Сергей Лавров, вазири корҳо хориҷии Русия рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд ва бо ҳамтои эронии худ ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон мулоқот кард.
Расонаҳои эронӣ ҳадафи сафари Лавров ба Теҳронро музокира баҳри тақвияти равобити дуҷониба, ҳамкориҳои энержӣ ва гуфтугӯ атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ унвон кардаанд.
Вазорати хориҷаи Эрон низ сафари Сергей Лавровро дар ростои тавсеъаи ҳамкориҳои ҳавзаи Урупо-Осиё ва Қафқоз унвон кардааст.
Вазири хориҷаи Русия дар дидор бо Раисӣ, раисҷумҳури Эрон гуфтааст:
«Дар ҳоли ҳозир мо ҳаёти хеле фаъол дорем - ҳам дар дохили кишвар ва ҳам аз нигоҳи масоили байнулмилалӣ. Раисҷумҳур ҳар рӯз пай дар пай ҷаласаҳо мегузаронад — онҳо пеш аз ҳама, ба соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи банку молия, ба воқеиятҳое дахл доранд, ки ҳоло дар натиҷаи сиёсати ғаразнок ва таҷовузкоронаи Ғарб ба миён омадаанд. Дар тамоми кишварҳое, ки ба таъсири манфии амалҳои худхоҳонаи Амрико ва тобеъонаш дучор шудаанд, ба зарурати воқеии бозбинии равобити иқтисодӣ ниёз пайдо мешавад, то ки ба тасмимҳои шарикони ғарбӣ вобаста набошанд".
Ҳамчунин аксҳое аз дидори Лавров бо Раисӣ дар расонаҳои Эрон бозтоб ёфта, аммо тавзеҳе дар бораи музокироти миёни онҳо нашр нашудааст.
Ба гузориши расонаҳои Русия қарор аст, ду тараф дар ин дидор дар бораи тавофуқномаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва тавсеъаи муносибатҳои иқтисодии дуҷониба гуфтугӯ кунанд.
Моҳи гузашта Русия гуфта буд, ки Теҳрон ва Маскав, ки ҳарду ҳадафи таҳримҳои сангини Ғарб ҳастанд ва ҳамзамон дорои яке аз бузургтарин захираҳои энержии ҷаҳонанд, бо якдигар дар бораи ҳамкорӣ барои ҳалли ин мушкил гуфтугӯ кардаанд.
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Дар Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад. Он барои чӣ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста