӣ гуна вокуниш нишон дод?
Дар пайи ин, рӯзи 24-уми октябри соли равон Бонки миллии Тоҷикитсон як рӯз пас аз нашри иттилоияи расмии ИА хабар дод, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.
“Айни ҳол, хизматрасониҳои бонкӣ барои муштариён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буда, дар реҷаи муқаррарӣ анҷом дода мешаванд. Амалиётҳои бонкии дохили кишвар, хизматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимабарномаҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд”, - гуфта мешавад дар изҳороти БМТ.
Аммо дар баробари ин, БМТ эътироф карда буд, ки "барои интиқолҳои байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд".
Ин ниҳод гуфта буд, ки доир ба имконияти анҷом додани чунин амалиётҳо муштариён д огоҳ карда мешаванд.

"Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, - гуфта буд Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол, муроҷиати “Азия-Плюс” дар робита ба натиҷаҳои “омӯзиши ҳамаҷониба ва пайгирии вазъи мавҷуда” ба Бонки миллӣ як ҳафта боз беҷавоб мондааст.
Худи бонкҳо чӣ мегӯянд?
Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба мизоҷони худ итминон медиҳанд, ки вазъ устувор буда, тадбирҳои ҷоригардида нисбати онҳо “беасос аст”.
Аз "Dushanbe City Bank" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки маҳдудиятҳои аз ҷониби ИА ҷоригардида ба фаъолияти бонк таъсири назаррас нахоҳанд расонид.
Ҳамчунин, масъулини аз "Спитамен Бонк" ва "Коммерсбонк" изҳор дошта буданд, ки ин таҳримҳо ба корашон таъсир намерасонад, вале огоҳ мекунанд, ки ҳангоми интиқоли фаромарзӣ бо арзи евро метавонанд мушкилиҳо пайдо шаванд.
Онҳо гуфта буданд, ки дар асоси қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва барои шарҳу тавзеҳ ва эҳтимоли бозбинии қарорҳои мазкур, аз механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
Бо гузашти як ҳафта аз эълони ҷорӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷи (ВКХ)-и кишвар аз ин иқдом “амиқан” изҳори нигаронӣ кард.
“Тоҷикистон бо пойбандӣ ба уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд”, - зикр шуда буд дар изҳороти ВКХ.
Дар маҷмӯъ, лаҳни шарҳҳои расмӣ ба таври назаррас аз вокуниши, масалан, Қирғизистони ҳамсоя фарқ мекунад, ки дар он мақомот таҳримҳоро ошкоро "фишори якҷонибаи таҳримотӣ" номида, аз Иттиҳоди Аврупо баргузории аудити мустақилро дархост карданд.
Бино ба арзёбии коршиносони ташкилоти "BISI", Тоҷикистон равиши оромтару созишомезро интихоб намудааст ва аз мухолифати мустақими ошкоро бо Иттиҳоди Аврупо худдорӣ мекунад.
Хатарҳои аз даст додани обрӯ ва нуфуз
Коршиносони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки барои бонкҳое, ки таҳти таҳрим қарор гирифтанд, омили хатарноктар на худи ворид шудан ба рӯйхати таҳримҳо, балки аз даст додани эътимоди шарикони байналмилалӣ ва тақвияти фишори танзимгарон мебошад.
Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Business & Politics" зикр мешавад, ки қарорҳои таҳримии Иттиҳоди Аврупо аксар вақт ба обрӯву нуфуз таъсир мерасонад, ки ба шадидтар шудани санҷишҳо аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ боис гардида, дастрасӣ ба долонҳои байналмилалии молиявиро маҳдуд месозанд.
Ҳамчунин, таҳлилгарони "World Finance" низ таъкид мекунанд, ки хатарҳои асосӣ барои муассисаҳои молиявие, ки таҳти таҳрим қарор доранд, аз "талафоти нуфузу обрӯ, афзоиши хароҷот барои риояи меъёрҳои тадбирҳои ҷоришуда (комплаенс) ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари танзимгарони байналмилалӣ" иборатанд, ки ин ба қобилияти онҳо барои нигоҳ доштани муносибатҳои устувори муросилавӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Илова бар ин, мувофиқи таҳқиқоти "Wiley Finance", бонкҳое, ки таҳти таҳрим қарор мегиранд, бо "зиёни назаррас ба обрӯву нуфуз" рӯ ба рӯ мешаванд, махсусан агар таҳримҳо аз сохторҳои аврупоӣ сарчашма гиранд, зеро талаботи "ESG" ва танзимгарии Иттиҳоди Аврупо сахттарин дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Дар ҳамин ҳол, дар таҳқиқоти "SAGE Publications", ки бо номи "Сояи таҳримҳо: хатарҳо ба обрӯву нуфуз ва бозҳамгироии молиявӣ" нашр шгуд, зикр мегардад, ки бозгашти бонк ба низоми молиявии байналмилалӣ пас аз таҳримҳо метавонад солҳо идома ёбад, ҳатто агар таҳримҳо баъдан бекор карда шаванд.

Ҳамин тариқ, ба андешаи коршиносон, таҳримҳои ИА занҷираи зиёнҳоеро мемонанд, ки ба тамоми фаъолияти байналмилалии бонк таъсири манфӣ мерасонад. Ҳатто агар амалиётҳои дохилӣ осеб набинанд ҳам, пардохтҳои байналмилалӣ сусттар ва гаронтар шуда, талабот ба ҳуҷҷатҳо ва санҷишҳо зиёд мешавад ва як қатор шарикони хориҷӣ бинобар хавфҳои зиёдтар, аз ҳамкорӣ бо чунин бонкҳо худдорӣ мекунанд.
Оқибатҳо барои бонкҳои кишвар
Бисёре аз иқтисодшиносони тоҷик бовар доранд, ки "ҳодисаи ғайриоддӣ рух надодааст, таҳти таҳрим танҳо се бонки кишвар қарор доранд, ки онҳо ҳам аз ҷумлаи бонкҳои низғомсози кишвар нестанд".
Ба таъкиди онҳо, бонкҳои калон, мисли "Бонки Эсхата", баръакс, тамоюли ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии ғарбиро нишон медиҳанд.
Баъзе коршиносони дигар ворид шудани бонкҳои кишвар ба "рӯйхати сиёҳ"-и Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун хавфи ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд ва чунин хатарҳоро пешгӯӣ мекунанд:
- кишвар дигар ҳамчун "долони бетараф" қабул намешавад;
- танзимгари соҳа ва бахши молиявӣ бояд собит кунанд, ки қобили назорати таҳримҳоро доранд ва аз онҳо чашм намепӯшанд.
Дар чунин вазъ ба Бонки миллии Тоҷикистон, ки танзимгари соҳа аст, тавсия дода мешавад, ки талаботро нисбат ба ҳамкорӣ бо шарикон аз Русия шадидтар кунанд.
Ба андешаи онҳо, барои аҳолӣ акнун на танҳо таърифаҳо (тарифҳо) ва сифати хидматрасонии бонк, балки чӣ гуна обрӯву нуфуз доштани муассиса дар назди шарикони байналмилалӣ низ муҳим аст.
Коршиносон ба мақомот тавсия медиҳанд, ки аз ин вазъият ҳамчун имконият барои тақвияти шаффофият ва ба роҳ мондани муколама бо Иттиҳоди Аврупо истифода баранд, то таҳримҳои кунунӣ як ҳодисаи ҷудогонаи мушаххас ва маҳдуд боқӣ монанд. Агар назорат расмӣ ва роҳу воситаҳои нодида гирифта шавад, рӯйхатҳои минбаъдаи Брюссел метавонанд бамаротиб дарозтар шаванд.






