Имрӯз, 5 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кард.
“Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ду кишвар доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт”, - омадааст дар хабар.
Таъкид шудааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.
Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ ва ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, Жээнбек Кулубаев ба сарвари давлати Тоҷикистон аз номи президенти Қирғизистон Садир Жапаров паём расонида, зикр кардааст, ки рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Қирғизистон маҳсуб меёбад.
Дар доираи сафар вазири корҳои хориҷии Қирғизистон назди пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулачанбар гузошта, инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмон дар Неругоҳи барқии обии “Роғун” шинос шуд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста