Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав 3 рӯз пай дар пай истироҳат мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти рӯзҳои истироҳати шанбе (2 январ) ва якшанбе (3 январ) имсол барои тоҷикистониён 3 рӯз истироҳат мешавад.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 2 ва 3 январ рӯзҳои истироҳати тақвимӣ буда, 1 январ рӯзи аввали Соли нави мелодӣ мебошад ва ба рӯзи ҷумъа рост меояд. Мувофиқи меъёрҳои қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ин рӯз ҳам истироҳат мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад. Ба баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон низ иҷоза дода намешавад.

Мувофиқи қарори Ситод, ба сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷоза дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.