Ба назари аксари таҳлилгарони тоҷик 12-уми январи соли 2017 дар тақвими сиёсии Тоҷикистон саҳифаи нав боз шуд. Ин рӯзро барои он гардиши муҳими ҳодисаҳо дар кишвар маънидод мекунанд, ки фармони барои аксарият, ҳатто дар долонҳои ҳукумат ғайримунтазира, вобаста ба озод намудани Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раисии шаҳри Душанбе ва ба ҷои ӯ таъин намудани Рустами Эмомалӣ содир гардид.

Албатта ба ин нукта ҳам таваҷҷӯҳ шуд, ки дар маҷлиси хайрбодии Убайдуллоев ва муаррифии Рустами Эмомалӣ бо кормандони шаҳрдорӣ сарвазир Қоҳир Расулзода иштирок кард ва ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи аввалро ҳам ӯ ба шаҳрдори собиқ супорид, на Эмомалӣ Раҳмон. Аввалан, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шахсиятҳоест, ки аз ибтидо бо Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат омадаву пурнуфуз ба ҳисоб мерафт ва баъдан, ин якумин бор буд, ки як мукофоти давлатии арзишмандро ғайр аз президент каси дигар ба соҳибаш супорад.

Эмомалӣ Раҳмон 15-уми феврали ҳамон сол, дар ҷаласаи ба истилоҳ фаъолони шаҳри Душанбе, мавқеи худро гуфт. Ҳарчанд, ҳанӯз аз рӯзи содир шудани фармон дар доираҳои таҳлилӣ мегуфтанд, ки бо ҳамин “масъалаи президенти оянда” ҳалли худро ёфт, аммо дар он ҷаласа хелеҳо инро возеҳтар дарк карданд.

Зимнан, он шабу рӯз саволе ҳам ба ин тартиб садо дод, ки Рустами Эмомалӣ акнун дар курсии шаҳрдорӣ чӣ қадар хоҳад нишаст? Зеро, гуфта мешуд, ки як принсипи имиҷсозӣ аз ӯ зуд - зуд иваз кардани мансабҳост. Барои маълумот: ҳам дар курсии сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳам директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар ӯ бештар аз ду сол нанишастааст. Аммо ба сифати шаҳрдори Душанбе инак 7 сол ва ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ, ки шахси дуюми давлат ба ҳисоб меравад, соли чорум аст фаъолият дорад.

Дар ин миён, пас аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон назарҳое ҷо дошт, ки эҳтимол мисли Қазоқистон дар мо ҳам президент пеш аз мӯҳлат истеъфо дода, институти Пешвои миллатро фаъол мегардонад ва бо эълони як интихоботи дигар ба курсии президентӣ бидуни шак Рустами Эмомалӣ оварда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз сабабҳои ба дарозо кашидани чунин тасмимро ба он нисбат медиҳанд, ки гӯё ба ин хоҳиши Душанбеи расмӣ на дар ҳама марказҳои қабули қарор ва пойтахтҳои сиёсии дунё розианд. Вагарна дар дохили кишвар аз январи соли 2017 қисман ва аз апрели соли 2020 комилан шароити мусоид фароҳам овардаанд. Зеро аз рӯи сифатҳои сохташуда:

- баробари омадани ӯ “лимити барқ моли таърих шуд” (ҳарчанд як сол пас лимит дигарбора ба Тоҷикистон баргашт);

- маҳз Рустами Эмомалӣ тавонист “Душанбеи дигар” созад (ҳарчанд сохтмону азнавсозии боғу гулгаштҳои пойтахтро ба зиммаи шаҳру навоҳиву вилоятҳо ва соҳибкорони алоҳида гузошта буданд);

- мансабдори пурнуфузе, ки одамон акнун бо мушкилоти худ ғайр аз президент ба ӯ ҳам муроҷиат мекунанд ва мушкилашон ҳал мешавад;

- тими муваффақе дорад, ки барои муаррифии Тоҷикистон ва махсусан Душанбе дар хориҷа мусоидат менамояд;

- Душанберо ба шаҳре табдил дод, ки ҳар гуна ҷинояту қонуншиканӣ зуд ошкор ва муҷозот мешавад;

- ба ҷавонон роҳ мекушояд, онҳоро дастгирӣ менамояд...

Хулоса, маъракаи густурдаи имиҷсозӣ кори худро кард. Аз ҳама муҳим, дар дохили Тоҷикистон тақрибан нерӯ ва шахсияти сиёсие боқӣ намонд, ки ба тасмими элитаи ҳукмрон дар бораи интиқоли қудрат мухолифати ошкор намояд. Барои ин хоҳиши Қасри Миллат кишварҳои таъсиррасон ба сиёсатҳои Тоҷикистон низ зиддияти ошкор нишон надодаанд. Чун, дар ин сурат, аввалан мудохила ба корҳои давлати мустақил пиндошта мешавад ва баъдан ошкоргӯӣ дар ин маврид аз рӯи назокатҳои дипломатӣ ҳам нест.

Бовуҷуд, аз рӯи матолибу изҳори назарҳои ба марказҳои қабули қарор наздик, мешавад тахмин зад, ки дар ин замина кадом масъалаҳое ҳанӯз вуҷуд доранд.

Шояд дар назардошт бо ин, сафарҳои хориҷӣ, ки яке аз паёмҳои хоси сиёсист, дар фаъолиятҳои Рустами Эмомалӣ хеле дер сурат гирифт ва он ҳам дур набуд: соли 2019 ва ба Ӯзбекистон.

Аммо баъд ва то имрӯз ӯ аллакай ҳашт сафари хориҷии дигар анҷом дод, ки ҳар кадом ба таҳлили расонаҳои гуногун ягон паҳлӯ ё сифатеро ошкор кардааст.

Сифати №1 – сиёсатмадори воқеъбин

Аввалин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ 3-юми декабри соли 2019 ба сифати шаҳрдори Душанбе анҷом шуд ва он ҳам ба ҳамсоякишвари Ӯзбекистон.

Шаҳрдори Душанбе дар ин сафар ба гунае муаррифӣ шуд, ки акнун ӯро дар хориҷи кишвар ҳам ба сифати як сиёсатмадори муҳим эътироф мекунанд, ҳарчанд ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ набуд. Оғози сафарҳои хориҷӣ аз Тошканд шояд махсус роҳандозӣ гардид. Зеро пас аз омадани Мирзиёев ба қудрати сиёсӣ дар Ӯзбекистон муносиботи ду кишвари ҳамсоя ба дараҷаи олӣ шакл мегирифт.

аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Шаҳрдори Душанбе аз шаҳри Тошканд ба Самарқанд рафт ва оромгоҳи Ҳазрати Хизрро зиёрат кард. Ӯ нишон доданӣ шуд, ки чун падараш сиёсатмадори воқеъбин аст, зеро новобаста аз мушкилоти ду ҳукумат дар аҳди Ислом Каримов, ба сари манзили президенти собиқ ба Самарқанд рафт, даст ба дуо бардошт, ҳамчуноне Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи камтарин шахсиятҳои раддаи аввал буд, ки рӯзи ҷанозаи Каримов дар тирамоҳи соли 2016 тобути ӯро бардошт.

Воқеан, Рустами Эмомалӣ ин корро вақти сафараш ба Боку низ анҷом дод – ба сари турбати президенти собиқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ки ҳукуматро ба писараш вогузоштааст, рафту фотиҳа хонд.

Зимнан, сафари Боку дар умум сафари чоруми хориҷии Рустами Эмомалӣ ба ҳисоб мерафт, аммо дар ҷараёни он ӯ аллакай шахси дуюми давлат - раиси Маҷлиси Миллӣ буд. Дар ин сафар президент Илҳом Алиев ӯро ба ҳузур пазируфт. Бо раиси палатаи болои парлумони Озарбойҷон ва шаҳрдори Боку ҳам дидор дошт..

Хулоса, фотиҳа дар сари манзили президентҳои собиқ Каримов ва Алиев аллакай махсусиятҳоеро дар фаъолияти ин сиёсатмадори ҷавон маълум намуд.

Сифати №2- сиёсатмадори музокирагар

Сафари дуюми хориҷии Рустами Эмомалӣ низ ба ҳайси раиси Маҷлиси Миллӣ анҷом шуд ва зуд баҳои сиёсӣ гирифт. Он 24-уми ноябри соли 2020 ба Русия иттифоқ афтод. Ҷараёни ин сафар, аз рӯи ахбори расман паҳншуда, як сафари қолабӣ ба ҳисоб мерафт. Аввал бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко вохӯрд ва пагоҳаш бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва ноиби сарвазири Русия, ҳамраиси комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия Алексей Оверчук дидору гуфтугӯ дошт. Ҳамчунин дар ҷараёни  ин сафар ҷаласаи комиссияҳои байнипорлумонии ду давлат баргузор шуд.

сомонаи Шӯрои федералии Русия

Аммо расонаи амрикоии Eurasianet.org дар як матлаби худ  ин сафарро баёнгари нақши афзояндаи Рустами Эмомалӣ номид. Бино ба гузориши Eurasianet.org, “сафари Рустами Эмомалӣ чӣ қадар амиқ будани вобастагии иқтисодии Тоҷикистон аз Русияро нишон дода, дар айни замон барои ояндаи худи ӯ низ нақши бузург дорад”.

“То кунун ҳузури ӯ дар маҳзари ом бештар намоишӣ буд, барои мисол, ӯ падарашро дар чорабиниҳое, ба мисли иди Наврӯз ё Иди харбуза ҳамроҳӣ мекард. Вале пешрафт дар ҳар кадом аз масъалаҳое, ки ӯ дар Маскав бардошт, ба эҳтимоли ғолиб, ҳамчун нишондиҳандаи комёбии ӯ ҳамчун музокиракунанда арзёбӣ хоҳад шуд ва шонси ӯ барои ягон вақт ба мерос гирифтани қудрат аз падари феълан 68-солааш Эмомалӣ Раҳмонро меафзояд”, - навишт ин расона.

Воқеан, баъдан 4-уми декабри соли 2022 ҳам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба Маскав сафар кард, ки ин сафари шашуми хориҷиаш ба ҳисоб мерафт ва он комилан ташрифотӣ буд.

Агар аз як ҷиҳат махсусияти сафарҳои Рустами Эмомалӣ ба Русия дар навиштаи расонаи амрикоӣ ифодаи худро ёфта бошад, паҳлӯи дигараш ин аст, ки дар ҷараёни онҳо ӯ бо президент, ё роҳбари аввали кишварҳо мулоқот надоштааст. Ҳамчунин сафарҳо ҳоло дутоанд: Русия ва Қазоқистон.

Сифати №3 – сиёсатмадори таҷрибаҷӯ

Сафари ба ҳисоб сеюми Рустами Эмомалӣ ба кишвари дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим - Қазоқистон 23-юми сентябри соли 2021 иттифоқ афтод. Зимни ин сафар, ҳарчанд бо президенти ин кишвар мулоқот надошт, аммо мисле, ки паёмҳои муҳими сиёсӣ расонида тавонист.

Ӯ бо раиси Сенати Парламенти Қазоқистон, раиси Маҷлиси Парламент, шаҳрдори Остона сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, созишномаҳое ба имзо расонд. Аз ҷумла дар бораи ҳамкории ду қабати болои парлумони кишварҳо, бародаршаҳр эълон намудани Остонаву Душанбе. Инчунин ӯ дар гузоштани санги асоси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат ва суханронӣ намуд.

аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Яке аз натиҷаҳои муҳими ин сафар ҳамин гардид, ки ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик, бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Остона ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.

Зимнан, ҳангоми сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин низ нимпайкараи Рӯдакӣ дар Донишгоҳи забонҳо ва фарҳанги Пекин ҷо дода шуд, ки ин гуна иқдомҳоро ба як ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии ӯ рабт медиҳанд.

Аммо сафар ба Қазоқистон як мавзӯи дигарро аз нав мавриди баҳс қарор дод: масъалаи интиқоли қудрат ва фаъол шудани институти Пешвои миллат. Зеро, гуфта мешавад дар ин замина Тоҷикистон маҳз ба Қазоқистон такя кардаву қонуни ҳамчунин қабул намуд. Дуруст аст, ки баъдан дар ин кишвар қудрат на ба пайвандони президенти собиқ Назарбоев, балки нафаре аз командаи ӯ дода шуд. Пас аз ҳаводиси моҳи январи соли 2022 хеле аз ваколатҳои Пешвои миллат низ бекор гардид. Аммо ин баҳси дигар аст...

аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Бовуҷуд, ин мавзӯъ боз ҳам як бори дигар вақте ба баҳси доираҳои сиёсӣ афтод, ки 12-уми майи соли 2022 Рустами Эмомалӣ дар садри як ҳайати ҳукуматӣ ба Туркманистон рафт. Зеро сафари ӯ дар шароите анҷом шуд, ки дар ин кишвар таҷрибаи аввалини интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Осиёи Миёна амалӣ гардид: 12-уми март Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз мақоми президенти Туркманистон канор рафта, ба ҷои худ писараш Сардор Бердимуҳаммадовро ба қудрат овард.

Аз назари таҳлилгарони сиёсӣ ин нукта дур намонд, ки чаро Рустами Эмомалӣ ба кишварҳое сафар мекунад, ки дар онҳо қудрат аз падар ба писар гузаштааст? Аз ҷумла, аз сафари ӯ дар аввали моҳи март ба Озарбойҷон низ мисол оварданд...

Сифати №4. Сиёсатмадори “бо пою қадам”

Фақат сафарҳои ҳафт ва нӯҳуми Рустами Эмомалӣ бо шартномаҳои чандсадмиллионии молиявӣ тамом шудаанд, аммо маҳз онҳоро сафарҳои хоси сиёсӣ меноманд. Гап аз сафари серӯза ба Хитой (моҳи августи 2023) ва дурӯза ба Эрон (январи 2024) аст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин ба маблағи 400 миллион доллар созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд. Яке аз шартномаҳои муҳим ин тасмими таъсиси корхонаи электромобилҳост, ки дар он ваъдаи солона истеҳсол шудани то 1500 мошини барқӣ дода мешавад.

аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Дар ҷараёни сафар ба Эрон бошад, Рустами Эмомалӣ бо раиси ҷумҳури ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ сӯҳбату мулоқот дошт.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки гуфта мешавад, амалисозии онҳо барои ҷалби беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Сафар ба Хитой ва Эрон дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо ин кишварҳо муносиботи гуногун дорад. Хитой солҳои охир сармоягузори асосии иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Беш аз нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам ба ин кишвар дахл дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, аз ин лиҳоз Пекин ба ҳифзи низоми сиёсии ҳоким дар Душанбе манфиатдор аст ва президент Эмомалӣ Раҳмон бо ин сафари писараш роҳбарони Хитойро итминони хотир медиҳад, ки дар сурати интиқоли қудрат низ манфиатҳои Пекин дар Тоҷикистон халал нахоҳанд дид.

“Сафари Эрон ҳам пешакӣ тарҳрезишуда буд, вале Президенти Тоҷикистон замонашро тағйир надод, то азму иродаашро ба намоиш гузорад. Ҳатто тавонист танҳо ӯ будани таъинкунандаи сатҳу мӯҳтавои муносиботи ду кишвар буданашро таъкид кунад”, - мегӯяд яке аз таҳлилгарон дар робита ба моҳияти сафари Рустами Эмомалӣ ба Эрон.

Ба андешаи ин таҳлилгар, Теҳрон то ду соли пеш дар масъалаи ба ин тарз интиқол додани қудрат назари хос дошт, ҳамчуноне Русия, вале бо гирифториҳои нави геополитикии Кремл маҷбуранд бо хостаҳои Душанбе муросо кунанд.

“Аз ҳама муҳимаш маълум шуд, ки ҳеҷ кадомашон тасмими Эмомалӣ Раҳмонро дар ин мавзӯъ дигар карда наметавонанд. На Маскав ва на Теҳрон!”, - мегӯяд ӯ.

Аз ин нуктаи назар гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ба як сиёсатмадори ба пою қадаме табдил меёбад, ки сиёсатҳои замон барояш мувофиқ меоянд.

аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Дар ин росто як қазияи дигар ҳам ҳаст, ки мегӯянд, маҳз масъалаи интиқоли қудрат ҳалли онро метезонад: ҳалли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон!

Ваъда ин буд, ки то охири соли гузашта масъала ҳалли ниҳоии худро пайдо мекунад, ҳоло бошад гуфта мешавад ҳалли ниҳоии онро дери дер то Наврӯз ҳосил мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди санаи имзои созишнома чизе гуфта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, 16-уми ноябри соли 2023 Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки  Қирғизистон ташриф овард, ки ба ҳисоби умумӣ ин сафари ҳаштуми хориҷии ӯст. Ҳарчанд он ҳам сирф ташрифотӣ аст, аммо дар паи мушкилоте, ки зикраш дар боло рафт, хеле муҳим ба назар мерасад.

“Ҳукумати меросӣ ҳам метавонад самаранок бошад”

Аз ҷамъи нӯҳ сафари анҷомдодаи Рустами Эмомалӣ чунин хулоса ҳосил мешавад, ки аксари сафарҳояш ба кишварҳои пасошӯравӣ ё ба иттифоқчиёни Русия (Хитой ва Эрон) буд. Як хулосаи дигар ин аст, ки ӯ гӯё мехоҳад пеш аз ҳама бо ҳамсояҳо муносибати корӣ дошта бошад. Аз ҳамин ҷост, ки сафари аввалинаш ба Тошканд буд ва то ҳол ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сафарҳои корӣ анҷом дод.

Дар бораи чунин тарзи кор таҳлилгарон фикри яксон надоранд. Агар баъзе маҳз ин тартибро муҳим шуморанд, иддаи дигар мегӯянд, махсусан дар шароити имрӯзи дунёи зуд тағйирёбанда, такя фақат ба ин кишварҳо мумкин нест.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, дар ҳақиқат солҳои охир ҷуғрофиёи сафарҳои хориҷии раиси Маҷлиси миллӣ, шарҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ васеъ мешавад, ки ба се омил вобаста мебошад:

- Якум, вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дуввумин мақоми баландтарин дар кишвар аст ва баъзе масъулиятҳоро дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ ҳам дорад. Аз ин рӯ, сафарҳои хориҷии Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои гуногун як таҷрибаи маъмулӣ дар дипломатия ба ҳисоб меравад.

- Дуюм, Тоҷикистон узви ИДМ аст ва ҳамасола ҷаласаҳои ниҳодҳои парлумонии он баргузор мешаванд. Дипломатияи парлумонӣ миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ васеъ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷаласаҳои он фурсати муносиб барои мубодилаи афкор ҳам фароҳам меояд.

Шералӣ Ризоён
Азия-Плюс

- Сеюм, даъвати раисони палатаҳои болоии парлумонҳо барои анҷоми сафар ба кишварҳои ҳамдигар, як ҷузъи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд. Масалан, дар рафти сафари ахири шарҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Эрон як силсила дидор сурат гирифтанд, ки барои густариши ояндаи муносибатҳои ду кишвар таъсири нек мерасонанд. Ҳамчунин, раисони палатаҳои болоии парлумонҳои кишварҳои дуру наздик аз Тоҷикистон низ боздид ба амал оварда буданд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ низ мегӯяд, бо давлатҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон на танҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҳамкорию робитаи хуб дорад, ҳамчунин умумиятҳои низоми сиёсию манфиатҳои иқтисодиро низ аз онҳо суроғ мекунад.

“Бинобар ин, бо истифода аз фурсатҳои мувофиқ Рустами Эмомалӣ шояд мувофиқи мақсад донист, ки аввал бо кишварҳои ҳамҷавори дуру наздик дар сатҳи худаш заминаҳои муносибатҳоро таҳким бахшида, дар ташаккули дурусти афкори сиёсатмадорони кишварҳои пасошӯравӣ корҳои муайянро анҷом диҳад”, - хулоса мекунад Ҳакимов.

Як сиёсатмадори дигар бе зикри ном дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки гап сари вазъи феълии ҷаҳон меравад.

“Зеро пас аз ҷанги Русия бо Украина ҳадафҳо ва сиёсатҳо дигар шудаанд. Ин ҷанг кишварҳои пасошӯравӣ, хоса минтақаи Осиёи Миёнаро бисёр эҳтиёткор намуд. Ин заруриятҳои амниятиву иқтисодӣ Тоҷикистонро маҷбур мекунад бештар ба кишварҳое мисли Чин, Эрон ва Белорусия такя намояд, ки аз дӯстону иттифоқчиёни Русия мебошанд.

Дар ин кишварҳо ба Рустами Эмомалӣ сахтгирӣ ва интиқод намекунанд, аз ӯ норозигӣ ҳам. Бо ӯ масъалаҳои аз ҳад муҳими давлатӣ ҳам баррасӣ намешавад, зеро медонанд, ки ин масоилро ҳатман Пешвои миллат муҳокима хоҳад кард. Аммо ин сафарҳо метавонад барои Рустами Эмомалӣ ҳамчун машқ барои сафарҳои муҳимтар кӯмак намояд”, - мегӯяд ин сиёсатмадори тоҷик.

Таҳлилгарон мегӯянд дар маҷмӯъ Рустами Эмомалӣ ҳоло ҳамон нақшеро иҷро дорад, ки аввали солҳои 2000-ум Илҳои Алиев иҷро мекард ва баъдан ба курсии холикардаи падараш нишаст. Моҳияти нақши ба ӯ таъиншуда ин аст, ки дар ибтидо субъекти асосии сиёсӣ набошад, ҳарчанд дар аксарияти марказҳои қабули қарори кишварҳо медонанд бо кӣ сарукор доранд.

“Зимнан муваффақиятҳои бемисли Илҳом Алиев дар Қарабоғи Кӯҳӣ қишрҳои ҳукмрону таъсиррасони ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро мутмаин кард, ки ҳукумати меросӣ ҳам метавонад самаранок бошад ва табдили ӯ ба лидери сиёсии воқеӣ имконпазир аст”, - андеша дорад яке аз таҳлилгарони тоҷик бе зикри ном.

Интизороти фарқкунанда дар Ғарбу Шарқ аз Рустами Эмомалӣ

Пас чаро Рустами Эмомалӣ ба сафари кишварҳои аврупоиву ғарбӣ шитоб намекунад?

Ин саволро ҳам ба муҳокимаи таҳлилгарони тоҷик гузоштем.

Коршинос Абдумалик Қодиров мегӯяд, шояд ҳоло тасмим шудааст, то сафарҳои хориҷӣ аслан ба кишварҳое бошад, ки сохти давлатдориашон ба Тоҷикистон монанд аст.

“Муҳим он аст, ки дар ин кишварҳо сулҳу субот бошад ва ба манфиатҳои ин кишварҳои ҳамсоя халал ворид накунад. Ғарб, маъмулан, бо ин ё он сарвари кишварҳои осиёӣ танҳо ҳамон вақте муносибат мекунад, ки онҳо расман ба сари қудрат омада бошанд (ва муҳим нест, ки оё ин роҳбар чӣ гуна интихоб ё таъин шудааст, муҳим он аст, ки ин нафар расман дар сари қудрат бошад). Мафҳуми “ворис” дар кишварҳои демократӣ бегона аст, аммо онҳо бо сиёсатмадоре сару кор мегиранд, ки лаҷоми “қабули қарорҳо” дар дасти ӯст.

Абдумалик Қодиров
Азия-Плюс

Агар Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои ғарбӣ сафарҳои расмӣ надошт, нишона аз он аст, ки ин кишварҳо то ҳол ба ҳайси сарвари расмии Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунанд ва бо ӯ сару кор мегиранд. Аз ин дидгоҳ, агар тими Рустами Эмомалӣ тавонад барои як сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Аврупо ё ИМА муваффақ шаванд, бешак имиҷи ӯро ба сифати як сиёсатмадори муваффақ боло хоҳанд бардошт”, - мегӯяд Қодиров.

Аммо таърихнигори тоҷик Нуралӣ Давлат мегӯяд, масъала аслан дигар аст: “Ба фикрам ин бештар ба сиёсати феълии кишварҳои аврупоӣ рабт мегирад. Яъне шояд ҳоло Тоҷикистон дар сиёсати кишварҳои ғарбӣ нақши муассире надошта бошад, чун ҳоло таваҷҷӯҳи Ғарб аслан ба ҷанги Русия бо Украина ва Исроил бо Фаластин равона шудааст. Ҳатто Афғонистоне, ки наздики беш аз 20 сол Амрико ҳамроҳи шариконаш аз НАТО дар он ҷо ҳузур дошт, нақши худро дар сиёсати хориҷии Амрико аз даст додааст. Албатта, то мудате.

Тоҷикистон танҳо як бор ба таври ҷиддӣ дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои Ғарбӣ қарор гирифта буд. Он ҳам иртибот дошт ба мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ҷанги Амрико алайҳи Толибон* ва Ал –Қоида* дар Афғонистон соли 2001. Бо хурӯҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО нақши на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои Осиёи Миёна дар сиёсати кишварҳои ғарбӣ камрангтар шудааст. Шояд ғарбиҳо ин нуктаро дарк кардаанд, ки дар Осиёи Марказӣ нуфузи русҳо ва чиниҳо аз ҳад зиёд аст”.

Хабарнигори тоҷик Мирзо Салимпур ба ин назар аст, ки оғози сафарҳои хориҷии Рустами Эмомалӣ аз кишварҳои минтақа ва Маскаву Пекину Теҳрон аҷобати чандон надорад, зеро кишварҳои асосии тасмимгир ва дахил нисбат ба сарнавишти Тоҷикистон ҳаминҳоянд.

“Ғарб то кунун нисбат ба Тоҷикистон ва ояндаи он бештар нақши нозирро иҷро мекунанд, яъне ҳар чӣ ки дар ин кишвар ва атрофи он мегузарад, меомӯзанд, вале рӯиросту мустақим дахолат намекунанд. Аз ҷумла, бо мақсади тағйири самту сӯи ҳаракат дар арши сиёсии Душанбе. Бардошти Ғарб ба сурати умум, гӯё чунин аст, ки интиқоли беосеби қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ як варианти барои ғарбиҳо ғайри қобили қабул нест. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дар ояндаи наздик, ба вижа бо наздиктар шудани замони интиқоли қудрат, Рустами Эмомалиро дар пойтахтҳои ғарбӣ низ хоҳанд пазируфт”, - мегӯяд Салимпур.

Аммо ба назари ӯ интизорот дар Ғарбу Шарқ аз Рустами Эмомалӣ бе шаку шубҳа фарқ мекунанд: “Дар Маскаву Пекин шояд мехоҳанд, ки ӯ роҳи падарро идома дода, манфиатҳои Русияву Чинро дар Тоҷикистон ҳифз кунад. Барои ғарбиҳо Рустами Эмомалӣ як даричаи нави умед барои анҷоми ислоҳоти ҷиддитар хоҳад буд ва аз ӯ интизори инро доранд, ки фазоро дар кишвар бозтар карда, ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон арҷи бештар хоҳад гузошт”.

Шералӣ Ризоён ҳам мутмаин аст, ки ба наздикӣ метавон сафари Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои қораҳои дигар, аз ҷумла ғарбиро интизор шуд. Аммо сабабҳое, ки ӯ пеш меоранд, дигарандю

“Чун дар пасманзари афзоиш ёфтани таваҷҷӯҳи қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ба Осиёи Марказӣ дар қолаби “5+1”, роҳандозии нишасту ҳамоишҳои гуногунсатҳ, аз он ҷумла парлумонӣ аз эҳтимол дур нест. Ба эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик мо шоҳиди силсилаи сафарҳои хориҷии Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои дуру наздик мешавем, ки бешубҳа ба имиҷи ӯ таъсири мусбат мерасонанд”, - мегӯяд Ризоён.

Ин ҳама интизориҳо дар ҳолест, ки расонаҳои ғарбӣ дар бораи Рустами Эмомалӣ матолиби зиёд, аз ҷумла интиқодӣ ҳам надоранд. Яъне гуфтан мумкин, ки дар ин кишварҳо ҳоло шинохти зиёд аз ӯ ҳосил нашудааст. Дар сатҳи расмӣ бошад, аз шахси №2 дар Тоҷикистон танҳо як бор ном бурдаанд - Департаменти давлатии ИМА апрели соли 2020, вақте Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд, ӯро “вориси падари худ” хонда буд. Онро ҳам дар ҳисоботи солонаи ИМА вобаста ба ҳуқуқи инсон дар кишварҳои гуногун.

Аммо масъалаҳое чун “демократия”, “ҳуқуқи инсон” ва амсоли ин ба назари аксари таҳлилгарон дигар арзишӣ нестанд. Ҳоло муҳим аст, ки манфиати давлатҳоро бо чӣ усул имкони ҳимоя кардан боқӣ мондааст. Барои ҳамин, гуфта мешавад сафари Рустами Эмомалӣ ба кишварҳои аврупоӣ ва ИМА бояд аз рӯи ҳамин фаҳмиш омода ва баргузор шавад.

Кори мушкил, аммо имконпазир...

*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.