Табибону омӯзгорон, рӯзноманигорону ронандаҳои трактор ва боз як қатор мутахассисони соҳибтаҷриба, ки барои дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия ба таври соддашуда имтиёз доштанд, аз рӯйхати номгӯи ин касбу ихтисосҳо хориҷ шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзии иҷтимоии Русия иттилоъ медиҳад.
Номгӯй дар ин рӯйхат аз 203 то 29 касбу ихтисос ихтисор шудааст.
Дар номгӯй муҳандисону челонгарони самтҳои гуногун, таҳлилгарони маълумоти бузургҳаҷм, барномасозон, мутахассисони васлу насби киштиҳои металлӣ, фишоровар дар прессҳои гидравликӣ, операторони пӯшишҳои рӯшноӣ ва муҳофизатӣ, кафшергар дар мошинҳои кафшерҳои пайваст, таъмиргари сохторҳои киштӣ, мутахассисони қубурҳои киштӣ, устои барқу насби киштӣ боқӣ мондаанд.
Дар шарҳи фармон зикр шудааст, ки рӯйхати нав бар асоси талаботи кадрӣ бо иштироки вазорату идораҳои марбута, ширкатҳои бузурги давлатӣ, инчунин Оҷонсии ташаббусҳои стратегӣ таҳия шудааст. Дар лоиҳаи фармон 31 касбу ихтисос зикр шуда буд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, барои истифода аз ҳуқуқи ба таври соддашуда дарёфтани иҷозаи зист (ВНЖ) дар соли 2025, ба мутахассисони хориҷии дорои касби мувофиқ лозим аст, ки ба як қатор талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, доштани на камтар аз як сол собиқаи корӣ мувофиқи ихтисос то замони додани ариза ва риояи ҳамаи талаботи қонунгузории Русия.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 то 2023 шаҳрвандон хориҷии дорои касби серталаб дар бозори кори Русия ба дарёфти шаҳрвандӣ бо таври соддашуда ҳуқуқ доштанд. Тибқи маълумоти ВКД Русия, камтар аз 1%-и хориҷиён, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз ин ҳуқуқ истифода бурдаанд. Моҳи апрели соли 2023 ин меъёр дар якҷоягӣ бо фармони Вазорати меҳнат, ки номгӯи касбу ихтисосҳоро барои ҳуқуқи дарёфти шаҳрвандӣ ба тарзи соддашуда муайян мекард, бекор шуд.
Моҳи декабри соли 2024 ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо касбу ихтисоҳои серталаб ҷиҳати ба таври соддашуда гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) ҳуқуқ медод. Муайян кардани номгӯи чунин касбу ихтисосҳо ба дӯши Вазорати меҳнати Русия вогузор шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста