Дар пайи муқаррар шудани ҷазо барои “дуздӣ”-и барқ дар Кодекси ҷиноятӣ мақомот давоми як моҳи охир чаҳор нозири барқро дар вилояти Хатлон бо гумони дуздии пули барқ боздошт карданд. Чанде қабл дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як нозири барқро бо гумони азхудкунии беш аз 24 ҳазор сомонӣ пули барқ дастгир намуданд.

Чӣ гуна метавон нозири ҳақиқии барқро аз қаллобон фарқ кард, аз кирдори ғайриқонии нозири барқ ба куҷо метавон шикоят бурд ва пули барқи истифодакардаро чӣ тавр метавон мустақилона ҳисоб кард? Дар матлаби зерин метавонед ба ин саволҳо посух пайдо кунед.

 

Нозири барқро чӣ тавр шиносем?

Аз шахсе, ки худро нозири барқ муаррифӣ кардааст, ҳуҷҷати хидматӣ талаб кунед. Ҳар як корманди мақомоти расмӣ вазифадор аст, ҳангоми адои вазифа ҳуҷҷати хидматии худро ҳамроҳ дошта бошад ва вақти санҷиши ҳисобкунаки барқ ё пули истифодаи он дар манзили сокинон, онро бояд нишон диҳад. Агар нозири барқ аз пешниҳоди ҳуҷҷат сарпечӣ кунад метавонед ба ӯ иҷозаи санҷиши ҳисобкунакро надиҳед ва ба маркази тақсимоти барқи минтақаатон шикоят баред.

 

Агар нозири барқ маблағ талаб кунад, чӣ кор кунем?

Талаби маблағ аз тарафи нозири барқ ғайриқонунӣ аст. Пардохт бояд ғайринақдӣ ва ё дар бонк анҷом шавад. Ҳар як нозири барқ бо терминали худхизматрасонӣ таъмин мебошанд. Маблағи барқро тавассути корт ғайринақдӣ пардохт кардан бехатар аст. Баъди пардохти маблағ ҳатман расиди онро гиред ва диққат диҳед, ки муҳр ё имзо дошта бошад.

 

Нозири барқ таҳдид кунад ё пули изофӣ талаб намояд чӣ бояд кард?

Агар нозири барқ ба таври қатъӣ талаб кунад, ки пули барқи истифодакардаро ба таври нақдӣ ба ӯ диҳед, донед, ки ин қонуншиканӣ аст ва метавонед ин талабро рад карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаатон шикоят баред.

 


Чӣ гуна мустақилона маблағи барқро ҳисоб кунем?

Барои муайян кардани миқдори барқи истифодашуда рақами киловатт-соат (кВт/соат)-ро аз ҳисобкунаки барқиатон бубинед. Нишондиҳандаи моҳи гузаштаро аз нишондоди ахир тарҳ кунед. Натиҷаро ба арзиши барқ зарб кунед.

Барои мисол, агар моҳи гузашта ҳисобкунак 12,500 кВт/соат нишон медод ва ҳоло 12,750  кВт/соат аст (12,750 – 12,500 = 250 кВт/соат) пас шумо барои фарқи он, яъне 250 кВт/соат пардохт бояд кунед.

Нархи барқ ба аҳолӣ 35,36 дирам барои 1 киловат-соат муайян шудааст. Пас  35,36 дирамро бо 250 зарб мекунед, ки дар натиҷа маблағи истифодаи нерӯи барқ маълум мешавад (250 кВт/соат × 0,3536 = 88,40 сомонӣ).

 

Дар ҳолати ошкор шудани нуқсе дар ҳисобкунаки барқӣ, нозири барқ чӣ бояд кунад?

Дар доираи “Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ” нозири барқ масъул аст, ки ҳисобкунаки барқиро муоина ва дар ҳолати нодуруст ҳисоб кардани нерӯи барқ ё корношоямӣ бе дахолати муштарӣ, онро таъмир ё иваз кунад.

Агар қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ, мисли берун аз ҳисобкунак пайваст кардани қабулкунакҳои барқӣ ё вайрон кардани нақшаи баҳисобгирии барқ ошкор шавад, нозири барқ ҳақ дорад, ки интиқоли барқро қатъ кунад ва нисбати муштарӣ ҷиҳати андешидани чораҳои қонунӣ санад тартиб диҳад. Ҳамчунин маблағи нерӯи барқ бо назардошти тавоноӣ, миқдори воқеии соатҳои истифодаи таҷҳизот ва реҷаи додани барқ, вобаста ба маҳалли аҳолинишин бо тарифи 2-карата ҳисоб карда мешавад.

 

Нозири барқ ҳақ дорад, ки интиқоли барқро ба хонаи сокинон қатъ кунад?

Бале, ҳақ дорад. Сокинон бояд маблағи истифодаи барқро дар муддати 10 рӯз, аз рӯзи оғоз шудани давраи ҳисоботии навбатӣ, пардохт кунанд. Агар муштарӣ то ду моҳ маблағро пардохт накунад, нозири барқ ҳақ дорад, ки санад тартиб дода, барқро қатъ кунад.

Аммо нозири барқ бояд на камтар аз 5 рӯз пеш аз қатъи барқ сокинонро огоҳ намояд ва рӯзу соати қатъкуниро бо онҳо мувофиқа кунад.

Бояд гуфт, ки тавассути низони биллингӣ дар ҳолати пардохт накардани маблағи барқ дар рӯзи 15-уми ҳисоби навбатӣ интиқоли барқ қатъ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он ҷазои сангин муқаррар карда шуд. Чанде қабл ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кард. Қабли он вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ин тарҳро ба тасвиб расонида буданд.

Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ напардохтани пули он чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст, дар ин пайванди маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.