Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки тавассути сарҳади заминии Қазоқистон, ки рӯзи 11 апрел бо қарори ҳукумати ин кишвар боз шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, вориди Русия шаванд. Ин изҳорот дар саҳифаи расмии “Telegram” - и намояндагии дипломатӣ нашр шудааст.
- Тибқи фармони мазкур, вуруди озод ба Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марз бо Қазоқистон танҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон боз аст, - гуфтанд дар сафорат.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки убури шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Қазоқистон ба Русия танҳо дар баъзе мавридҳо, дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагии ҳуҷҷатӣ барои вуруд тибқи тартиби зикршуда имконпазир аст:
- ҳузури хешовандони наздик - шаҳрванди Русия
- ворид шудан ба хешовандони наздики бемор, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд
- иштирок дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва ғ.
- Барои роҳ надодан ба нофаҳмиҳо, сафорат ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва шаҳрвандии Русияро доранд, барои ворид шудан ба Русия аз марзи Русияву Қазоқистон истифода кунанд, - омадааст дар ин изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.
Бар асоси ин изҳорот, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути роҳҳои заминӣ танҳо то ба Қазоқистон раванд. Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзҳои заминияш имкон медиҳад, ки аз он кишвар ба кишварҳои дигар хориҷ шаванд, ба шарте, ки кишвари дигар ин шаҳрвандонро иҷозаи вуруд бидиҳад.
Дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омадааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”.
Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 бо методи ПСР ё ҳуҷҷат/шиноснома дар бораи пурра гузаштан аз давраи ваксингирӣ, ваксинзании дубора зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиён боқӣ мемонад.
Ҳафтаи гузашта як масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфта буд, ки ин тасмим ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад ва онҳо наметавонанд, тавассути Қазоқистон вориди кишварҳои ҳамсояааш, аз ҷумла Русия шаванд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста