Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин ва вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки мулоқоти онҳо имрӯз, 1 август сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид кард.
«Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем», - менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ кардааст.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо, инчунин, дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он низ мубодилаи афкор намуданд.
- Бояд гуфт, ки зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, - менависад хадамоти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 31 июл Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин баъди сафари расмӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста