Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо имзои амре муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави ин кишвар, то 10-уми сентябр дароз кард. Касоне, ки то ин муҳлат ҳузури худро қонунӣ намекунанд, бояд кишварро тарк намоянд. Амри марбутаи сарвари давлати Русия дар портали санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Сухан аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие меравад, ки ба рӯйхати шахсони таҳти назорат дохил шудаанд. Ба ин феҳрист афроде дохил мешаванд, ки барои ҳузур дар қаламравҳои Русия асоси қонунӣ надоранд.

Ин рӯйхат чӣ гуна тартиб дода шудааст, барои чӣ метавонанд номи шаҳрванди хориҷиро воридӣ он намоянд, ин чӣ паёмад дорад ва чӣ гуна метавон аз он рӯйхат хориҷ шуд? Ба ин ва дигар саволҳои маъмулу рӯзмарра посух медиҳем.

 

Барои чӣ ин рӯйхат тартиб дода шуд?

Дар Русия низоми нави ихроҷ мавриди амал қарор гирифта, аз 10-уми сентябр шахсонеро, ки дар соҳаи муҳоҷират ба қонуншиканӣ даст задаанд, бозпас ба ватан мефиристанд. Дар бораи низоми нави ихроҷ мо дар ин мавод маълумот дода будем.

Ин рӯйхати таҳияшуда ба мардум барои пешакӣ шинос шудан бо қонуншиканиҳои худ, истифодаи вақт барои ислоҳи онҳо ё ихтиёрӣ тарк кардани қаламрави кишвар имкон медиҳад. 

Тибқи иттилои ВКД-и Русия дар ин рӯйхат 685 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шомил гардидаанд, ки барои ҳузур дар Русия асосҳои қонунӣ надоранд. Моҳи феврал номи тақрибан 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба ин рӯйхат шомил шуда буд. Сафи одамон дар ин рӯйхат доимо бо ному насабҳои нав тағйир меёбад.

 

Агар ман ягон қонуншиканӣ содир накарда бошам?

Агар шумо дар бахши муҳоҷират қонуншиканӣ содир накарда бошед, пас ҳеҷ ҷойи ташвишу нигаронӣ нест. Аммо ба ҳар ҳол, метавонед рӯйхатро санҷед, шояд номи шумо тасодуфӣ ё хато он ҷо афтода бошад. Дар ин ҳолат он метавонад аз рӯйхат гирифта шавад.

 

Чӣ хел фаҳмидан мумкин аст, ки оё ман дар рӯйхат ҳастам ё не?

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ному насаби худро дар охирин рӯйхати нашркардаи ВКД-и Русия ҷустуҷӯ кунанд (мутаассифона пайванди мазкур барои онҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, дастнорас аст. Мақомоти Русия баъди оғози ҷанг дар Украина дастрасӣ ба аксар сомонаҳои давлатиро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар маҳдуд карданд).

Рӯйхати пешине, ки мақомоти Русия пешниҳод кардаву аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон низ нашр шуда буд, низ айни ҳол дастнорас аст.

Аз ин лиҳоз, бо рӯйхати охирини ВКД-и Русия танҳо аз ин кишвар метавон шинос шуд.

Ҳамчунин, тибқи навиштаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷанд. 

 

Боз чӣ хел фаҳмидан мумкин аст, ки ман дар рӯйхат ҳастам ё не.

Дарёфти маълумоти иловагӣ аз Вазорати меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва ВКД-и Тоҷикистон тариқи тамос бо рақамҳои зерин низ имконпазир аст:       

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40, 250-32-09, 250-32-42

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95, 225-05-89, 225-05-77

ВКД: 227-86-31, 221-98-12, 93 876 26 26, 93 922 06 84.

 

Ман номамро дар рӯйхат ёфтам. Бояд чӣ кор кунам?

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, дастурамал таҳия намуд. Нақшаи амал тариқи зайл аст:

1. То 10 сентябри соли 2025 шумо бояд ба мақомоти муҳоҷирати Русия барои қонунӣ ба қайд гирифтан муроҷиат намоед ё қаламрави кишварро тарк кунед.

2. Агар дар муҳлати зикршуда шумо худро ба қайд нагузоред ё ихтиёрӣ қаламрави Русияро тарк накунед, шуморо ихроҷ мекунанд ё шумо муваққатан ҳуқуқи вуруд ба Русияро аз даст медиҳед.

Сурат: АР/Иван Секретарев

 

Ман аллакай аз Русия рафтаам, лекин номам ҳоло ҳам дар рӯйхат ҳаст. Чӣ мешавад?

Агар шумо аз Русия рафта бошед, номи шуморо бояд аз рӯйхат хориҷ кунанд. Зеро дар ин рӯйхат бояд танҳо шахсоне бошанд, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд.

Дар ин ҳолат шумо метавонед нусхаи шиносномаи хориҷиро бо зикри гузаштани сарҳад ба мақомоти муҳоҷирати маҳалли зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоед.

Беҳтараш ҳарчи зудтар ба ин масъала машғул шуда, ҳамаашро ба ҳоли худ нагузоред, вагарна агар шумо боз ба Русия рафтанӣ бошед, ҷиҳати вуруд ба Русия метавонад мушкилот пайдо шавад.

 

Ман ягон қонуншиканӣ накардаам ва қонунӣ кор мекунам. Бо вуҷуди ин, дар рӯйхат ҳастам.

Пас ин ҷо хато шудааст. Ҳатман ба мақомоти муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, талаб кунед, ки шуморо аз рӯйхат хориҷ кунанд.

 

Ман душаҳрвандӣ дорам, лекин бо вуҷуди ин, дар рӯйхат ҳастам.

Шумо набояд дар он ҷо бошед. Агар шумо ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро дошта бошед, ҳатман нусхаи шиносномаро ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пешниҳод кунед.

 

Агар саволҳо дошта бошам, ба киҳо метавонам занг занам?

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тавассути телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Азимӣ Дилрабо Амирқул + 7 (495) 967-98-44 [email protected]

2. Вализода Назаралӣ Нуралӣ +7 (967) 271-02-02 [email protected]

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected]

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 [email protected]

5. Дӯстов Комрон Сайдаҳмадович +7 (988) 676-00-00 [email protected]

6. Амирхонзода Субҳон Баҳрон +7 (966) 031-22-22 [email protected]

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected]

Минтақаи Урал ва Сибир. Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected]

Минтақаи Приволжск. Қурбонализода Зафар Қурбоналӣ +7 (926) 311-52-53 [email protected]

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург). Ҷонмаҳмадов Фурӯзон Фархудинович +7 (977) 963-25-69 [email protected]

Минтақаи ҷанубӣ (Краснодар). Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected]

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.