Тани беҷони Таҳмина Шарифоваи 21-соларо, ки беш аз як моҳ боз бедарак буд, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо кардаанд. Ҷасади ҷавондухтарро имрӯз, 7-уми март дар шаҳри Душанбе ба хок супурдаанд.
Атохуҷа Шарипов, падари Таҳмина имрӯз, 7-уми март дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади духтарашро мақомот дирӯз, 6-уми март, тахминан соати 12-и нисфирӯзӣ дар наздики марзи Ӯзбекистон, дар шаҳри Ҳисор аз дарё пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Вале нагуфт, ки ҷасадро мушаххас аз кадом руд ёфтаанд.
“Аз шуъбаи корҳои дохилӣ ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар доданд, ки ҷасади духтаратонро дар Ҳисор аз дурё пайдо кардаанд, омада шиносоӣ кунед. Мо аввал беморхона рафтем, ки ҷасади духтарам буд, баъдан прокуратураи шаҳри Ҳисор рафтем. То ҳол сабаби марги ӯро намедонем. Ҳамин ҳоло духатарамро ба хок супурдем, ҷузъиёти бештарро ҳоло намедонем”,- гуфт падари Таҳмина.
Номбурда иброз дошт, ки Таҳмина Шарифова бегоҳии рӯзи 2-юми феврал аз хона баромада, бедарак шуда буд.
Аз бахши навбатдории Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор низ ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти бештар надоданд.
Дар ҳамин ҳол, аз навбатдории додситонии шаҳри Ҳисор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҷасади Таҳминаро аз дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ин шаҳр, сокинон пайдо кардаву ба мақомот хабар додаанд.
Нахуст хабари гум шудани Таҳмина Шарифоваи 21-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Баъдтар хабаргузории Радиои Озодӣ бо истинод ба падари ҷавондухтар навишт, ки “ӯ бегоҳии рӯзи дуюми феврал аз хона ба мағоза рафт ва бо ҳамин нопадид шуд”. Ба навиштаи манбаъ, Таҳмина Шарифова дар коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Душанбе таҳсил мекард.
Волидайн Таҳмина ба ин расона гуфта буданд, ки ӯ ба зангҳои пайиҳами телефонии онҳо ҷавоб надода, “пас аз соати даҳи шаб телефони духтарашон комилан хомӯш шудааст”.
Он вақт, наздиконаш дарёву кӯлҳоро ҷустуҷӯ ва ҳама хешу наздиконро пурсуҷӯ кардаанд, аммо аз духтарашон нишоне пайдо накарда буданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли гузашта дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 як нафар зиёд будааст. Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 32 зан ва 148 мард будаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста