Аз даргузашти сиёсатмадори маъруф, вакили парлумон ва раиси собиқадори Ҳизби комунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов як сол сипарӣ шуд. Ӯ рӯзи 19-уми октябри соли 2023 бар асари беморие дар аввалин рӯзҳои 80-солагияш чашм аз олам баст.
Ӯ ба ҳайси яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ қариб 25 сол роҳбарии ҲКТ-ро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аммо ҳизб ба хотири гиромидошти номи марҳум бо гузашти як сол маъракае баргузор намекунад.
Раиси кунунии ҳизб Миҳроҷ Абдуллоев дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “мо хостем пас аз чанд муддати марги Шодӣ Шабдолов дар ҳизб чорабинии ёдбудие баргузор намоем, вале фарзандонаш розӣ нашуданд”.
“Ҳоло дар солгарди марги Шодӣ Шабдолов ҳам дар ҲКТ чорабиние пешбинӣ нашудааст. Ҳамкоронамон ягон мақола нашр мекунанд, тамом”, - гуфт Абдуллоев.
Мо бо пайвандони Шодӣ Шабдолов ба тамос баромада натавонистем ва маълум нест, ки дар солгарди марги ин сиёсатмадори шинохта ёдбуде баргузор мешавад ва ё на.
Новобаста аз ин, дар рӯзи ёдбуди ин сиёсатмадор “Азия-Плюс” нигоҳе ба рӯзгор, корнома ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии Шодӣ Шабдолов андохт.
Тарбияи оилавӣ ва таҳсилоти Шабдолов
Шодӣ Шабдолов 17-уми октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар оилаи зиёӣ ба дунё омад. Волидайни ӯ омӯзгор буданд, ки дар тарбия ва ташаккули шахсияти ояндаи сиёсатмадор нақши муҳим бозиданд. Ба гуфтаи худи марҳум, дар фазои маърифатпарварии оила ва зери назорати ҷиддии падару модар аз овони кӯдакӣ масъулияти баланд нисбат ба таҳсил ва рафтори худ эҳсос мекард. Ин муносибати ҷиддӣ ба таълим натиҷаҳои назаррас дод - Шодӣ Шабдолов мактабро бо баҳои аъло хатм кард.
Пас аз хатми мактаб Шодӣ Шабдолов мехост меъмор шавад, аммо тақдир роҳи дигареро барои ӯ муайян кард. Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, намояндаи донишкада ба ӯ маслиҳат дод, ки ба ҷои меъморӣ ихтисоси энергетикаро интихоб кунад. Ӯ қайд кард, ки барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) энергетикҳо заруртаранд ва бе манбаи энергия на танҳо саноат, балки сохтмон низ пеш намеравад.
Ин маслиҳат ба Шабдолови ҷавон таъсири амиқ расонд ва ӯ қарор дод, ки ба факултети энергетика дохил шавад.
Аз муаллимӣ то муҳандиси калон
Пас аз хатми донишкада бо ихтисоси муҳандис-электромеханик, Шодӣ Шабдолов фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кард. Ин интихоб ҳам аз ҷониби маъмурияти донишкада ва ҳам аз ҷониби худи Шабдолов дастгирӣ ёфт. Ӯ мехост дар тайёр кардани мутахассисони маҳаллии соҳаи энергетика, ки он замон хеле кам буданд, саҳм гузорад.
Ду сол дар техникум кор карда, Шабдолов ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуд. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ ӯ ба кор дар техникум баргашт. Аммо пас аз чанд моҳ бо дархости кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ ӯро ба вазифаи сармуҳандиси шабакаҳои барқи вилоят даъват карданд.
Дар ин вазифаи нав Шабдолов ба кашидани хатҳои интиқоли барқ, назорат аз рафти сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Хоруғ ва "Намадгут"-и ноҳияи Ишкошим машғул буд. Бо кӯшишу ғайрати зиёд ӯ ва ҳамкоронаш тавонистанд нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ ва "Намадгут"-ро бо иқтидори пурра ба истифода диҳанд.
Оғози фаъолияти сиёсӣ
Соли 1970 Шодӣ Шабдолов бо пешниҳоди муаллими собиқаш Аскаршо Авзалшоев, ки он замон котиби аввали кумитаи ҳизбии шаҳри Хоруғ буд, ба узвияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуд. Ин қадами аввал дар роҳи фаъолияти сиёсии ӯ буд.
Соли 1974 Шабдолов ба кори ҳизбӣ гузашт. Ӯро ба вазифаи мудири шуъбаи саноат ва нақлиёти кумитаи ҳизбии вилоят таъин карданд. Дар ин вазифа ӯ ба назорати раванди сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ машғул буд.
Дар ибтидои солҳои 80-ум Шодӣ Шабдолов ба сифати мушовири калони котиботи Кумитаи марказии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон ба ин кишвар фиристода шуд. Вазифаи ӯ дар ҳамкорӣ бо намояндагони КМ ҲКИШ дастурдиҳӣ ба ҳизбиён дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар буд. Ин таҷриба барои Шабдолов имкон дод, ки дониш ва малакаҳои худро дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ такмил диҳад.
Шабдолови шаҳрдор
Пас аз бозгашт ба Ватан Шабдолов муддате ба сифати ҷонишини мудири шуъбаи саноати КМ ҲҚ Тоҷикистон кор кард. Баъдан ӯро котиби якуми ҳизбии шаҳри Хоруғ (яъне, раиси шаҳр) интихоб карданд. Дар ин вазифа ӯ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Бо вуҷуди он ки то нимаи солҳои 80-ум вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр нисбатан хуб буд, бо эълон шудани сиёсати бозсозии горбачёвӣ вазъ рӯ ба коҳиш ниҳод.
Бо вуҷуди ин мушкилот, Шабдолов тавонист бо дастгирии сокинони шаҳру ноҳия вазъро муътадил нигоҳ дорад. Дар давраи роҳбарии ӯ дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 оғоз ёфт, ки аввалин нерӯгоҳ аз силсилаи нерӯгоҳҳое буд, ки мувофиқи нақшаи ҳукумати марказӣ ва ҷумҳурӣ бояд дар дарёи Ғунд сохта мешуданд.
Давраи пурталотуму сиёсии Шабдолов
Дар солҳои 90-ум, дар давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва буҳрони сиёсӣ дар Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов ба ҳайати роҳбарии КМ ҲК Тоҷикистон шомил шуд ва баъдтар роҳбарии онро ба зимма гирифт. Ин давраи хеле мушкил барои ҳизб буд. Новобаста ба таҳдиду монеаҳо, Шабдолов ва ҳамкоронаш тавонистанд дар анҷумани ғайринавбатӣ қарор дар бораи хориҷ шудан аз ҳайати ҲКИШ-ро қабул намуда, Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии мустақили Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро тасдиқ кунанд.
Ин амалҳо боиси таҳдид ба фаъолияти минбаъдаи ҳизб гардиданд. Ҳатто масъалаи манъи фаъолияти ҳизб дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аммо Шабдолов ва ҳамсафонаш тавонистанд дар вазъияти мушкил ва ҳатто хатарнок анҷумани ҳизбро баргузор намоянд.
Рӯзҳои 18-19 январи соли 1992 даври дуюми анҷуман баргузор шуд, ки дар он қарори қаблии тағйири номи ҳизб ба ҳизби сотсиалистӣ бекор карда шуд ва номи пештараи он - Ҳизби коммунисти Тоҷикистон барқарор гардид. Дар ҳамин анҷуман Шодӣ Шабдолов ба вазифаи раиси ҳизб интихоб гардид. Ин вазифаи пурмасъулият дар давраи хеле мураккаби таърихи Тоҷикистон ба зиммаи ӯ гузошта шуд.
Дар шароити муқобилияти мусаллаҳона миёни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон, Шабдолов ва ҳизби таҳти роҳбарии ӯ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар талош мекарданд. Дар анҷумани 23-юми ҳизб, ки таҳти роҳбарии Шабдолов баргузор гардид, вазъи мушкили сиёсии кишвар таҳлил шуда, роҳҳои баромадан аз он пешниҳод гардиданд. Дар ҳамин анҷуман барнома ва оинномаи ҳизб дар таҳрири нав қабул шуд.
Дар солҳои минбаъда, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шабдолов қотеъона зидди ҳамагуна амалҳои террористӣ, экстремистӣ, маҳалгароӣ, миллатчигӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқ баромад мекард.
Новобаста ба он ки дар оғози соли 1997 тамоми молу мулки ҳизб мусодира гардид, Шабдолов ва ҳамсафонаш ба фаъолияти худ идома доданд. Бо вуҷуди вазъи ногувори молиявӣ-хоҷагидорӣ, ҳизб дар маъракаҳои сиёсии кишвар фаъолона иштирок мекард ва баҳри таъмини сулҳ дар Тоҷикистон саҳм мегузошт.
Таҳти роҳбарии Шабдолов, мувофиқи қарорҳои анҷуманҳои 24 ва 25-уми ҳизб, коммунистон дар интихоботи Президенти Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд ва ҳатто соҳиби мандат гардиданд.
Вакили ошкорбаёну соҳибмавқеъ
Шодӣ Шабдолов солҳои 2000 то 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Худи Шабдолов мегӯяд, ки онҳо тамоми масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро беғараз, воқеъбинона, аз рӯи адолат мавриди муҳокима қарор медоданд. Қонунҳои мавриди муҳокима гузошташударо аз рӯи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии умумибашарӣ таҳлил менамуданд. Илова бар ин, онҳо дар таҳияву қабули қонунҳо ташаббус нишон медоданд.
Новобаста аз ин, ӯ аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрами Тоҷикистон ва ҷаҳон ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт.
Аз ҷумла, ӯ дар мавриди сиёсати дохила ва хориҷаи ҳукумат, баррасии қонунҳо дар парлумон ва ҳатто мансаб гирифтани фарзандон ва наздикони раисҷумҳур мавқеъ ва назарашро ба расонаҳо иброз медошт.
Принсипҳои зиндагӣ ва мавқеи шахсӣ
Дар тӯли тамоми фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии худ, Шодӣ Шабдолов ба принсипҳои асосии худ содиқ монд. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки беғаразӣ, воқеъбинӣ ва адолатпарварӣ принсипҳои асосии на танҳо фаъолияти сиёсӣ, балки зиндагии рӯзмарраи ӯ низ мебошанд.
Шабдолов дар мусоҳибаи охиринаш бо “Азия-Плюс” бо ифтихор гуфта буд, ки ҳеҷ гоҳ мавқеъ ва мақоми худро тағйир надодааст ва бовар дошт, ки бо фаъолияти ҳизбӣ ва вакилиаш то ҳадди имкон ба халқ хидмат кардааст.
Ҳаёт ва фаъолияти Шодӣ Шабдолов инъикоси давраи муҳим дар таърихи Тоҷикистон аст - аз замони Шӯравӣ то ба даст овардани истиқлол ва ташаккули давлати соҳибихтиёр. Дар ин роҳи мураккаб ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки манфиатҳои халқро ҳимоя кунад ва барои рушди кишвараш саҳм гузорад.
Ӯ сиёсатмадоре буд, ки ба ақидаҳои худ то охир содиқ монд ва дар айни замон қодир буд бо мухолифони худ муколама кунад ва роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилотро ҷустуҷӯ намояд.
Шодӣ Шабдолов 19-уми октябри соли 2023, дар остонаи 80-солагиаш аз олам даргузашт. Новобаста ба он ки на ҳама бо мавқеи сиёсии ӯ розӣ буданд, аксарият ӯро ҳамчун шахсияти принсипнок, ростқавл ва ватандӯст эҳтиром мекарданд.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста