Дар байни 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки то чанд сол пеш аз ҳизбҳои мухолифи кишвар гуфта мешуд, дар бораи идомаи фаъолият ва маҳалли ҷойгиршавиш ба Вазорати адлияи Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи кори ҳизбҳо, ҳисобот пешниҳод накардааст. Мақомот сабабашро намедонанд, раиси ҳизб шарҳ намедиҳад.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми август, дар нишасти матбуотӣгуфт, ки дар ним сол “6 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии мақоми доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод карданд”.
Ӯ гуфт, як ҳизбе, ки дар ин давра ҳисобот пешниҳод накардааст, ҲСДТ аст ва “мо ҳоло корбарӣ карда истодаем, ки сабаби пешниҳод накарданаш аз чӣ иборат аст”.
“Мо ба тартиби корӣ корро давом дода истодаем, ки барои чӣ пешниҳод накардаанд ва чӣ мақсад доранд”, - гуфт вазири адлия.

Қиёмиддин Азизов, роҳбари нави ҳизб, ки баъди аз раисии ҳизб рафтани Раҳматулло Зоиров, муассис ва яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати кишвар дар соли 2021 роҳбарии ҳизбро гирифт, сабаби пешниҳод накардани ҳисобот ба вазоратро ба “Азия-Плюс” шарҳ надод. Дар сурати пешниҳоди маълумот, мо омода ҳастем назари ӯро нашр кунем.
ҲСДТ, ки ҳаддиақал то 5 сол пеш яке аз ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон дониста мешуд, баъди иваз шудани роҳбараш Раҳаматулло Зоиров дар соли 2021 фаъолияташ камранг шуд ва соли равон ҳатто дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат накард. Роҳбарияти нави ҳизб аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд ва то ҳол сабаби ширкат накардан дар интихоботро ҳам шарҳ надодаанд.
Қиёмиддин Азизов дар як анҷумани ҳизб ба ҷойи Раҳматулло Зоиров раиси ҳизб интихоб шуд. Бо ҳамин Зоиров гӯшанишинӣ карду дар маҳзари ом ҳам кам менамуд. Зоиров, ки бунёдгузори ҲСДТ буд, дар моҳи майи соли 2024 дар 67-солагӣ даргузашт.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ моҳи феврали соли равон дар доираи “парвандаи табаддулот” 18 сол равонаи зиндон шуд. Худаш ин иттиҳомро дар додгоҳ рад кардааст.
ҲСДТ 21 сол пеш аз сӯи Раҳматулло Зоиров, баъди аз мансаби мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон истеъфо доданаш таъсис ёфт, то рафтани ӯ аз роҳбарӣ яке аз ҳизбҳои фаъол ва баъди бастану терорристӣ эълон гардидани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзсати исломӣ ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон буд. Шиори ҳизб “адолату садоқату тараққиёт” буд ва бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошта, роҳбарияти пешини ҳизб роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медиданд.
Ин ҳизб дар чандин интихоботи парлумонӣ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Роҳбари пешини ҳизб дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард. Намояндагони ҳизб аз тақаллуб дар интихоб шикоят доштанд.
Ҳоло дар кишвар 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста