18-уми феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад.
Зикр мегардад, ки Зубайдулло Зубайдзода зимни мулоқот паёми таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидааст.
Тавре дар хабар таъкид мегардад, Башор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намудааст.
“Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд”, - зикр мегардад дар хабари ВКХ.
Гуфтан ба маврид аст, ки 17-уми феврал Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон рӯзҳои наздик бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла, маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ мефиристад.
Ҳамчунин, дар ин нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин зикр карда буд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳои Сурия бештар аз 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боқи мондаанд ва мақомоти кишвар талош доранд, онҳоро ба ватан баргардонанд.
Дар соли 2022, мақомоти масъули Тоҷикистон аз паноҳгоҳҳои Сурия 146 нафар, аз ҷумла 122 кӯдак ва 24 занро ба ватан баргардонида буданд.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста