Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам яке аз мустақилтарин шахсиятҳои ҳукумат то поёни даврони ҳузураш дар арикаи қудрат медонанд.

Ҳарчанд то поёни солҳои 90-ум аз ӯ гоҳ-гоҳе ба унвони яке аз муддаиёни қудрат ном мебурданд, вале Достиев ҳеч гоҳе барои қудрати сиёсӣ ошкоро мубориза накард, ҳарчанд ҳизби ҳокими имрӯз – ҲХДТ-ро дар соли 1994 бо номи Ҳизби халқии Тоҷикистон таъсис карда буд. Баъдан ин ҳизбро ҳам дар ихтиёри Эмомалӣ Раҳмон гузошт ва дар ҳукумати баъдиҷангӣ ҳам барои таҳкими пойдории низоми сиёсии Тоҷикистон кор кард.

Ин чеҳраи замоне хеле таъсиргузори саҳнаи сиёсӣ Тоҷикистон ва аз касоне, ки дар садри ин ҳукумат қарор дошт, имрӯз ба 77-солагӣ расид.

Матлаби зерин ду сол пеш, бо баҳонаи рӯзи зодрӯз нигошта шуда буд ва кушише дар самти арзёбии шахсияти сиёсиву давлатмадории эшон буд.

Сиёсатмадори фарҳангӣ ё яке аз такягоҳи зиёиён дар ҳукумат

Абдулмаҷид  Достиев, мисле ки дар адабиёти сиёсии форсӣ мегӯянд, сиёсатмадори кӯҳнакор аст. Таъбири кӯҳнакор ба маънои касест, ки дар сиёсат таҷрибаи калони кор дорад. Достиев ҳанӯз аз замони Шӯравӣ дар мансабҳои ҳизбӣ кор карда буд ва таҷрибаи сиёсиву раҳбарии мактаби ҳизбии вақтро гузашта буд. Ин буд, ки дар фаъолиятҳои баъдӣ тавонист шахсияташро аз лағзишҳои калон ҳифз кунад. Дар солҳои охири 80-ум раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи он замон Коммунистӣ ва баъдҳо Бохтару ҳоло Кушониён шуд.

Аз ҳамин мақом роҳи ӯ ба сиёсатҳои калонтар боз шуд. Дар оғози бедории миллӣ ва ибтидои солҳои 90-ум, ки мутаассифона бедориҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, Достиев дар вилояти Қурғонтеппаи собиқ ба яке аз чеҳраҳои аслӣ табдил шуд.


Нақш ва ҷойгоҳи шахсияти Достиевро дар замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ бояд пурра омӯхту дақиқ арзёбӣ кард. Ин ниёз ба кори ҷомеътару пурратар дорад, ки онро барои замони дигаре вомегузорем. Ва ҳамчунин ин шабу рӯз замони бисёр муносибе барои ин кор нест, вале дар зимни ин матлаб, албатта гаҳу ногаҳ ба ин мавзуъ ҳам ишораҳо хоҳем дошт.

Достиев шахсияти фарҳангӣ ҳам ҳаст. Барои ҳамин дар миёни аҳли сиёсат ӯ Абдулмаҷид Достиев асту дар миёни аҳли фикру фарҳангиҳо Абдулмаҷид Бохтарӣ. Бо тахаллуси Бохтарӣ шеър ҳам менависанд, шеърҳои сиёсиву миллигароёна.

Ба бовари аксари аҳли таҳқиқ ва фарҳангиёну ровиёни замони даргириҳо дар Қурғонтеппаи собиқ, агар ба ҷойи Достиев каси дигаре  аз пештозони яке аз ҷонибҳои баҳсу даргирӣ дар ин минтақа мешуд, вусъати фоҷеа ва ҷанг, бебаҳс, калонтару пурқурбонитар мебуд. Ҳарчанд ҳомиву дар канори чеҳраҳои пурбаҳсу ҷангсолори шаҳрвандӣ - Файзалӣ Саидов, Хӯҷа Каримов, Иззат Кӯганову Ёқуб Салимов будани Достиевро бархеҳо дигаргуна баррасӣ мекунанд.

Бидуни шак, Достиев як сиёсатгари фарҳангӣ аст. Ҳамин аст, ки вақте ба саҳнаи сиёсати калон ва мақомҳои бузург дар ҳукумат расид, ҳамеша такягоҳи фарҳангиён буд. Ӯ ҳанӯз дар поёни ҳукумати шӯравӣ ба мавзуъот бархӯрди фарҳангӣ дошт. Ҳамин буд, ки ӯ пешниҳоди бархе аз рӯзноманигорону рӯшанфикрони Қурғонтеппаро дар солҳои 90-уми пазируфт ва лоббигарӣ кард, ки номи ноҳияи Коммунистӣ Бохтар шавад. Ва ин Бохтар идомаи номӣ ӯро баъдҳо милливу фарҳангӣ кард – Абдулмаҷиди Бохтарӣ.

Соли 2003 дар ҷашнгирӣ аз 100-солагии шоири хушном Мирсаид Миршакар Достиев зимни суханронӣ гуфт, ки вақте баъди Иҷлосияи 16-ум ҳукумати нав кори худро сар кард, як рӯз Миршакар ба утоқи ман омад ва гуфт, ки шумо роҳбарони ҷумҳурӣ забонро соҳибӣ кунед, вожаҳои бисёру бегонае ба забон ворид шудаанд, ки минбаъд забонро мушкил мекунанд.

Баъдҳо мо дидем, ки утоқи кори Достиев ҷойи арзу ниёзи фарҳангиҳову донишмандон буд. Ва муҳимтар ин буд, ки розу ниёз дар бештари маврид таҳаққуқ пайд мекард. Ҳамагон қиссаи аз дасти беовикҳо халос кардани шоири пуровозаи кишвар Гулрухсорро бо дахолати Достиев медонанд ва инро яке аз камтарин корҳои ӯ барои фарҳангиён медонанд.

Достиев ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон

Дар ин авохир, баъди аз мақоми сафирӣ дар Русия канор рафтани Достиев, дар ҷашну маъракаҳои муҳимми сиёсӣ кампайдо шудани ӯро бисёриҳо ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанду вобаста мекунанд. Аммо як чиз собит аст, ки ӯ яке аз ёрони содиқи Эмомалӣ Раҳмон буд ва ҳаст.

Назари Достиевро дар бораи ҳақиқату пушти ҳақиқатҳои Иҷлосияи Хуҷанд метавон аз китобҳояшон дарёфту таҳлил кард, аммо як чиз дақиқ аст, ки Достиев яке аз нафарони калидии ин иҷлосия – раиси Котиботи он буд ва мешавад гуфт, ки яке аз поягузорони ҳукумате шуд, ки бар пайи ин иҷлосия ба қудрат расид.

Достиев баъди рӯйи кор омадани ҳукумати нав дар поёни соли 1992 муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олӣ буд ва муҳимтарин ва калидитарин корҳои давлатдориро раҳбарӣ ва мудирият мекард.

Аз ҷумла ӯ комиссияҳои пазируфтани рамзҳои давлатӣ: парчам, суруди миллӣ ва нишонро раҳбарӣ кард. Коргуруҳи навиштани конститутсияро Достиев раҳбарӣ кард ва беҳтарин ҳуқуқшиносҳо барои ин кор ҷалб шуданд. Ҳарчанд ин конститутсия дар як замони буҳронӣ навишта шуд, вале яке аз хубтарин конститутсияҳое эътироф шуд, ки он шабу рӯзҳо дар кишварҳои Шӯравии собиқ навишта шуданд. Ҳатто бештари мухолифон баъдҳо ба ин нукта ҳам таъкид карданд, ки конститутсияи зери раҳбарии Достиев фақат ғаразҳои умумимиллиро дар бар гирифт.

Достиев яке аз тарроҳон ва муаллифони ин қонститутсия буд ва ҳамин буд, ки ба он чӣ дар қонун ворид шуда буд, пойбанд монд. Достиев ҳамчунин Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти қудратиро дар соли 1993 раҳбарӣ мекард, ки ба дӯши ин ниҳод масъулиятҳои калоне бор шуда буд.

Ҳамчунин Достиев, ки дар ҳукумати дар ҳоли шаклгирии Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бедареғе кард, ба поси ин ҳама хидматҳо ва унвони нафаре, ки ин шоистагиро дошт, дар даврони пасонизоии Тоҷикистон ҳам дар Комиссияи оштии миллӣ чеҳраи калидии ҳукумат буд ва муовини аввали раиси Комиссия таъин шуд. Бисёриҳо ҳузури Достиевро дар ин комиссия дар он замони хеле ҳассос як бурди миллӣ унвон мекунанд.


Шахсияти Достиев: дар бофтори сиёсати Тоҷикистон ва дар китобҳояш

Абдулмаҷид  Достиев ба унвони як сиёсатгари фарҳангӣ дар баробари корҳои муҳимми давлатдорӣ, китобҳои зиёде навиштанд, ки агар коркардҳои ӯро дар сиёсату ҳукумат мардум ва таърихнависон баҳо медиҳанд, китобҳои ӯ дидгоҳҳо ва андешаҳои ӯро дар бораи сохтани давлати Тоҷикистон баъди фурӯпошии Шӯравӣ бозгӯ мекунанд.

Муҳимтарин китобҳои Достиев “Мавқеъ” (1999), “Аз худ натавон гурехтан” (2001), “Тоҷикистон – шикастанҳо ва бастанҳо” (2003), “Истиқлоли Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он” (2005), “Ваколати инсонӣ” (2005), “Ситораи ғолиб” (2006), “Раҳоварди зиндагӣ” (2007), “Таджикистан после распада СССР” (2007) мебошанд.

Дар бархе аз ин китобҳо Достиев ҳамчун ҷомеашинос ба суроғи решаковии иллатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рафта, аз гуфтани ҳақиқат рӯ натофтааст. Аз ҷумла, ӯ дар яке аз китобҳояш менависад:

“Ман дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон дар вазифаҳои баланди давлатӣ, ки аксарият орзуяш доранд, фаъолият карда, садри раёсати ҷамъомаду анҷуманҳои бошукӯҳи умумимиллӣ будам, дар матбуоту телевизион соатҳо баромад мекардаму дар ҳама ҷо чеҳраи шинохтаву бологузар. Бисёриҳо барои хотира рӯйи коғаз ва китоб “автограф”-амро мегирифтанд, вале мутаассифона, он самимияту меҳрубонӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ё ҳаловати зиндагиву хотирҷамъӣ аз фардову ояндаи худу фарзандону наздикон ва пеш аз ҳама, қавму диёрро, ки замони дар водии Вахш дар маснаду вазифаҳои пасттар доштанам буд, надидаам. Он солҳо ҳамаи мардуми водӣ бо ҳам ёру бародар, дӯстони якдил буданд. Дар ин сарзамини пурсаховат падидаи миллатхӯр — маҳалчигӣ аслан ному нишон надошт, инро ба мо, баъдтар “туҳфа” оварданд. Аниқтараш, баъди таъсис ёфтани вилояти Қӯрғонтеппа (апрели соли 1977)… Баъд ибораҳои “Ту аз куҷоӣ? Фалонӣ кисту куҷоист?” пайдо шуду оҳиста-оҳиста қувват гирифт”.

Ин эътирофи Достиев, дар воқеъ яке аз ҷавонмардиҳои илмие, аст, ки эшон дар китобҳояшон кардаанд, зеро бархеҳо ӯро ҳам яке аз чеҳраҳои ҳамин “падидаи миллатхӯр – маҳалчигӣ” низ ном мебаранд, ки дар ҳаводиси шадиди Қӯрғонтеппаи солҳои 90-ум, амалан яке аз тарафҳои қазия буд.

Ҳамин буд, ки бештари муҳаққиқони гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон Достиевро муаллифи тарҳи даст кашидан аз фикри “кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ” ва рӯй овардан ба  “ҳоло аз ҳама муҳим – хотима додани хунрезист” медонанд.

Ҳатто сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ яке аз суҳбатҳои хусусии Абдулмаҷид Достиев бо Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар Эрон барои ба маҷрои дуруст роҳ пеш гирифтани раванди музокироти сулҳи тоҷикон бунёдӣ медонад.

“Онҳоро водор кардам, қабл аз оғози музокирот бо ҳам суҳбат кунанд, то якдигарфаҳмӣ шавад. Соати шашуними субҳ ҳардуяшонро ба як ҳуҷра овардам. Сӯҳбаташон тӯли бештар аз ду соат идома кард. Вақте берун омаданд, дар чеҳраҳояшон дилгармӣ ва умед барои барқарории сулҳ дида мешуд”, - гуфт Шабистарӣ дар маҳфили “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”, ки дар бораи зарурати ҳифзи сулҳи тоҷикон суҳбат мекард.

Достиев 15 сол муовини аввали Порлумони Тоҷикистон буд. 7 сол сафири кишвар дар Русия. Даврони сафорати эшон ҳам шебу фарозҳои сиёсиву иҷтимоиро ба ҳамроҳ дошт. Дар даврони сафорати Достиев сару садоҳои зиёде ба маҳофили сиёсиву иҷтимоӣ мерасид. Аммо Достиев дар мақоми сафирӣ ҳам то ҳадде, ки тавонист барои тақвияти низом кор кард.

Ӯ дар як даврони буҳронӣ шудани равобити Тоҷикистону Русия ба Маскав фиристода шуд. Замоне буд, ки Русия ба паймонҳое, ки бо Тоҷикистон карда буд, пойбандӣ нишон надод. Ваъадаҳои милёрдӣ барои сармоягузорӣ бар иқтисоди Тоҷикистон иҷроӣ нашуд. Достив дар ин вазъияти буҳронӣ ҳам кор кард ва вақте аз Маскав бар мегашт равобити Тоҷикистону Русия одиву стратегӣ пеш мерафт.


Аз ҷумла бархеҳо, ройгон фиристодани мурдаи муҳоҷирон, ҷорӣ нашудани раводид миёни Маскаву Душанбе ва талошҳо барои ба ҳам овардани муҳоҷиронро зери як ниҳоди боэътибор аз корҳои мондагори Достиев дар Маскав медонанд.

Ӯ ҳатто дар даврони сафораташ дар Маскав ду бор ба аёдати Шаҳбол Мирзоев, сарбози артиши кишвар, ки бар пайи сарбозозорӣ лату кӯб шуда буду 7 сол маҷрӯҳ буду имсол даргузашт, рафта буд. Барои табобату сафарҳояш ёрии инфиродӣ карда буд. Амале, ки чеҳраҳои дигари сиёсӣ дар Тоҷикистон дар баробари Шаҳбол Мирзоев ҳеч гоҳе накарданд. Мутаассифона Шаҳбол бар асари он лату кӯбе, ки 7 сол пеш шуда буд, даргузашт. Он замон ин гуфтаи Достиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи истиқболҳоро ба бор оварда буд:

"Хеле одамони хубу фаҳмида будаанд ин хонавода. Худи Шаҳбол ҳам бисёр як бачаи зебову хушмуомила ва боодобу нозанин будааст. Хеле дилам барояш сӯхт. Ман ҳатто намедонистам, ки имрӯз зодрӯз дорад. Вақте фаҳмидам, табрикаш кардам. Зимнан писари ман низ дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст. Аз Шаҳбол пурсидам, ки дилат ҳоло бештар аз ҳама чӣ мехоҳад? Гуфт, ки манту. Ваъда кардамаш, ки ба ҳамсарам мефармоям, бароят хатман манту пухта меорад”.

Чаро Достиев кампайдо шуд?

Мероси сиёсии Достиев дар Тоҷикистони навин дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад, шояд яке муҳимтарин мероси сиёсии ӯ зери Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ будани имзои ӯ бошад. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш сулҳро бар ҷанг тарҷеҳ дода буд: “Вале агар зиндагӣ аз сари нав шурӯъ мешуд, ба ҷуз аз солҳои ҷанг ба такрори дигар солҳову корҳоям розӣ будам. Пурра розӣ будам. Фақат ҷанг мисли як доғи сиёҳ дар таърихи мо ва саҳифаи умри мо меистад. Агар ҳамонро гирифта партоем, аз ҳамааш розӣ ҳастам”.

Ҳоло, ки Достиев ба иборати маъмул “давлати пирӣ меронад”, шоҳидони ҳол мегӯянд ҳаёти хеле сода ва бениҳоят хоксорона дорад. Аммо суоле, ки зеҳни ҳамагиро машғул доштааст, ин аст, ки чаро Достиев, яке аз чеҳраҳои муассир, шахсияти мустақил ва коромадтарини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, баъди бознишастагӣ кампайдо шудааст. Посух ёфтан ба ин суол хеле мушкил аст. Зеро ҷаноби Достиев дар солҳои ахир аз додани мусоҳибаҳо худдорӣ мекунанд ва ин вазъро ҳеч гоҳе шарҳу тафсир накардаанд. Вале ҷомеаи Тоҷикистон ҳам барои додани ин суол ва ҳам барои посух гирифтан ба ин суол ҳаққи саддарсадӣ доранд. Чаро, ки Достиев танҳо як мансабдор бақудратрасида набуд, балке аз поягузорони низоми нави сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.


Ҳоло ба иттилои дақиқи мо Достиев ба навиштани ёддоштҳои худ сахт масруфанд, ки шояд ин ҳам ба бахти миллати тоҷик бошад. Чаро ки, Достиев ҳам соҳиби сухан буд ва ҳам аҳли сухан аст. Мегӯянд, ба деҳааш Виён дар Кушониён кам-кам сафар мекунад, то аз бародари худ Ҳоҷӣ Абдурашид ва хоҳари бемораш аёдат намояд. Ӯ дар яке аз суҳбатҳо гуфта буд: “Шукр, ки ба ин рӯзҳо расидем”.

Бархеҳо ин гуфтаи Достиевро як навъ хулосаи дурусту мантиқии ӯ аз ҷанги нангини шаҳрвандии Тоҷикистон медонанд: "ба ғайр аз мардуми одӣ, боқӣ ҳама роҳбарон, хоҳ ришдор бошанд ва хоҳ галстукдор, гунаҳгоранд. Яъне, ҳукумати замон, мухолифини ҳукуматхоҳ ва бетарафҳо низ моҳи беайб нестанд”.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" барои  Абдулмаҷиди Бохтарӣ — сиёсатмадор, шоир, нависанда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, арбоби хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон ва  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва яке аз симоҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар чеҳра ва ҳузури сиёсиаш равандҳои мусбату манфии ҷангу сулҳи Тоҷикистонро таҷриба кардааст, дар ин рӯзи зодрӯз саломати ва осудаҳолӣ мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.