Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр дар ҳамоиши Ҳадафҳои рушди устувор дар Ню-Йорк суханронӣ кард. Дар суханронии худ ӯ зарурати афзоиши ҳаҷми кӯмак ба рушдро таъкид кард. Дар ин бораи хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Раҳмон таъкид кард, ки бо назардошти таҳдиду хатарҳои муосир, тадбирҳои вижа барои ҳавасмандгардонии рушд муҳим аст.

“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад. Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад”, - гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи вай, кишварҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ карда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.

“Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона кардани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад. Тадбирҳои андешидашуда набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад”, - қайд кард президент.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бо дарназардошти хатару таҳдидҳои имрӯза ҷумҳурӣ аз иқдомоти вижаи ба рушд нигаронидашуда ҷонибдорӣ мекунад.

Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кўшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Бахусус, оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки дар давоми даҳсолаҳои охир бештар ба назар мерасанд, мисоли возеҳи ин гуфтаҳост. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад.


“Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас обшудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст. Мусаллам аст, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳои моро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо мекунад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки гузариш ба рушди “иқтисоди сабз” сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда талаб мекунад ва дар ин самт Тоҷикистон барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд омодагии хешро изҳор медорад.

Мулоқот бо президентҳо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбарони ду давлат аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду кишвар, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду кишварро зарур шумурдаанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Таъкид гардидааст, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт. 

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.

“Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид карда шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд”, - менависад манбаъ.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардидааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти бештари мулоқот хабар надодааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Kabar.kg хабар медиҳад, ки “Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар мавзӯъҳои дигар табодули назар карданд”.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ бо раисҷумҳури Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун низ мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.