Ҳамин ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови ҷониби мо ва Лайлаки ҷониби Қирғизистон, дидори мӯйсафедон ва шахсиятҳои бонуфузи ду тарафи хаттим марз ва маросими оши оштӣ ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ин маросим гузориш медиҳад.
Ин маросим бо ҳузури раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатбек Зафарзода ва ҳокими ноҳияи Лайлак Алмазбек Раҳмонқулов ва мақомоти интизомии ду кишвар баргузор мешавад.
Бино ба гузориши хабарнигори "Азия-Плюс" маросими оши оштӣ дар тарабхонаи Раънои Қирғизистон дар нуқтаи марзӣ бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барпо шуда истодааст.
Сари дастархони оши оштӣ, аз ҳар ду тараф беш аз 100 нафар ҳузур доранд. Ин севумин оши оштӣ дар нуқоти марзӣ пас аз даргириҳои 27-28-уми январи имсол аст.
Гузориши муфассалтар аз ин дидор ва маросим баъдтар нашр мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста