Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав қонунеро имзо кард, ки муҳоҷирони кирокашро водор мекунад, пойтахти Русияро омӯзанд.
Ҳоло ронандагони таксӣ бояд бидонанд:
- дар куҷо истгоҳҳои метро, роҳи оҳан, беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои ҳукуматӣ ва фарҳангӣ ҷойгиранд;
- чӣ тавр ба ин биноҳо метавон рафт;
- дар ҳолати изтирорӣ чӣ кор бояд кард;
- тартиби интиқоли мусофирон ва коло чӣ гуна аст.
Тибқи муқаррароти нав, ронандагони кирокаш дар Маскав аз санҷиш мегузаранд ва барои надонистани маълумоти зикршуда, ронанда 5 ҳазор рубл ҷарима мешавад.
Ҳамчунин, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург нақша дорад, то охири соли 2025 фаъолияти хориҷиёнро ба ҳайси кирокаш ва колорасон манъ кунад.
Лоиҳаи қарори мазкурро Александр Беглов, шаҳрдори Санкт-Петербург дар сомонаи ҳукумати ин шаҳр нашр кардааст.
Дар он зикр мешавад, ки аз 1-уми июли соли 2025 фаъолияти хориҷиён дар бахши кирокашӣ ва колорасонӣ дар ҳудуди ин шаҳр манъ карда мешавад. Ин маҳдудият ба тамоми ширкатҳо ва ташкилотҳое, ки дар Санкт-Петербург фаъолият мекунанд, дахл дорад.

Ҳамчунин талаботи иловагӣ барои колорасонҳо муқаррар мешавад, аз ҷумла:
- маҳдудияти суръати ҳаракат — на бештар аз 15 км/соат барои скутерҳо, дучархаҳои барқӣ ва дигар воситаҳои мобилии хурд;
- муайян кардани минтақаҳои иҷозатдодашуда ва мамнӯъ барои ҳаракат;
- талабот ба намуди зоҳирӣ;
- ҳатмӣ будани гузоштани рақами шинохти колорасон ба либос ва нақлиёт.
Илова бар ин, корфармоён муваззаф мешаванд, ки феҳристи муфассали колои таҳвилшударо тартиб диҳанд ва ҳифз кунанд. Дар он бояд маълумоти шахсии колорасон, аз ҷумла суроғаи бақайдгирӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва маълумот оид ба патент низ зикр карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯз аз рӯз барои фаъолияти муҳоҷирон дар қаламрави худ қоидаҳо ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад. Аз ҷумла, чанде пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро, ки муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, то мақомоти рус тавонанд аз макони ҷойгиршавии онҳо огоҳ бошанд, имзо кард.
Пештар аз ин, Русия муқаррар кард, ки шуруъ аз 30-юми июни соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.



Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста