Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумӣ оид ба ғайриқобили хусусигардонӣ будани нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва КВД «Талко» қарор ба тасвиб расониданд.
Зимни шарҳи масъалаи мазкур мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Георгий Кошлаков дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози ақида намуд, ки ба ӯ нофаҳмост, ки чӣ тавр метавон сохтмони нотамомро ба феҳристи иншооти ғайриқобили хусусигардонӣ шомил кард.
Коршинос мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин ҳодисаро дар хотир надорад. Ӯ изҳор дошт, ҳангоме иншоот ҳанӯз бунёд наёфтаву мушаххас нест аз ҳисоби кадом воситаҳо сохта мешавад, қабули қонун ва изҳори ғайриқобили хусусигардонӣ будани он мантиқан дуруст нест. «Тоҷикистон метавонад дар ин хусус танҳо дар сурати аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ бунёд ёфтани иншоот ҳарф занад, ки ман ба ин алҳол шубҳа дорам», - гуфт ӯ.
Г.Кошлаков хотиррасон кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ чандин маротиба изҳор дошт, сохтмони нерӯгоҳ тавассути таъсиси Консорсиюми байнулмилалӣ идома дода мешавад ва дар он метавонанд кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бахши соҳибкории хусусӣ низ ширкат варзад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста