Дар шаҳри Душанбе аз 2 то 6-уми май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони “Наврӯз” доир мегардад, ки дар он 8 намоишнома аз ҷониби театрҳои 6 кишвар ба саҳна гузошта мешавад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ дода, нақшаи баргузории ин фестивалро нашр кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии ҷашнвора баргузор мегардад. 

Ҳамчунин, ин рӯз баъди чорабинии ифтитоҳии ҷашнвора операи “Рӯдакӣ”-и Ш.Сайфиддинов аз ҷониби театри мазкур ба саҳна гузошта мешавад.

Дар бораи он ки кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба саҳна гузошта мешавад, дар тасвирбаёни зер бубинед:

1/4

Дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ, театрҳои касбии Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.

Ҳадафи баргузории фестивал, "тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта, густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо" гуфта мешуд.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд, акнун он дубора эҳё мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш дар Тоҷикистон ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- “Парасту 2025” баргузор шуда буд. Он чӣ гуна гузашт ва киҳо ғолиб шуданд, дар маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.