Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард, ки дар кори он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Он ду рӯз - 20 ва 21 июл идома мекунад ва аз натиҷаи он шояд як созмони муштарак таъсис дода шавад.
Рӯзи 18 июл, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.
Баррасии вазъи Афғонистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷӣ
Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, дафтари матбуотии ВКХ хабар дод, ки дар доираи ин нишаст, ҷаласаи якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шуруъ кард, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии мо иштирок дорад.
Ин ниҳод гуфт, “роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуда перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд”.
Дар баробари ин, ба масоили амниятӣ дар заминаи вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса равона гардидааст.
Зимнан, дафтари матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки “роҳбарони кишварҳо оид ба таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор намуда, дурнамои густариши ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунанд. Инчунин, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт».
Созишнома чиро дар бар мегирад?
Ҳамчунин, сарони давлатҳо дар чаҳорчӯби мулоқоти навбатии машваратӣ қасд доранд, санадҳоеро ба имзо расонанд, ки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд.
Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон санадеро нашр кардааст, ки барои имзои ҷонибҳо дар Чолпон-Ота омода шудааст.
Ҳадафи лоиҳаи «Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI» талошҳои таҳкими давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, инчунин таҳкими муносибатҳо бар асоси ҳамсоягӣ ва дӯстӣ гуфта мешавад.
Шартнома инчунин, фаъолсозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳоро дар бахшҳои ҳарбӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, логистикӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, дар соҳаи мудофиаи шаҳрвандӣ, энергетика ва сайёҳӣ пешбинӣ мекунад.
Илова бар ин, мувофиқи санади мазкур ҷонибҳо уҳдадор мешаванд, ки аз истифодаи зӯр ё қувва зидди ҳамдигар худдорӣ намоянд, ба хотири таҳкими сулҳу амният дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ кунанд ва кӯшишҳои худро барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ҳамоҳанг созанд.
Созишнома ба мӯҳлати номуайян баста мешавад, ҳар кишвар метавонад бо огоҳии хаттӣ аз он хориҷ шавад. Мутасаддии ҳуҷҷат Қазоқистон мебошад.
Ин ба он маъно аст, ки ҳама панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд муттаҳид шаванд, то дар ҳолати зарурӣ аз таҳдидҳо ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамдигар ҷилавгирӣ кунанд.
“Ихтилофҳои байни кишварҳо амали Созишномаро ғайриимкон мекунад”
Бархе коршиносон таъсиси созмонро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ қобили қабул намедонанд ва таъкид мекунанд, ки дар сурати мавҷуд будани ихтилофи шадид байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ва сари вақт ба кӯмаки ҳамдигар ҳозир шудан сухан гуфтан душвор аст.
Як сиёсатшиноси тоҷик, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, иттиҳодияи пешниҳодшударо комилан қобили қабул намедонад, зеро мушкилоти зиёдеро дар равобити дуҷонибаи кишварҳои минтақа мебинад.
“Дар бораи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек имзо гузоштани ҳуҷҷат як чиз аст, вале аз ҷониби дигар дӯсти хуб, ҳамсояи нек ва сари вақт ба кӯмаки ҳамдигар ҳозир шудан тамоман чизи дигар аст. Вақте беш аз як сол мешавад марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст ва сари чанд муддат дар манотиқи марзӣ ҳарбиён ва аҳолии осоишта қурбон мешаванд, дар бораи кадом дӯстӣ ва ҳамсоягии нек сӯҳбат кардан мумкин аст?! Ҳамчунин, миёни Қирғизистону Ӯзбакистон масоили марзии ҳалношуда ва ихтилофоти муайян миёни Қирғизистону Қазоқистон низ вуҷуд дорад», - гуфт ӯ.
Илова бар ин, сиёсатшинос афзуд, ки ҳама гуна иттиҳодияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар иттиҳодияҳо «пешво»-и худро доранд ва ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки амбитсияҳояшон тақрибан дар як сатҳ қарор доранд, чӣ гуна ба якдигар «нақши асосӣ”-ро дар ин “намоиш” тақсим мекунанд.
Ба андешаи ӯ, бисёр масъалаҳои дигаре ҳастанд, ки қобили амал будани якҷояшавии пешниҳодшударо зери шубҳа мегузоранд.
"Масалан, моро қудратҳои қавӣ иҳота кардаанд, ки чунин “иқдом”-ро дӯст намедоранд ва онҳо метавонанд дар ҳар лаҳза, чӣ дар кишварҳои алоҳида ва ҳам дар байни кишварҳои минтақа ихтилофоти дохилиро ба вуҷуд оранд”,- хулоса кард сиёсатшинос.
«Баъзе марказҳои ҳоким» муттаҳидшавиро намехостанд...
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва раиси ҲСДТ аз дастёбӣ ба чунин созиш истиқбол кард, вале гуфт, «ин идея нав набуда, онро президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби кишварҳои минтақа пешниҳод кард, ки он замон президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов дастгирӣ мекард».
Аммо, афзуд, ки он вақт ин идея ба таври қонунӣ ба расмият надаромад, зеро «баъзе марказҳои ҳоким» муттаҳидшавиро намехостанд.
Профессор Ҳакимов шарҳ дод, ки Осиёи Марказӣ дар маркази манфиатҳои қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ин ба мавқеъи геополитикии минтақа, иқтидори бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ вобаста аст.
Ӯ бовар дорад, ки Осиёи муттаҳидшуда метавонад ба ҳар гуна нерӯи беруна тоб оварда, иҷоза надиҳад, ки дар оянда ягон мушкилот бидуни назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа ҳал шавад
- Мо мисолҳои кофӣ дорем, ки баъзе марказҳои қудрат бидуни баҳс бо мо дар бораи баъзе масъалаҳо ба ҷои мо тасмим гирифта, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли моро маҳдуд мекунанд", - афзуд профессор.
Иттиҳод ихтилофро байни кишварҳои минтақа коҳиш медиҳад
Зимнан, Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки имзои шартномаи мазкур ба манфиатҳои доимии ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад ва умедро ба он ки минтақа бо роҳи ҳамкорию ҳамёрии дохилӣ пеш меравад, бештар менамояд.
- Бешубҳа, имзо ва татбиқи Созишнома фазои эътимоди мутақобиларо дар Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшида, нуқтаҳои рушди устуворро ба вуҷуд меорад ва ихтилофи эҳтимолиро байни кишварҳои минтақа ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад, - хулоса кард Ризоён.
Ба таъкиди номбурда, худи интишори матни тарҳи Шартнома ва дигар санадҳои марбут ба он пеш аз нишаст аз он гувоҳӣ медиҳад, ки раҳбарияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ қасд доранд, формати ҳамкориҳои дохилиминтақавиро бо ҳадафи баланд бардоштани рақобатпазирӣ, субъектшавии минтақа ва ҳамчунин, устувор намудани мақоми худи кишварҳои он таҳким бахшанд.
Ба таъкиди ӯ, созишнома дар таърихи муосири кишварҳои Осиёи Марказӣ бесобиқа ва беназир буда, амалан тамоми самтҳои ҳамкории мутақобиларо фаро мегирад.
- Гузашта аз ин тамоми соҳаҳои имконпазири ҳамкориро муайян намуда, ташаккул ва татбиқи сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар робита бо равандҳои ҷаҳониро дар назар дорад. Нуктаи меҳварии дигари Созишнома дар он аст, ки роҳу равиши ҳалли мушкилоти дохилии Осиёи Марказиро, ки ба ҳамкории зичи кишварҳои минтақа халал мерасонанд ва татбиқи зарфияти мавҷударо маҳдуд мекарданд, фаро мегирад, - зикр намуд Шералӣ Ризоён.
Номбурда гуфт, ки нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши худро ҳамчун як платформаи калидии ҳамкориҳои давлатҳои минтақа ҳифз мекунад. Дар чаҳорчӯби ин платформа механизмҳои ҳамкории панҷҷониба такмил дода шуда, дар ҳолати зарурӣ дигар мақомоти машваратӣ ва сохторҳои байнидавлатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳамин тариқ, таъсиси як иттиҳоди минтақавӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рӯзнома нест ва тамоми талошҳо барои ҳамкории зич ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои мавҷуда равона карда мешаванд.
Ин сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки равандҳои ҷараёндошта дар Осиёи Марказӣ бо роҳандозии формати мулоқотҳои машваратӣ, ба хусусияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа таъсири мусбат расониданд.
- Омили пандемияи КОВИД-19 бори дигар зарурат ва муҳимияти ҳамкории зичи байни давлатҳоро нишон дод. Осебпазирии кишварҳо дар муқобили чолишҳои тағйирёбии иқлим иродаи қавӣ барои рафъ ё коҳиш додани таъсири онҳо дар сатҳи минтақаро тақозо мекунад. Аз сӯи дигар, дар пасманзари равандҳои ҷараёндошта дар ҷаҳон, нооромиҳо дар фазои пасошӯравӣ ва тағйири авзоъ дар Афғонистон, мавҷудияти як созишномаи фарогирро метавон як зарурати ҳаётӣ ва масъулияти ҳукуматҳои марказии кишварҳо барои тақдири ояндаи минтақа арзёбӣ кард, - афзуд Ризоён.