Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон як гурӯҳ мусофирони тоҷикро, ки автобусашон ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон вайрон шудааст, аз сардӣ наҷот додаанд.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ин автобус, ки дар он 53 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 8 кӯдак қарор доштаанд, рӯзи 7-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Жибек Жолии вилояти Оқмолаи Қазоқистон аз кор мондааст.
Наҷотдиҳандагони қазоқ ҳамаи мусофирони тоҷикро ба нуқтаи гарме дар деҳаи Аршалии Қазоқистон бурда, ба онҳо ёрии тиббӣ расондаанд.
Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки пас аз таъмири нақлиёташон, мусофирон сафари худро ба сӯи Тоҷикистон идома медиҳанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳушдор додааст, ки ронандагон дар сармои шадид ва ҳангоми барфрезӣ дар роҳ эҳтиёт кунанд.
Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.
Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста