Яке аз мубаллиғони баҳсбарангези сиёсати Русия шарти “зиндагии шоиста” барои тоҷикон ва дигар муҳоҷирон дар ин кишварро “азхудкунии забони русӣ” ва “қабули дини провославии масеҳӣ” номид. Коршиносони тоҷик изҳороти ин идеолог – файласуфи русро “нишона аз истисмор” ва намоиши “зӯрӣ”-ву “абарқудратӣ” номиданд.
Александр Дугин, ки аз ӯ ҷонибдорону мубаллиғони сиёсати Кремл чун файласуф ва мухолифонаш ба ҳайси идеолог ва машваратчии роҳбарияти Русия ном мебаранд, дар Телеграм канали худ рӯзи 16-уми август навишт, ки “барои тоҷикон - мардуми наҷибу қадимаи эронӣ як сенарий дорад”.
“Ҳама забони русиро омӯзанд, осори Блок ва Клюевро азёд донанд, мазҳаби православиро қабул карда фарзандонашонро таъмид диҳанд (крестить детей), рӯзаи православӣ (поститься) гиранд ва дар ҳайати артиш боҷасорат аз Русия дифоъ кунанд. Ҳамонгуна, ки бояд мардуми бузурги ҳиндуаврупоӣ рафтор кунад. Баъдан, баъди адои қарз назди Русия Кабир, аз ҷабҳа баргашта, мисли шаҳрвандону афроди боэҳтиром зиндагиву кор кунанд. Ин муносиб ва дуруст аст. Агар ин хел нахостанд, дигаргуна буда наметонад”, - навишт Дугин.
Яке аз пойгоҳҳои иттилоотии зидди муҳоҷирон “Царьград” , ки қаблан роҳбарии онро Дугин ба зимма дошт, навишт, ин “сенария”-и “файласуф” навъе вокуниш ба сафари гуруҳи кории ҳукумати Тоҷикистон ба Русия аст.
Ин изҳороти Дугин, агар нарм карда гӯем, дар Тоҷикистон саволҳои печидаро ба миён овард. Магар Русия акнун давлати сермиллат ва гуногунмазҳаб нест? Магар ислом дуввумин дини калонтарин дар Русия нест, ки тибқи бархе сарчашмаҳо аз 20 то 25 миллион нафар пайрав дорад?
Барои зиндагӣ ва кори шоиста дар Русия акнун тоторҳо, бошқирдҳо, мардуми Қафқози шимолӣ, ки аксарият мусалмонанд, низ бояд ҳатман дини масеҳиро қабул кунанд, дар калисо издивоҷ кунанд ва кӯдаконро таъмид намоянд? Ё ин зарбулаҷал танҳо барои тоҷикон аст, ки аксарияти кулл мусулмононд?
Ду рӯз қабл, дар ҳамин сомона матлаби дигаре дар бораи тасмими Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои эъзоми гурӯҳҳои корӣ ба Русия барои тафтиши шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик нашр шуда буд.
Қаблан вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар пайи афзоиши озору таҳқири муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфта буд, ки барои санҷиши шароити зиндагии муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар гуруҳи корӣ сафарбар шудааст.
Кирил Кабанов, узви Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар хашмгинона нвишт: “Чаро онҳо моро тафтиш мекунанд. Агар ба шаҳрвандони Тоҷикистон чизе писанд наояд, чаро онҳо аз қаламрави паҳноварамон берун намераванд?
“Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба мо, нарм карда гӯем, хеле аҷиб шудааст. Аз суханҳои иброздоштаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба президенти кишвари мо (чанде пеш буд) то паёмҳои вобаста ба он ки агар нисбати шаҳрвандони мо парвандаи ҷиноӣ оғоз кунед, аввал бо мо машварат кунед...”.
“Нишонаи истисмор” ва намоиши “абарқудратӣ”
Ба ин “сенария”-и баҳсбаренгез ва дур аз воқеияту мантиқи Дугин мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз посух надодааст. Дар ҳамин ҳол Қазоқистон ду рӯз қабл, пас аз чаҳор ҳушдор дар робита ба нашри матолиби ифротгароӣ, ин сомонаро дар қаламрави худ масдуд кард.
Дар ҳоле, ки Душанбеи расмӣ хомӯш аст, мо аз коршиносон хоҳиш кардем, ки ин изҳороти Дугинро шарҳ диҳанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи инсон:
“Дугин шахсест, ки ба сиёсати давлатии Русия таъсир мерасонад. Ва ин изҳорот боз як тасдиқи ақидаҳои фашистии вай мебошад, ки ба муқобили арзишҳои умумибашарӣ нигаронида шудааст.
Ин изҳоротро метавон чун таҳқири мустақим ба халқу давлати тоҷик арзёбӣ кард ва фикр мекунам, ки мақомоти кишвари мо бояд дар ин маврид мавқеи расмии худро баён кунанд”.
Абдумалик Қодиров, сиёсатшинос:
“Аслан, Дугин аз файласуфон ва мубаллиғони асосии Русский Мир аст ва мусаллам аст, ки ҳарчӣ мегӯяд, танҳо ба манфиати миллати рус мегӯяд. Ва ӯву ҳамроҳонаш тайёранд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои миллатгароёнаи худ ҳама чиз ва ҳама касро қурбон кунанд.
Албата, донистани забони русӣ барои онҳое, ки ба ин кишвар сафар кардаанду дар он ҷо кору зиндагӣ мекунанд, муҳим аст, то эшон худро нороҳат ҳис накунанд ва бо корфармо ва мардуми бумӣ тавонанд муколама кунанд. Вале бор кардани дину фарҳанги худ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо истифода аз вазъи ноилоҷонаи онҳо ва болотар аз он, ба ҷанги истилогарона ба Украина равон карданашон нишона аз муносибати истисморонаи ин “файласуф” бо мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.
Имрӯз, ки Русия дар ботлоқи ҷанги истилогарона ғӯтидааст ва ба қавле, “ба халосгар зор шудааст” Дугин ва амсоли ӯ ба беҳуқуқтарин қишри ҷомеаи имрӯзаи Русия - муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ часпидаанд, то бо истифода аз ҷони инҳо чанд қадам аз замини истилокардаашонро нигаҳ доранд. Ва изҳороту пешниҳодоти Дугин ва ҳаммаслакони ӯ, агарчанде дар кӯтоҳмуддат аз ҷониби ҳокимони рӯзи Русия дастгирӣ наёбад ҳам, вале дар миёнамуддат ва дарозмуддат ҳатман дастгирӣ хоҳад ёфт, ки он барои муҳоҷирони меҳнатӣ дарди сар хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, пешвоёни имрӯзаи тоҷикро зарур аст, ки ба ваъдаҳои норавшани мақомоти имрӯзаи рус дар мавриди фишор наовардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ бовар накарда, ҳарчӣ зудтар аз паси пайдо кардани роҳҳои алтернативӣ барои муҳоҷирони меҳнатиамон ва эҷод кардани ҷойҳои нави корӣ дар ватан шаванд, то ҷони ҷавони ин муҳоҷиронро дар хатар нагузоранд”.
Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ:
“Русия мушкилоти зиёд дорад ва вориди бунбаст шудааст. Тақрибан аз тамоми дунёи пешрафта ронда шудааст. Пас ҷое барои нишон додани “зӯрӣ” ва “абарқудратӣ”- аш бояд дошта бошад. Ин шояд ба хотири нишон додани нерӯмандиаш назди мардуми Русия бошад, то онҳо бовар кунанд, ки шаҳрванди кишваре ҳастанд, ки ҳамоно аз он метарсанд.
Инро дар кишварҳое мисли Тоҷикистон хуб мефаҳманд, аз ин хотир, ҳарфи чунин коршиносонро ҷиддӣ намегиранд ва бархӯрд намекунанд.
Шояд аз ин гуна изҳоротҳои бемасъулиятона, ки аз ҷумла нисбати Тоҷикистон мекунанд, дар Душанбе ҳам манфитатҳое дар қолаби сиёсати хориҷӣ эҳсос шавад ва барои ҳамин чашмпушӣ шавад ба онҳо. Ё изҳороти хеле малеҳе мисли вазири корҳои хориҷии мо кунанд, ки "бархӯрди русҳо ба муҳоҷирон оҳанги сиёсӣ надошт”.
Лилия Гайсина, коршиноси ВАО:
“Чанд сол пеш ман ба гуфтаҳои нафароне чун файласуф Дугин эътибор намедодам. Аммо, акнун фикр мекунам, ки чунин изҳоротҳо, ҳадди аққал, бояд ба назар гирифта шаванд.
Гап дар сари он, ки тезисҳои истифодакардаи ин мубаллиғи рус хандаовар ва бемаънист, вале мутаассифона, баъзеҳо онро қабул мекунанд.
Маслиҳати Дугин барои тоҷикон, ба назари ман, бештар ба тамошобинони рус нигаронида шудааст, ӯ бароли эҷоди як воқеияти алтернативӣ, пеш аз ҳама, барои ҳамватанонаш идома медиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки тоҷикон аз ин зарар набинанд”.
Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшинос, роҳбари созмони ҳуқуқии “Ҳимоя”:
“Изҳороти мазкур хусусияти хоси фашизмро дорад, вақте ки як миллат аз дигараш болотар гузошта мешавад. Дугин бо суханони миллатчигии худ дар бораи дигар халқҳо машҳур аст.
Мақомоти интизомии мо тамоми салоҳиятро доранд, ки ба ин гуфтаҳо баҳо дода, парвандаи ҷиноӣ боз кунанд”.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон:
“Ин пешниҳоди як файласуф аст ва ман аз он ҷонибдорӣ мекунам. Ман ҳам ба русҳои хоҳишдошта пешниҳод мекунам, ки мусалмон шаванд то наздиктар шавем. Қаблан чунин падида буд – мо якҷо давлати бузурги Шӯравиро ҳифз кардем. Чандин тоҷик қаҳрамони шӯравӣ шуду русҳо дар Тоҷикистон қаҳрамони шӯравӣ шуданд. Мо бояд бо таҳияи барномаи миллӣ ва давлатӣ наздикшавии ду миллати бузургро тақвият бахшем.
Омӯзиши забони русӣ ҳеҷ зараре надорад ва он қисми фарҳанги миллии мо шудааст. Агар русҳо ҳам тоҷикиву форсиро омӯзанд, бо бузургтарин фарҳанги ҷаҳонӣ пайванд мешаванд. Мардуми Эрону Афғонистону Ӯзбекистон низ бояд дар ин раванд ҷалб карда шавад”.
Ин бори аввал аст...
Бояд гуфт, ки чунин изҳоротҳои зиддунақиз ва баҳсбаренгези чеҳраҳои матраҳи Русия алайҳи муҳоҷирон ва умуман халқиятҳои Осиёи Марказӣ бори аввал садо намедиҳад. Қаблан Владимир Жириновский, роҳбари яккатози Ҳизди либерал - демократи Русия сари ҳар чанд вақт алайҳи муҳоҷирон ва сокинони ғайрирус баёнияҳо изҳор мекард ва ба нишони онҳо ҳар гуна таҳдидҳо ироа менамуд.
Сергей Миронов, роҳбари Ҳизби Русияи боадолат-Барои ҳақиқат низ чандин маротиба алайҳи муҳоҷирон садо баланд карда буд.
Аммо ин бори аввал аст, ки як чеҳраи матраҳи сиёсату идеологияи Русия пешниҳоди ивази дину мазҳаб мекунад. Арзиш ва эътиқоде, ки барои аксари муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон муқаддас дониста мешавад.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста