Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 май бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз инчунин фиристодаи вижаи президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад.
Гуфта мешавад, таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов низ дидору гуфтушунид карда, дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲАва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.
“Сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад”, - таъкид дошт сарвари давлат.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.