Расонаҳои Афғонистон аз сафари “як ҳайати баландрутбаи Тоҷикистон” ба Кобул хабар додаанд. Ба гузориши хабаргузории “Бохтар”, ки вобастаи ҳукумати Толибон* аст, ин ҳайат аз намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои амниятӣ ва дигар мақомоти муҳими Тоҷикистон иборат буда, имрӯз, 15-уми ноябр, вориди Кобул шудааст.
Ин расона навиштааст, ҳадафи сафари ин ҳайат “густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Аморати исломии Афғонистон (Толибон ҳукуматашонро чунин меноманд, - АП) аст”.
Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Толибон “дар бораи ҳамкориҳо, пуружаҳои муштарак ва таомули минтақаӣ баҳсҳои муфассал” анҷом диҳанд.
Манбаъ афзудааст, ки гуфтугӯ дар бораи фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе аз мавзуъҳои дигари ин дидор аст.
Хабаргузории “Бохтар” сафари намояндаҳои Тоҷикистонро “тағйири рӯйкард” дар қиболи Толибон унвон кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид то кунун изҳори назаре накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои афғонистонӣ чор рӯз пеш аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз гузориш дода буданд. Гуфта мешавад, ин ҳайат бо даъвати Толибон ба Қундуз рафта, бо Мулло Муҳаммадхон, волии Толибон дар ин вилоят дидор кардааст.
Ба навиштаи “Афғонистон интернешнл”, дар ин ҷаласа масъулони амниятӣ, истихборотӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии ду тараф ширкат карда, илова бар масоили иқтисодиву амниятӣ, дар мавриди судури раводид ва хадамоти консулӣ ба савдогарони ду кишвар гуфтугӯ кардаанд. Дар мавриди ин сафар ҳам мақомоти Тоҷикистон изҳои назар накардаанд.
Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.
Дар чанд моҳи гузашта расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.
Аз ҷумла, чанде пеш расонаҳо аз сафари Юсуф Вафо, волии Толибон дар вилояти Балх ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буданд. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар кард.
Юсуф Вафо дар ин сафари худ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон ҳам вохӯрда, ба ӯ китоб тақдим карда буд. Абдулқодирзода тасдиқ кард, ки туҳфа гирифтааст, аммо гуфт, то ҳол надидааст, ки он чӣ китоб аст.
Пештар аз ин, боз ҳам расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки Саймумин Ятимов ба Кобул сафар карда, бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳоро расман шарҳ надодаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.



Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста