Пулиси пойтахт дар ду рӯзи охир аз ҳабси 5 фурӯшандаи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дубора боло бурдани нархи гӯшт ва итоат накардан ба амри пулис иттилоъ дода, гуфтааст, онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.
Мақомот аз онҳо Ғайраталӣ Алиев, Нуриддин Ҳоҷизода, Далер Ярашев, Мунавваршо Аюбов ва Ҷӯрабек Мусаммиров ном бурда, гуфтааст, қаблан онҳо барои боло бурдани нархи гӯшт ҷарима шуда буданд.
Ба иддаои мақомот, бо вуҷуди ин “аз кирдори худ (боло бурдани нархи гӯшт, аз идора) даст накашидаанд”.
Манбаъ гуфтааст, дар санҷиши такрорӣ, ҳуқуқвайронкунии дубораи ин фурӯшандагон ошкор шуда, нисбаташон бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми “итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди пулис” парванда боз шудааст. Мақомот ба онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.
Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Зоҳиран чунин менамояд, ки дар пайи боло рафтани нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт мақомот барои назорат ва танзими он санҷишҳо мегузаронанд.Чанде пеш пулиси Душанбе дар пайи чанд санҷиш қариб 200 фурӯшандаи бозорҳои пойтахтро бо гумони гарон фурӯхтани гӯшт ҷарима карда буд.
Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки 120 фурӯшандаро бар асоси моддаҳои 627 (фиреби истеъмолкунандагон) ва моддаи 555 (худсарона баланд бардоштани нархи махсулот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд.
Миқдори ҷаримаи онҳо гуфта намешуд, вале моддаҳои боло аз 3750 то 7500 ва бештар аз он ҷарима пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки фурӯшандаҳои гӯшт барои чӣ миқдор зиёд кардани нарх ҷазо дода шуданд. Чунки дар кишвар нархи ягонаи фурӯши гӯшт аз сӯи ҳеҷ ниҳоде мақаррар нашудааст ва ё ҳадди ақал он расонаӣ нагардидааст.
Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар низоми иқтисоди бозаргонӣ идораи нарх дар бозор бо роҳи маҷбурӣ имконпазир нест ва танҳо бо роҳи пешниҳоди маҳсулоти бештар метавон онро танзим кард.





Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста