Дар Ботканд вохӯрии дуҷонибаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин бора Turmush хабар медиҳад.
Ҳайати Қирғизистонро муовини аввали ҳокими ноҳияи Ботканд Таалайбек Ибраимов ва Тоҷикистонро - раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода роҳбарӣ карданд.
Вохӯрӣ дар мавзеи наздимарзии деҳаи Уртабузи Қирғизистон ва маҳаллаи аҳолинишини Хоҷаи Аълои Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Turmush, ҷонибҳо масоили марбут ба оби нӯшокиро, ки аз Ворухи Тоҷикистон ба авулҳои Оқ-Сой, Оқ-Татир, Самарқандеки ноҳияи Ботканд меояд, баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили вобаста ба сарҳад, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, оби нӯшокӣ, иҷрои мувофиқашудаи ҳамаи корҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаи пешгирии сохтмон ва дигар навъҳои фаъолият дар қаламравҳои мувофиқанашуда бидуни баррасии ҳарду тараф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин ҳафта зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев изҳор намуд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат - ду-се моҳи оянда роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста