Дирӯз, 18-уми апрел дар доираи ҷашнвораи "Парасту-2025" дар саҳнаи театрҳои Душанбе намошномаҳои “Ял”, “Қисмати зан” ва “Пушаймонӣ” ба тамошо гузошта шуданд. Мавзӯи намоишҳои ин рӯз аз ҷоҳталабиву паҳлавонӣ то моҷароҳои оилавиро фаро мегирифт.
Намоишномаи “Ял”, ки аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ ба саҳна гузошта шудааст, бар асоси достони “Рустам ва Исфандиёр”-и “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, сухансарои бузурги форсу тоҷик таҳия гардида буд.
Коргардони ин намошнома Умед Хисрав буда, талош кардааст бо ороиши ҷолиби саҳна ва либосҳои таърихиву хосаи шоҳони дар “Шоҳнома” тасвирёфта фазои таърихии он замонро эҷод кунад.
Намоишнома бо он оғоз гардид, ки Гуштосп - подшоҳи Эрон тоҷ бар сар рӯйи тахти зебои шоҳӣ нишаста буду писараш Исфандиёр, ки ҷаҳонпаҳлавони номдор буд, иҷозаи вуруд хосту таъзим кард. Вақте падар аз парешонҳолии Исфандиёр пурсид, паҳлавон гила кард, ки қавли худро дар хусуси гузоштани тоҷи шоҳӣ ба сари Ифандиёр фаромӯш кардааст. Ҳол он ки ӯ тамоми фармони падарро иҷро кард - хоҳаронашро аз дасти тӯрониён наҷот дод, аз ҳафт хон гузашт, Арҷостпро кушт ва ганҷу тоҷу тахти ӯро ба Эрон овард.
Аммо Гуштосп иддао мекунад, ки мувофиқи қавлаш амал мекунад, ба шарти он ки аввал ба Зобул бираваду дасти Рустамро баста наздаш оварад.
Хулоса, ҳарчанд Исфандиёр ба падар фаҳмонидан мехоҳад, ки ҷанги ду паҳлавони эронӣ, ки байни ҳам кина надоранд, амали шоиста нест, аммо Гуштосп аз фикраш намегардад.
Исфандиёр медонист, падараш мехоҳад ӯро бо ин баҳона аз хона дур кунад, аммо ҷуз итоат чорае надошт. Маҷбур сӯйи Зобул роҳ гирифт ва вақте наздик омад, писараш Баҳманро назди Рустам фиристод, то аз омаданаш хабар кунад.
Рустам пеши Исфандиёр омад ва бо ҳам сӯҳбат карданд. Баъди оне, ки фармони Гуштосп ба Рустам маълум гашт, ӯ хост ба Исфандиёр бифаҳмонад, ки ин амал ғайр аз обрӯрезӣ корӣ дигаре нест ва агар ӯ Рустамро дастбаста пеши Гуштосп барад, ӯ баҳонаи дигар пеш хоҳад овард, то овораи дунё кунад. Аммо Исфандиёр намепазируфт ва ба Рустам пешниҳод кард, ки агар розӣ шавад, ки дастбаста назди шоҳ равад, аз ӯ ҳимоят мекунад ва баъди ба тахти шоҳи нишастан ҳама кор бомаром хоҳад буд.
Акнун дар пеши Рустам ду роҳ буд: ё бо Исфандиёр меҷангид ё бо дастҳои баста ба пеши шоҳ мерафт. Билохира, хулоса кард, ки ба ҷузъ ҷангидан чорае надорад.
Рӯзи дигар бо тулӯъи офтоб ба ҷойи муайяншуда ҳозир шуданд ва ду паҳлавони нерӯманди Эрон бидуни ҳеҷ душманӣ бо ҳам меҷангиданд. Билохира Рустам ва аспаш Рахш захмӣ шуданд. Рустам ба Исфандиёр торик шудани рӯзро баҳона оварду пешниҳод кард, ки фардо идома диҳанд ва худ сӯйи қароргоҳаш шитофт.
Зол, падари Рустам бо дидани ин ҳол барои кӯмак назди Симурғ шитофт ва пареро оташ дод. Симурғ захмҳои Рустамро табобат кард ва гуфт, ки агар фардо ҷанг ногузир гардад, барои мағлуб кардани душман аз дарахти газ шохаеро барои камонаш интихоб кунад ва чанд пар ба он бандад.

Рӯзи дигар қарор медиҳанд, ки муҳорибаро бо найзазанӣ идома диҳанд ва Рустам чашмони Исфандиёрро нишона гирифт. Баъди лаҳзае Исфандиёри тири Рустам ба чашмонаш фурӯрафта ба замин афтод ва гиряву зориву фиғон баланд шуд. Ногаҳон Исфандиёр бо садои заиф садо баровард, ки Рустамро сарзаниш накунед, падарам Гуштосп боиси марги ман шуд, зеро ӯ ба тоҷу тахт алоқаи зиёд дорад ва бо ин баҳона маро аз сари роҳаш бардошт.
Намоишнома бо бурдани тобути Исфандиёр дар ҳавои мусиқии ҳузнангез ва фиғону нола ба итмом расид.
Бояд гуфт, намошномаро ҳаводорони театр бо мавҷи кафкӯбиҳо дар поёни намоишнома истиқбол карданд. Ба гуфтаи аксари тамошобинон, бо вуҷуди хеле мувофиқ будани ороишу либосҳо, дар саҳнагузорӣ камбудҳо низ буданд.
Намоишномаи дигаре, ки давоми рӯз манзури ҳаводорони театр гардид, “Қисмати зан” унвон дошта, бо коргардонии Х. Дадаҷонов аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ба намоиш гузошта шуд.
Ин намоишнома аз саҳнаи суд, ки муроҷиати занеро дар бораи зани дуюм гирифтани шавҳараш муҳокима мекард, оғоз шуд. Мавзӯи умумие, ки дар намошнома муҳокима гардид, дар бобати дузанагӣ буд ва кашмакаши ду занро дар ин робита фаро мегирад.
Намоишномаи дигаре, ки ин рӯз ба саҳна гузошта шуд, “Пушаймонӣ” унвон дошта, бо роҳбарии М.Аҳмедов аз ҷониби Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд таҳия гардида буд.
Бояд гуфт, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуд ва то 21-уми апрел давом мекунад.
Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намоед.
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста