Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ба ҷараёни таъйину аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо, инчунин фаъол шудани кори ҳайатҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили сарҳад суръат бахшидан зарур аст.
Ин нукта зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими қабули эътимоднома аз сафири нави Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар Душанбе зикр шудааст.
Тибқи маълумоти ВКХ Қирғизистон, дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, соҳаи об, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳамкориҳои наздимарзӣ ва байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ба масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, доир ба идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳи вазорату идораҳо тавофуқ ҳосил шудааст ва ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳи баланд ва олӣ баррасӣ кардаанд.
Боз чанд километр боқӣ монд?
Аз қариб 990 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 660 километраш мувофиқа шудааст. Дар мулоқоти рӯзи 17 апрели соли равон бо сокинони Исфара президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки аз 987 километри сарҳ 663,7 километр ё худ 68,4%-аш таъйину аломатгузорӣ шудааст.
Чанде қабл президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов дар ин робита изҳор намуда буд, ки “дар гуфтушунид оид ба таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешрафт ҳаст, аммо масоили марбут ба мавзеъҳои баҳснок “то ҳол мушкил боқӣ монда, ҳалли онҳо "эҳтиёткорӣ, таҳаммулпазирӣ ва пайдарпайиро талаб мекунад”.
Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад.
Муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 12 апрел дар ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд сар зада, бар асари тирпаронӣ байни ҷонибҳо марзбони 27-солаи тоҷик Зойир Саидумаров ҳалок шуд. Тирпаронӣ пас аз вохӯрии намояндагони мақомоти вилоятҳои наздисарҳадӣ қатъ шуд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста