Тоҷикистон дар робита ба “ҳаводисе, ки байни ду кишвар - Русия ва Украина ба вуқӯъ пайвастааст” мавқеи холисона дорад ва афазилияте ба ягон ҷониб намедиҳад. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти назди президенти Тоҷикистон гуфт ва таъкид кард, ки “Тоҷикистон кӯшиш мекунад, бо ҳарду ҷониб муносибати хуб ба роҳ монад”.
Ӯ, ки имрӯз, 4-уми август дар назди рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, зикр кард, ки Тоҷикистон дар ҳаводиси байни ду кишвар сиёсати амалгароёнаро роҳандозӣ намудааст ва бинбар ин, ин муноқиша ба суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон камтаъсир буд.
“Мо кӯшиш менамоем, дар ин вазъ пеш аз ҳама робитаро бо кишварҳои минтақа тақвият диҳем. Имрӯз кишварҳои минтақа муносиабтҳои иқтисодии худро ба ҳамдигар наздиктар кардаанд. Тақвияти муносибатҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат имконият фароҳам овард, ки таъсири манфии ҳодисаҳои Русия ва Укрина ба ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон камтар мушоҳида шавад”, - гуфт директори МТС.
Хайриддин Усмонзода заифтар шудани мавқеи Русия ва ҳамин тариқ, нуфузёбии мавқеи Чинро дар Тоҷикитсон баъди ҳаводиси Украина рад кард ва гуфт, “Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои таъсиргузор тавозунро риоя мекунад ва дар ин маврид афзалиятро ба ягон кишвар намедиҳад”.
“Дар ин маврид сиёсати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи фароминтақавӣ санҷидашуда аст ва он таконҳое, ки дар баъзе кишварҳои дигар дар масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ рӯй дод, дар мисоли Тоҷикистон ин паёмадҳо мушоҳида нашуд”, - гуфт ӯ.
Бо гузашти беш аз як сол аз муноқишаи Русия ва Украина Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ мавқеи худро дар робита ба ин ҳаводис баён накардааст ва ҳамин тариқ, ҳеҷ ҷонибро дастгирӣ нанамудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон аз мавқеи кишвар дар ин муноқишаҳо зиёд суҳбат накард ва бори дигар аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуда, гуфта буд, ки Тоҷикистон бо Украина низ муносибату хуб дорад ва “мо тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.
Ин дар ҳолест, ки чанд созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои ҳимоят аз Русия дар ин ҷанг танқид мекунанд.
Аз ҷумла, чанде пеш Иттиҳоди Аврупо ва Департаменти давлатии ИМА гуфта буданд, ки бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Русия ҷиҳати убури таҳримҳо, таҳрим ҷорӣ мекунанд.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста