Дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён – 3 май, созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамом ҷаҳон нашр кардааст, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, аз мақоми 162 – юм ба 152 – расидааст.
Бар асоси гузориши ин созмон, Тоҷикистон ҳарчанд аз қатори давлатҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, вале ҳамоно дар қатори кишварҳои вазъашон душвор қарор дорад.
Дар баробари Тоҷикистон, мавқеи Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ дар ин рӯйхат беҳтар шуда, Ӯзбекистон аз мақоми 157- уми соли гузашта ба зинаи 133 фаромадааст. Қазоқистон ҳам аз зинаи 155 соли гузашта ба мақоми 122 фаромадааст.
Ба навиштаи Хабарнигорони бидуни марз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон озодии баён беҳтар аст ва ин кишвар аз мақоми 79-уми соли гузашта ба зинаи 72-юм расидааст.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон дар байни 180 кишвар дар мақоми 177-ум қарор гирифта, ба гуфтаи гузоришгарони созмон вазъи озодии матбуот дар Туркманистон ниҳоят нигаронкунанда мебошад.
Онҳо дар шарҳи вазъи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ навиштаанд, ки роҳбарияти ин кишвар расонаҳоро зери фишор қарор даанд, то монеи бозтоби бетарафонаи ҷанг миёни Русия ва Украина шаванд.
Ҳамчунин, гузоришгарони Хабарнигорони бидуни марз вазъи озодии баён дар 21 соли охирро таҳлил карда навиштаанд, ки Тоҷикистон дар ин давра дар миёни 180 давлат ҳаргиз ба сӯи кишварҳои озод ҳаракат накарда, балки бештар ба тарафи кишварҳои баставу худкома майл кардааст. Вазъ пас аз соли 2015 бадтар шудааст.
Ин созмон таъсири ҷанги Русия ва Укроинро ба вазъи озодии матбуот дар минтақа вайронгарона хонда, навиштааст, ки чунин вазъ кори хабарнигоронро дар ҷаҳон сахту мушкил кардааст.
Дар шохиси имсолаи озодии матбуот, Русия аз нигоҳи вазъи озодии баён панҷ зина бад шуда, дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 155-ум қарор гирифтааст. Соле пештар ин кишвар дар зинаи 150-юм буд.
Ҳамин тариқ, Беларус дар қатори 153, Афғонистон 156, Покистон 157, Чин 175 ва Эрон 178 ҷой гирифтаанд.
Норвегия, Дания ва Шветсия дар сегонаи беҳтарини шохиси ҷаҳонии озодии матбуот монда, Гурҷистон дар ҷойи 89, Укроин дар зинаи 106 ва Озарбойҷон дар мақоми 154-ум қарор гирифтаанд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста