Абдулфайз Атоӣ, рӯзноманигор ва дипломати собиқадор, ки дар доираи парвандаи чеҳраҳои саршинос ва бо “иттиҳоми хиёнат ба давлат” боздошт гардида буд, ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, аз қавли манбаъ навиштааст, ки мақомот ӯро ба қаллобӣ зимни доду гирифти хонаи падариаш дар солҳои 90-ум гунаҳкор мекунанд.
“Ӯ дар солҳои 1997-99 қисме аз хонаи падарашро дар канори шаҳри Кӯлоб ба касе дода будааст. Мақомот ҳуҷҷатҳои онро санҷида, хулоса додаанд, ки дар ин додугирифт “қаллобӣ” дида мешавад. Ин айби нав дар парвандаи ӯст”,-гуфтааст манбаъи ин расона.
Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳоми “хиёнат ба давлат” нисбат ба Абдулфайз Атоӣ ба нақли шӯхиомези ӯ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як маҳфил пайванд дорад.
"Ӯ кадом қиссаеро нақл кардааст, ки дар солҳои 90-ум бо президент иттифоқ афтодааст. Аҳли маҳфил механданд. Инро сабт карда, ба мақомот расондаанд ва иттиҳоми хиёнат ба давталаш аз ҳамин шухӣ аст,” - гуфтааст ӯ.
Санҷиши мустақилонаи ин маълумот ғайриимкон аст.
Мақомот парвандаи Абдулфайз Атоиро шарҳ надодаанд.
Яке аз наздикони Абдулфайз Атоӣ иттиҳоми навро дар парвандаи ӯ тасдиқ кардааст, аммо аз ин бештар суҳбат накардааст.
Абдулфайз Атоӣ 71-сола аст ва дар охири моҳи август дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Мақомот чанд чеҳраи шинохтаро, ки дар миёнашон мансабдорони пешин низ ҳастанд, бо иттиҳоми “кӯшиши табаддулот”, “хиёнат ба давлат”, “барангехтани кинаву адоват” ва “қаллобӣ” дастгир карданд. Боздошти онҳо дар тобистони имсол сурат гирифт.
Ҳамаи боздоштҳо баъди он шуръ шуд, ки рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Ӯ гуфт, ба ғайр аз Усмонзода чанд нафари дигар боздошт шудаанд.
Ҳамин тариқ, дар доираи ин парванда, аз нимаи июни имсол то ҳоло, нафарони зерин боздошт шудаанд:
- Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор;
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон, мунтақиди ҳукумат ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
То ҳол ҳудуди 4 мурофиа баргузор шуд, вале дар он кӣ чӣ гуфт барои ҷомеа ошкор нест. Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.
Як ҳафта пеш барои баргузории мурофиа танаффус эълон карда буданд. Он дубора барқарор шудааст ё не маълум нест.
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста