Ду рӯзи охир ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида шудааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), имрӯз, 25-уми апрел, кумакҳои навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид. Ҳаҷми ин ёриҳо гуфта намешавад.
Қаблан, ҳам дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони заминларза маҳсулоти хӯрокворӣ, колоҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ҳамчун кумак фиристода шуда буд.

Ҳамчунин, дирӯз, 24-уми апрел, аз тарафи Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 60 тонна семент ба 20 оилаи қисман зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт тақсим карда шудааст.
Ғайр аз ин, ба иттилои КҲФ, ба 12 хонаҳои қисман зарардида 5,5 тоннагӣ семент тақсим шудааст. Маълум нест, ки ин тақсими ёриҳо бо шумули ҳамон 20 оила аст ё ҷудо мебошад. Аз КҲФ ба “Азия-Плюс” ин хабарро шарҳ надоданд.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар ноҳияи Тоҷикобод натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд, санҷидаанд.

Пештар “Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбтӣ дар робита ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи Рашт супориш дода буд, ки ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо то 1-уми ноябр пурра сохта ба истифода дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста