Тоҷикистон дар Конфронси III Клуби мубоҳисавии «Валдай» дар Осиёи Марказӣ иштирок мекунад. Конфронси Валдай дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: Иртибот бо ҷаҳони тағйирёбанда” рӯзҳои 16 ва 17 май дар Донишгоҳи давлатии Томск баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ ҳудуди 60 коршинос аз Русия, Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Муғулистон ҳузур доранд, хабар дода мешавад дар сомонаи клуб.
Дар ин нишаст Тоҷикистонро директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова, инчунин муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров намояндагӣ мекунанд.
Дар ҷаласаи аввал намояндагони Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ, Маркази тадқиқоти Авруосиёи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО)- ВКХ Русия, инчунин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маърӯза карданд.
Аз замони таъсиси он президенти Русия Владимир Путин ба таври анъанавӣ бо иштирокчиёни чорабинӣ мулоқот мекунад.
Чиҳо баррасӣ мешаванд?
- Ҷанбаи сиёсии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ;
- Иқтисодиёти нави ҷаҳонӣ ва ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Русия;
- Шарикии бузурги авруосиёӣ дар шароити муосир;
- Чолишҳои нав ва анъанавии амниятӣ барои кишварҳои минтақа ва Русия.
Чӣ назарҳо аллакай изҳор шуданд?
“Ин давлатҳои хавфҳоро ба уҳда гирифтан намехоҳанд”
Аз ҷумла, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор дошт, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ возеҳу аён мегӯянд, омода нестанд ба таваккал даст зананд ва метавонанд ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бипайванданд.
«Бо вуҷуди мувофиқати мавқеъҳо дар мавриди ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ будани маҳдудиятҳои якҷонибаи иқтисодӣ, як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди ин намехоҳанд, ки хавфҳои дахлдорро ба дӯш гиранд, онҳо возеҳ нишон медиҳанд, ки омодаанд чораҳои маҳдудкунандаи Ғарбро риоя кунанд», - гуфтааст муовини вазир.
Ӯ изҳори итминон кардааст, ки дар пойтахтҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ инро хуб мебинанд ва дарк мекунанд: тахриби сунъии равобит бо Русия метавонад хисороти ҷиддитар аз хароҷоти таҳримҳои дуввумдараҷаи маъруфро ба бор орад.
Забони таҳдидҳои ИМА
Рустам Ҳайдаров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки Амрико "бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба забони таҳдид гуфтугӯ карданро оғоз кардааст".
Ӯ зикр кардааст, ки имрӯз низоъи низомӣ дар Аврупо ба як ҷанги проксии Ғарб алайҳи Русия мубаддал шудааст ва Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ҳоло "зери ҳадафи Ғарби дастаҷамъӣ" қарор доранд.
Рустам Ҳайдаров таъкид доштааст, ки кишварҳои минтақа бо он давлатҳое, ки “ба рушди онҳо саҳм мегузоранд” равобити худро густариш хоҳанд дод.
Дар робита ба ин, вай ба Русия пешниҳод кардааст, ки формати ҳамкории “БРИКС+ Осиёи Марказӣ” фаъол шавад, зеро кор дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ+1” ба манфиатҳои минтақа пурра ҷавобгӯ нест.
Дар навбати худ, Михаил Галузин дар робита ба ИМА ва НАТО зикр кардааст, ки онҳо кӯшиши аз сар гирифтани машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва истиқрори зерсохторҳои ҳарбиро бас намекунанд.
"ИМА ва НАТО саъй доранд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба истилоҳ ба барномаҳо ва тамринҳои шарикӣ ҷалб кунанд, онҳо даъват ба эҳёи машқҳои муштарак дар минтақа ва истиқрори зерсохтори низомии худро хотима намедиҳанд", - гуфт Галузин.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки Русия ва СААД "кафилҳои бидуни алтернативаи амният дар минтақа мебошанд".
Масъалаи сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин изҳор доштаст, ки Маскав ҷонибдори ҳалли ҳарчи зудтар ва ниҳоии баҳси марзӣ миёни Душанбеву Бишкек аст.
"Бо қаноатмандӣ ҷараёни мусбати ин равандро зикр мекунем" иброз доштааст номбурда.
Галузин зикр кардааст, ки ҳамкории зич бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва хатари террористӣ аз Афғонистон идома дорад.
«Дар пасманзари зуҳури тамоюлҳои тундгароии мазҳабӣ, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин хел арзишманд аст», - гуфтааст ӯ.
Сармоягузории Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Ба гуфтаи Галузин, ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Осиёи Марказӣ дар соли 2022 беш аз 3,6 млрд долларро ташкил додааст.
“Ҳаҷми маблағгузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 млрд долларро ташкил додааст”, - илова намудааст вай.
Афзоиши квотаҳо барои донишҷӯён
Ба гуфтаи Михаил Галузин, ҳоло дар Русия ҳудуди 185 ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд, ки таҳсили ҳудуди 68 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷети Русия маблағгузорӣ мешавад.
«Дар соли таҳсили 2023-2024 квота барои таҳсили шаҳрвандони Қазоқистон - 200 ҷой, Қирғизистон - 200 ҷой, Ӯзбекистон - 50 ҷой ва Тоҷикистон - 152 ҷой илова шуданд», - гуфтааст Галузин.
Ғайр аз ин, дар Қирғизистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олии пешқадами Русия ба нақша гирифта шудаааст.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста