Имрӯз, 5-уми сентябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар оғози мулоқот Сергей Лавров аз таркиш дар сафорати Русия дар Кобул ёловар шуда, таъкид намуд, ки “барои таъмини амнияти сафорат ҳамчунин имкон дорад аз хадамоти махсуси Афғонистон истифода кард”.
Сергей Лавров таъкид намуд, ки пас аз таркиши имрӯза “тадбирҳои ҳифзи ҳудуди сафорат пурзӯр карда шуд”.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин мулоқот гуфт, ки "яке аз масъалаҳои асосӣ ин сафари расмии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон аст ва омодагиҳо дар ин самт идома дорад".
Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар соҳаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ сӯҳбат кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ин дидор имзои барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста