Сафари ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди 9 сол ба Эрон, диду боздидаш бо мақомҳои гуногуни расмӣ, аз ҷумла бо раисҷумҳури ин кишвар Иброҳимӣ Раисӣ ва раҳбари Ҷумҳури исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ паёмҳои мушаххасе дорад. Хусусан ин сафар дар пасманзари он сурат гирифт, ки Тоҷикистону Эрон ба унвони ду кишвари дар гузашта шарики стратегӣ, аз соли 2015 ба ин сӯ як давраи 5-6 солаи сардии шадиди равобитро таҷриба карданд.

Аз соли 2019 ба баъд, таҳаввулоти чашмгире дар равобити ду кишвар ба вуҷуд омад, хусусан ҳамкориҳо дар бахши амниятиву дифоӣ аз сар гирифта шуд ва дар пайи мушкилоти амниятии минтақаӣ, ду кишвар кумитаи муштараки низомиву дифоӣ таъсис доданд. Ин ҳампаймонии амниятӣ, дар пайи таҳаввулоти баъдӣ, хусусан дар пайи мушкилоти марзӣ бо Қирғизистону Афғонистон барои Тоҷикистон аҳамияти фавқулодае пайдо карад.

Сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар аввали тирамоҳи соли гузашта, барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва дар канори он анҷом додани сафари расмӣ низ яке аз марҳилаҳои муҳим дар равобити ду кишвар маънидод шуд. Хусусан, пас аз ин ки Тоҷикистон масъалаи ба узвияти пазируфтани Эронро пешниҳод карда ва аз сӯйи аъзои дигари  созмон пазируфта шуда марҳилаи ба узвият пазируфтани Эрон амалан оғоз шуд. Ин дар ҳоле буд, ки дар чанд соли пеш Тоҷикистон ба узви комилҳуқуқ шудани Эрон дар СҲШ мухолифат карда буд.

Чанде пеш боз шудани корхонаи истеҳсоли паҳпод (тайёрҳои бесарнишин)-и эронӣ – Абобил-II дар Тоҷикистон, аз сӯйи ҷомеаи расмиву коршиносии ду кишвар ба хубӣ истиқбол шуду дорои паёмҳои муҳиму мушаххасе тафсир шуд.

Дар ин авохир сухан  аз рушди равобити ду кишвар дар оянда зиёд шунида мешавад, ки ҳатто гуфта мешавад шояд он ба сатҳи равобити пешин, ҳатто то сатҳи шарикии стратегӣ баргардад. Ин  ва дигар ҷанбаҳои равобити Эрону Тоҷикистонро “Азия-Плюс” бо коршиносони тоҷик ба баҳс кашид ва чанд саволро матраҳ кард.

"Ду кишвар бояд хатҳои сурхи манфиатҳои миллии якдигарро мушаххас кунанд ва нагзоранд зери по шаванд"

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили Эрону Афғонистон


Шурӯъ аз соли 2019 дар муносибати байни Тоҷикистону Эрон иқдомоте сурат гирифт, ки нишондиҳандаи ҳусни нияти ҳарду тараф ба беҳдуби равобит буд. Дар канори сафарҳои мақомоти ду кишвар, ҳамчунин, як протоколи ҳамкориҳои амниятӣ ба имзо расид, ки барои эътимодсозии  байни ду кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Дар гузашта мушкили равобит асосан ба ҳавзаи муносибатҳои амниятӣ иртибот дошт ва мо дар ин васила шоҳиди сафарҳои мутоқобили мақомоти амниятӣ ва интизомии ду кишвар будем. Махсусан, сафари вазири дифоъи Тоҷикистон ва ташкили кумитаи муштараки низомӣ ва дифоӣ бо таваҷҷуҳ дар матни таҳаввулоте, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақаи мо дар ҳоли анҷом аст, аз аҳамияти болое бархурдор буд. Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба матни таҳавулоти минтақа, роҳандозии корхонаи муштараки тавлиди паҳбоди Абобил-2, ки имкони  дар оянда густариши тавлиди навъҳои гуногуни паҳподҳоро фароҳам меорад, як иқдоми  ғайриқобили интизор барои минтақа ва фаротар ба он, як иқдоми паёмдор буд.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, барои Тоҷикистон дар канори дигар шарикони хориҷӣ, аз ҷумла қудратҳое мисли Русияву Чин доштани як муттаҳид ва шарике монанди Эрон бо таъриху забону фарҳанги муштарак бисёр муҳим мебошад.

Аз натиҷагирӣ кардан дар бораи он ки яхҳо ба тамом об шуд ё не, ҳанӯз зуд аст. Дар ҳамин ҳол, санадҳои ҳамкории имзошуда худ нишондиҳандаи талошҳои ду тараф барои ҷуброни фосилаест, ки ҳамкориҳо рӯй ба кундӣ ниҳода буд. Вале ончи дар гузашта иттифоқ афтод, бояд барои ҳарду тараф таҷрибаи хубе шуда бошад. Яъне он хати сурхи манфиатҳои миллии якдигарро бояд ду тараф мушахасан бишносанд ва кӯшиш кунанд, ки хатҳои сурхи манфиатҳои милии якдигарро зери пой нагузоранд.

Умедворам, ки бо ин сафар аҳамияти ин мавзуъ бештар дарк шуд ва эътимоди байни ду кишвар, махсусан байни нухбагони сиёсии он, ки дар гузашта коста шуда буд, ба сурати ҷиддитар ба сатҳи матлуб бармегардад.

Ҳамчунин, барои он ки яхи равобат ба тамом об шавад, як миқдори ниёз ба замон аст ва ҳамкориҳои ҷомеъву густурдаи  ду кишвар ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам минтақавӣ метавонад, нишондиҳандаи мусбат будани ин раванд бошад.

  Дар марҳалаи кунунии равобит ҳавзаҳое, ки бояд аз аваливият бархурдор бошанд, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷортӣ ва ҳамчунин таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкорҳои низомӣ, фаннӣ ва амниятӣ мебошад. Дар масъалаи иқтисодӣ-тиҷорӣ, манзур ҳам сармоягузории ҷониби Эрон ва ҳам истифода аз фанаоварҳои пешрафтаи мавҷуд дар Эрон барои иҷрои пуржаҳо ва тарҳҳои иқтисодӣ ва зерсохтӣ дар Тоҷикистонанд. Авзои минтақа, махсусан, Афғонистон ва ҳузури гуруҳҳои мухталифи террористӣ ва ифротӣ дар ин кишвар, хосатан дар минатқаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Осиёси Марказӣ ниёзи мутақобили Тоҷикистону Эрон ба чунин ҳамкориҳост, то амнияти ҳам худ ва минатқаро битавонанд беҳтар таъмин кунанд.

"Сардии равобит бояд рӯзе ба поён мерасид, ки акнун фасли наве рақам хурд"

Сайфуллоҳ Муллоҷон, профессори таърихшинос


Барои об шудани тамоми яхҳо ҳанӯз фурсат зарур аст, вале фикр мекунам, ки қадамҳои нахустин дар ин роҳ гузошта шуданд. Ин сардӣ албатта рӯзе бояд ба поён мерасид, вале вазъияти минтақа ва ҷаҳон мавозеи кишварҳоро наздиктар кард.

Дар пасманзари таҳавулоти амниятиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон Эрону Тоҷикистон марҳалаи тозаи равобитро оғоз намуданд. Зеро пас аз ҳодисаҳои маълуми соли 2015-и Тоҷикистон дар равобити ду кишвар марҳилаи нав шуруъ гардид, ки тиратарин марҳила дар робитаҳои ду кишвар дар сӣ соли охир буд. Таҳаввулоти кишвари ҳамсояи Афғонистон, нооромиҳои марзии мо бо Қирғизистон ва ҳаводиси ҷанг дар Укроин, ки саҳифаи нав дар низоми байналмиллалӣ шумурда мешавад, мавқеъҳои кишварҳои моро ба ҳам наздик сохт.

Равобити иқтисодӣ ва низомиву амниятӣ шояд бештар густариш ёбад, вале ин ду авомил хоҳ нохоҳ ба сатҳи равобити фарҳангӣ низ таъсир мерасонад. Дар ҳар сурат кори хубе шуд ва ду кишвари ҳамзабону ҳамреша қадами ҷиддӣ барои эҳёи равобити наздик бардоштанд ва фасли наве дар муносиботи дуҷониба рақам хӯрд.

"Сафари президент ҷамъбасти марҳилаи ноустуворӣ дар равобити Эрону Тоҷикистон аст"

Бахтиёр Холиқов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон


- Амалан дар муносибатҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо марҳилаҳое ба миён меояд, ки бинобар омилҳои гуногун робитаҳо сард, нармтар, бисёр хуб ва ё дар сатҳи стратегӣ бардошта мешаванд. Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон низ як марҳилаи ноуствуорӣ ё номушаххасиро дар бар дошт. Мушаххасан, аз соли 2019 инҷониб марҳала ба марҳала як навъ оғози раванди нармшавии муносибатҳои ду кишвар шурӯъ шуд, ки ҷамъбасти ин марҳала сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон аст. Аз рӯи таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ, анҷоми ин сафар нишондиҳандаи беҳтар шудани муносибатҳо ва як навъ паси сар намудани марҳалаи сардӣ мебошад.

Ҳамчунин, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон нишондиҳандаи дубора эҳё шудани муносибатҳо байни ду кишвар аст. Бар замми ин, Эрон навобаста аз вазъи минтақавӣ ва сатҳи муносибатҳо ё мараҳалаи нармиву сардӣ пайвасата як навъ шарики боэътимоди Тоҷикистон ва дар аксар самтҳо шарики асосии стратегии мо буд.

Дар ҳамин ҳол, дар марҳалаи нав ин ду кишвар ба се гурӯҳи ҳамкориҳо ниёз доранд:

1 Самти сиёсӣ-амниятӣ. Вобаста ба вазъи имрӯзаи минтақа, раванди буҳрони Афғонистон ва таҳдиду чолиҳшое, ки имрӯз, дар минатқаи Осиёи Марказӣ ба чашм мехӯрад, он яке аз самтҳои авлавиятнок дониста мешавад. 

2. Самти логистикӣ ва комуникатсионӣ. Пайвастани Тоҷикистон ба ин лоиҳаҳо аз назари дурнамои рушди стратегӣ муфид дониста мешавад. Аз ҷумла, бунёди бандари Чобаҳор, роҳҳои логистикии пайвандкунандаи байниминтақавӣ аз сӯйи Эрон барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.

3. Бахши табодули молу маҳсулот. Бинобар вазъи Укроин ва таҳримҳои кишварҳои Ғарб болои Русия, ба эҳтимол камбуди баъзе маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, махсусан дар бозори Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро пешбинӣ мешавад. Аз ин рӯ, пешбурди ҳамкорҳои Тоҷикистон ба бахши табодули молу маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ бисёр зарур аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.