Нимаи моҳи апрел дар Тоҷикистон заминларзаи харобиовар бо қувваи 5,9 балл рух дод, ки ҷони як кӯдакро рабуда, дар чанде аз ноҳияҳои кишвар зиёни назаррас бар ҷой гузошт. Маркази заминҷунбӣ дар 160 километрии шимолу шарқи Душанбе ва 21 километр дуртар аз ноҳияи Рашт воқеъ буд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” аз макони заминларзаи харобиовар боздид кард.
Абдуғании сесола ба дидори бобо нарасид
Баҳриддин пас аз се рӯзи заминларза ба зодгоҳи худ - деҳаи Уштурпаст омад. Тавре ки ӯ ба ёд меорад, як рӯз пеш аз фоҷеа ӯ бо набераи дӯстдоштааш Абдуғанӣ бо телефон гап зада буд.
Писарчаи сесолаи ҳамеша хушҳол ва кунҷков бо саволҳои соддаи худ бобояшро мутаассир карда буд:
“Бобоҷон, вақте ки калон шавам, ман ҳам трактор ронда метавонам?”. Баҳриддин бо табассум ҷавоб дод: “Албатта метавонӣ, танҳо мисли падарат эҳтиёткориро фаромӯш накун”.
Гап сари он аст, ки ин хонавода трактори худро доранд. Дар он рӯзи наҳс Шаҳриддин, писари Баҳриддин мехост заминро шудгор кунад ва ҳамсарашро огоҳ кард, ки кӯдаконро дуртар барад. Кӯдакон дуртар рафта, зан бо духтарчааш ба хона даромаданд.
Ин лаҳза замин ҷунбид. Девори лойӣ ё худ похсадевори хона ба дарун афтода, зан ва кӯдакро пахш кард. Қисми дигари девор, ки он ҷо кӯдакон бозӣ доштанд, ба берун афтода, Абдуғании хурдсол зери он монд...
Вақти нақли ин ҳодиса Баҳриддин ашки чашмонашро пок карда, нафаскашиаш вазнин мешавад. Қалби ӯ пурдард аст.
Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор кӯдаконро ба назди хешовандону пайвандон фиристоданд.
“Онҳо баргаштан намехоҳанд. Тарсу ваҳшате, ки онҳо аз сар гузарониданд, захмҳои амиқ гузошт, ки наметавонанд фаромӯш кунанд”,-мегӯяд Баҳриддин.
Келин, ҳамсари Шаҳриддин, ки зери харобаҳо ҷароҳати ҷиддӣ гирифт, бо чархбол ба Душанбе бурда шуд.
“Ҳамсар ва писари ман ҳам дар онҷоянд. Келинам ҳоло хабар надорад, ки писари сесолааш ҳалок шуд. Ин барои ӯ зарбаи вазнине мешавад”, - мегӯяд Баҳриддин, ки базӯр эҳсосоти худро нигоҳ медорад.
Баҳриддин ба назди харобаҳои хона меояд. Миёни харобаҳо ӯ соати девориро меёбад. Он гӯё шоҳиди фоҷеа буда, расо соати 9:20 - лаҳзаи заминларза аз ҳаракат бозмондааст.
“Аз ҳамин вақт ин ҷо дигар гузашта аст”, - мегӯяд Баҳриддин.
Гирду атроф ҳама тахриб шудааст. Биноҳои аз лой сохташуда тахриб шуда, танҳо як хона, ки аз блокҳои газӣ сохта шудааст, комилу бутун боқӣ мондааст. Ин ҷо дар ду хонаи хурдакак аҳли оила зиндагӣ мекунанд.
“Ҳозир дар деҳаи Зарангар ба мо қитъаи замин ҷудо карданд. Мо ҳоло дар хайма байни харобаҳо зиндагӣ дорем”, - мегӯяд Баҳриддин.
Роҳи хокии соҳили ин дарё ба Уштурпасти баландкӯҳ мебарад, ки он ҷо ҳозир танҳо як хона ҳаст. Акнун дар харита номи ин қишлоқ дигар зикр намешавад, зеро ҳамаи сокинони онро ба ҳамворӣ мекӯчонанд. Дар поёни деҳа дарёи Шӯрак равон аст. Он аз кӯҳҳо, ки захираҳои намак дорад, сарчашма мегирад.

Баҳриддин аз ҳукумат миннатдор аст, зеро намояндагони қариб ҳамаи сохторҳо ба Уштурпаст омада, бо ғизо ва хидматрасонии тиббӣ кумак карданд.
Ягона чизе, ки дилҳоро азият медиҳад, дард аз талаф додани кӯдак аст, ки ба ин зудиҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Дар харобаҳои Уштурпаст
Рӯзе, ки заминларза рух дод, Назаралӣ ба таъмири қуттӣ барои занбӯриасал машғул буд. Писаронаш дар анборхона (оғил) буданд ва барои ӯ масолеҳ меоварданд.
Ногоҳ замин ларзида, ӯ садоеро шунид, ки ба гулдурроси раъду барқ монанд буд. Девори анборхона на ба дарун, балки ба берун афтода, кӯдакон фурсат ёфтанд, ки давида ба берун бароянд.
Вақте Назаралӣ бовар ҳосил кард, ки кӯдаконаш тинҷанд, ба хонаи ҳамсояаш шитофт. Дар ҳуҷраи тахрибшуда ҳамсари Шаҳриддин зери ду пораи калони девор монда буд.
Писарони Назаралӣ ҳам ба ёрӣ омаданд. Дар ин бесарусомонӣ онҳо на белу на ягон чизи дигаре ёфтанд, ки занро берун кашанд. Тӯдаи харобаҳоро бо дастонашон мебардоштанд.
Зан ба худ омада, гирду атрофро нигоҳ кард ва пеш аз ҳама пурсид, ки кӯдаконаш дар куҷоянд.
Ин дам аз ҳуҷраи тархрибшуда фарёди кӯдак шунида шуд. Ҳама ба он ҷо шитофта, духтарчаи хурдсоли Шаҳриддинро аз зери харобаҳо берун гирифтанд. Наҷоти Абдуғанӣ муяссар нашуд, вақте ки ӯро аз зери харобаҳо берун гирифтанд, аллакай ҳалок шуда буд.
Аз кӯҳҳо санг фаромада, роҳ баста шуд. Назаралӣ ва писаронаш онро дастӣ тоза карданд, ки вақти зиёдеро гирифт. Аз баландӣ ба соҳили дарё фаромада, маҷруҳонро бо дигар мошин ба беморхона фиристоданд.
Наҷотёбӣ тариқи тиреза: қиссаи занон аз Лангари Шоҳ
Дар Лангари Шоҳ замин ногаҳон ҷунбид. Ҳамааш дар як лаҳза рух дод.
Зани калонсол Сабоҳат Абдусаидова он лаҳзаи даҳшатнокеро, ки замини зери пояш ба ин тарафу он тараф ҳаракат кардан оғоз намуд, наметавонад фаромӯш созад.
“Барои мани 75-сола ин душвор буд, - мегӯяд Сабоҳат. - Ман аз ҷоям хеста, боз дарҳол афтодам, намфаҳмидам, ки чӣ гап аст”. Вақте ки ин лаҳзаро ба ёд меорад, овози зан меларзад. Якбора гум кардани такягоҳ ва эҳсоси тахриб шудани тамоми сайёра, - маҳз ҳамин гуна тасвир мекунад ӯ тарсу ваҳми худро.
Ҳамсояи ӯ Нуқра он замон дар хонаи худ буд. Хонаи ӯ ҳам ба мисли бисёре аз дигар манзилҳо аз фалокати табиӣ эмин намонд:
“Замин хеле сахт меларзид.иМан дидам, ки дар ҳуҷраи дигар деворҳо ба мисли саҳифаи китоб кушода мешуданд (тарқишҳо пайдо мешуданд)”.
Тарсу ҳарос ва воҳима, хоҳиши табиии наҷотёбӣ ва ҷаҳиш тариқи тиреза ягона роҳи ҳалли кор буд.
“Ҳозир мо метарсем, ки ба хонаҳо дароем”, - мегӯяд Нуқра.
Вақте ки ӯ дар ниҳояти кор ба кӯча баромад, ҳамон пораи бузурги девори лойӣ ба ҷойе афтод, ки чанд сония пештар ӯ дар ҳамон ҷо қарор дошт.
“Садо хеле гӯшхарош буд, мегӯяд ӯ. - худи манзара бошад... ман бовар надоштам, ки ҳоло ҳам зиндаам".
Нуқра барои паноҳёбӣ аз тахрибҳо ба сӯйи полиз медавад. Дере нагузашта ҳамсоязан ҳам, ки барои ба кӯча баромадан фурсат ёфта буд, ҳамроҳ мешавад. Онҳо аз тарс шах шуда, намефаҳмиданд, ки чӣ ҳодиса рух додааст.
“Ҳозир мо метарсем, ки ба ҳуҷраҳо дароем, - идома медиҳад ӯ. - Ҳамаи чизу чораи рӯзгори мо дар кӯча аст. Мо дар хаймае, ки кормандони ҳукумат доданд, зиндагӣ дорем”.
Абуил Ҷӯраев, шавҳари Нуқра он рӯз бо хатсайри Навобод - Ғарм сафар дошт. Ногаҳон ҳис кард, ки мошинаш бардорузан мекунад. Аввал ӯ фикр кард, ки ҳавои чархи мошинҳо баромадааст, лекин сипас ҳамаашро фаҳмид.
Абуил ба хонааш шитофт, то ки аз вазъи хонаводааш огоҳ шавад.
“Хона вайрон шуда, лекин ҳамсар ва кӯдаконам дар кӯча буданд. Муҳимаш, ҳамаи онҳо сиҳату саломат буданд”, - мегӯяд ӯ.
Файзалӣ, ҳамсояи Абуил ҳам аз тахриби хонаи худ мегӯяд. Таҳкурсии хонаи ӯ мустаҳкам буда, лекин девори лойӣ тоб наовард. Манзили ӯро ба рӯйхати хонаҳои қисман зарардида дохил карданд.
Ҷашне, ки бо заминларза қатъ шуд
Осебдидагони деҳаҳои баландкӯҳ аз заминҷунбиро ба Зарангак мекӯчонанд, ки дар ҳамвории соҳили ҷануби дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Дар ин ҷо манзилҳои замонавии ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳои баланди бехатарӣ сохта мешаванд.
Ба ҳар як хона 8 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ илова мешавад, ки барои оғози зиндагии нав шароити бароҳат фароҳам меоварад.
Ҳамон рӯз дар Ғарм Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Аз тамоми гӯшаву канори Рашт мардум ба маркази ноҳия мешитофтанд. Майдону кӯчаҳои шаҳрак пур аз ҳаёту шавқ ва тантанаву хурсандӣ пур буд.
Дар макони ҷашн раиси ноҳия Заррина Идизода барои ифтитоҳи ҷашн ба минбар боло шуд. Ва дар ҳамин лаҳза замин ларзид. Минбар алвонҷ хӯрда, Заррина базӯр худро аз афтидан нигоҳ дошт.
Сипас мавҷи дуюм омада, таҷлили ҷашн қатъ шуд. Дар майдон хомӯшӣ ҳукмфармо гашта, садои тарсу ваҳми одамон шунида мешуд.
Баъдан аз Душанбе зангҳо расида, супориш дода шуд, ки барои рафъи оқибатҳои заминларза ситоди фаврӣ таъсис дода шавад. Дар ҳукуматҳои Рашт ва Тоҷикобод кори пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифт.
Аз пойтахт якчанд комиссия, аз ҷумла таҳти раҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба ноҳия омаданд.
Одамон шукр мегӯянд, ки заминҷунбӣ рӯзона рух дод. Агар он шабона мешуд, теъдоди осебдидагон бамаротиб зиёд мешуд.
Зимни суҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” Заррина Идизода ва муовини якуми ӯ Ҳамдулло Шарифзода дар бораи чӣ гуна ташкил кардани кумак ба осебдидагон изҳори назар карданд.
Дарҳол пас аз фоҷеа маводи ғизойӣ, хайма ва сипас барои барқарор намудани иншооти тахрибгардида масолеҳи сохтмон оварда шуданд. Аммо аксри деҳаҳо дар баландкӯҳ, масофаи 25-30 километр дуртар аз марказ ҷойгиранд, ки расонидани кумакро душвор мекард. Барои ин мошинҳои махсус истифода шуданд.
Ба гуфтаи онҳо, маҳаллаҳои аҳолинишини осебдидаи дур аз ҳамдигар ва маркази ноҳия бисёр вақт зери хатари доимии заминларза қарор мегиранд, ки барои зиндагӣ боварибахш нестанд.
Геологҳо вазъро дақиқан омӯхта ба чунин хулосаи ягона расиданд, ки деҳаҳо барои ҳаёт мувофиқ нестанд, зеро ба хавфҳои зиёди зилзила осебпазиранд. Барои таъмини бехатарии сокинони маҳаллӣ тавсмим гирифта шуд, ки онҳоро бояд кӯчонанд.
Деҳаи Зарангак, ки дар ҳамвории назди соҳили ҷанубии дарёи Сурхоб воқеъ аст, хонаи нави онҳо хоҳад буд.
Дар ин ҷо манзилҳои замонавии ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳои баланди бехатарӣ сохта мешаванд. Иҷрои корҳои сохтмонро вазорату идораҳо давлатӣ ва ташкилотҳо ба дӯш гирифта, танҳо аз маводи мустаҳкам ва боэътимод истифода хоҳад шуд.
Ҳамааш қатъияни тибқи нақша ва тавсияҳои меъморон бо назардошти талаботи тобоварӣ ба зилзила анҷом дода хоҳад шуд. Ба ҳар як хона 8 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ илова мешавад, ки барои оғози зиндагии нав шароити бароҳат фароҳам меоварад.
Лочинбек Маҳмадов, раиси ҷамоати Хичборак, ки Уштурпаст ҳам ба он мансуб аст, хабар дод, ки дар ҷамоат зиёда аз 7 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекунанд.
Сокинони деҳот ҳамаи кумаки заруриро гирифтанд, дар навбати аввал ғизо ва ёрии тиббӣ. Як зан ба беморхонаи Қарияи Боло ба Душанбе бурда шуда, боз 6 нафари дигар дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шуданд.
Се нафар аз онҳо аллакай ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд.
Тоҷикобод пас аз заминҷунбӣ барқарор мешавад
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ёрӣ хеле зуд ба ҷойи ҳодиса омаданд, то ки расонидани кумак ва дигар ҳама чизи заруриро ташкил кунанд.
Ин на танҳо як кумаке иборат аз хӯроку об набуд, балки дастгирие дониста мешуд, ки чунин маъно дошт: “Шумо танҳо нестед”.
Дар Тоҷикобод, ки акси садои заминларзаи харобиовар то ҳол хомӯш нашудааст, ҳаёт ба маҷрои муқаррарии худ бармегардад.

Раиси Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода дар бораи оғози сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагон хабар дод. Хишт ба хишту хона то хона на танҳо мукаммалии воқеии деҳаҳо, балки рӯҳияи маънавии одамоне, ки чизи бисёреро талаф доданд, барқарор мешавад.
Ба гуфтаи Фақерзода, аксари вазорату идора ва мақомоти ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои анҷоми корҳои барқарорсозӣ масъулият ба дӯш гирифтанд. Масалан, дар деҳаҳои Кӯл, Анваробод ва Сафедоб 10-хонагӣ ва дар Ганишоб - 3 хона сохта мешаванд.

Кору чорабиниҳоро Ситод оид ба рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода назорат ва танзим мекунад.
Акнун дигар бе лой месозанд
Пас аз фоҷеа мақомот сохтмони хонаҳоро аз лой дар минтақаҳои аз нигоҳи зилзила хавфнок манъ карданд.
Сокинони маҳаллӣ аксар вақт хонаҳояшонро худашон мустақилона месозанд, ки дар шароити фаъол будани зилзила ба харобӣ ва фоҷеаҳо оварда мерасонад.
Акнун мақомот риояи меъёр ва қоидаҳои сохтмонро қатъиян назорат мекунанд.
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки сохтмони иншоот дар минтақаҳои аз лиҳози зилзила, заминҷунбӣ ва фалокатҳои табиӣ хавфнок маҳдуд карда мешавад. Ин заминҳо ҳарчанд зебо бошанд ҳам, дигар бароит манзил пешбинӣ намешаванд.
Мақомот ба як ҷанбаи муҳими дигар - истеҳсоли масолеҳи сохтмон низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ба ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон расонидани масолеҳи сохтмон аксар вақт хароҷоти зиёд талаб мекунад.
Барои паст кардани нархи сохтмон ва суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ, тасмим гирифта шудааст, ки дар маҳалҳо корхонаҳои истесҳоли сементу хишт сохта шаванд. Ин ҷараёни сохтмонро сабук карда, барои аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои корӣ муҳайё месозад.
Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани ба зилзила тобовар будани хонаҳо дар кишвар, таҳияи барномаи дастгирӣ аз ҷониби давлат тавсия дода шудааст. Сарфи назар аз хароҷоти зиёди сохтмон барои хона ва биноҳои мустаҳками ба зилзила тобовар, ин ба бисёре аз хонаводаҳо дар минтақаҳои хавфнок ба зилзила имкон медиҳад, ки бехатарии хонаҳои худро беҳтар созанд.