Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба нишасти Барномаи махсуси СММ барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Боку ба нақша гирифта шудааст, даъват кард.
Ин даъват аз ҷониби ӯ зимни суханрониаш рӯзи 14 сентябр дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён шуд.
Президенти Озарбойҷон таъкид дошт, ки имсол аз таъсиси барномаи мазкур 25 сол пур мешавад.
СПЕКА соли 1998 бо Эъломияи Тошканд таъсис дода шуда, аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин котибони иҷроияи Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ (ЕЭК ООН) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ба имзо расид. Баъдтар Туркманистону Озарбойҷон ва Афғонистон ба ин Барнома ҳамроҳ шуданд.
Дар иҷлосияҳои СПЕКА мунтазам масоили марбут ба беҳбуди имконоти коммуникатсионӣ дар минтақа бо шумули масоили ҳамкорӣ байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд.